ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ПАЁМ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ МАОРИФ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ПАЁМ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ МАОРИФ

07 феврал 2025, Ҷумъа
19
0


Мо – омӯзгорон, ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" бесаброна мунтазир мешавем ва чун дар онҳо сухан дар мавриди соҳаи маориф меравад, хеле шод мегардем. Зеро соҳаи маориф дар сиёсати Роҳбари давлати мо дар мадди аввал қарор дошта, зимни ироаи ҳар як Паём дар он барои мо – аҳли маориф, албатта, ягон навгонии фараҳфизое ҷо дорад. 
Президенти ҷумҳурӣ зикр карданд, ки бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида “бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон... дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд”.
Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф шуданд, ки дар давраи зикршуда барои дар ҳар як маҳали аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, барои бунёди як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ин дастури Сардори давлат ба он хотир муҳим мебошад, ки кӯдак аввалин таълиму тарбияро баъд аз оила, маҳз аз кӯдакистон мегирад. Кӯдакистон барои кӯдакон макони рушди зеҳнӣ, аз худ кардани ахлоқи ҳамида, мутобиқ шудан ба фазои ягонаи ҷамоа, касби таҷрибаҳои аввалини ҳунаромӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ маҳсуб меёбад. 
Дар масъалаи таҳсил дар боргоҳҳои илмомӯзии ҷаҳонӣ гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Алҳол 42 ҳазору 400 ҷавони тоҷикистонӣ дар он кишварҳо илм меомӯзанд. Аз ин шумора 13 ҳазор ё беш аз 30 дарсади онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Воқеан, забондонӣ ҷаҳондонист. Сардори давлат дар алоқамандӣ ба ин масъалаи муҳим зикр карданд, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба ин гуна мутахассисон рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Аз ин рӯ, бояд омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки “ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад”.
Пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро Сарвари давлат аз шарофати мактабу маориф ва илму дониш дониста, таъкид карданд, ки тавъамсозии илмро бо амалия ва маҳорати ихтироъкориро сайқалу густариш бояд дод. 
Пешвои миллат, инчунин, таъкид намудаанд, ки ҳамеша ба мактаб ва низоми маориф бояд рӯй биёрем, то миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда нагарданд.
Маҳз барои ҳамин аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи илму маориф эътибори махсус медод ва медиҳад.
Ҳамаи ин дастгириҳо, башоратҳо оид ба рушди беш аз пеши соҳаи маориф ба мо – омӯзгорон, махсусан омӯзгорони ҷавон болу пар бахшида, дасту диламонро ба кор ба хотири рушди соҳа ва ҳам пешрафти Тоҷикистони азиз ва боз ҳам боло рафтани нуфузу эътибори муаллим дар ҷомеа гармтар мекунад. 

Ш. МУРОДОВА, 
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ 
ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии Бохтар 
ба номи Носири Хусрав

Санаи нашр: 07.02.2025 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив