КӮШОНИЁН. СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ВОБАСТА БА ИНТИХОБОТ
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён таҳти роҳбарии Махфират Хидирзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот ширкат доштанд.
Гуфта шуд, мақсади асосӣ баланд бардоштани малакаи корбарии аъзои комиссияҳои интихоботӣ, фаҳмондани мазмуну муҳтавои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи интихобот, дастурамалҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот мебошад.
Комиссияҳои интихоботӣ бояд ваколатҳои худро қатъиян дар асоси талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда, барои сари вақт омода кардани ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ба итмом расондани маъракаи барӯйхатгирии интихобкунандагон, дастрас гардондани хабарномаҳо дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ, таъмини мавод оид ба тартиби иштирок дар интихобот ва тарзи нави овоздиҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Зеро, чуноне Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: "Интихоботи дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд".
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
«СОМОН ЭЙР». ШУМОРАИ ПАРВОЗҲО АЗ ДУШАНБЕ БА ТЕҲРОН ЗИЁД ШУД
Аз 3-юми феврали соли 2025 замони парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон тағйир ёфт, акнун парвозҳо рӯзона анҷом меёбанд. Яъне, вақти парвоз аз Душанбе соати 10:00 ва аз Теҳрон соати 12:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин, аз 5-уми марти соли ҷорӣ Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзҳои чоршанбе низ парвозҳоро дар ин масир иҷро мекунад ва ин ба афзоиши гардишгарӣ байни Тоҷикистону Эрон мусоидат менамояд. Парвоз аз Душанбе соати 14:00, аз Теҳрон соати 16:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ мебошад. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба самти Теҳрон 2 соату 50 дақиқа ва дар бозгашт 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, аз 5-уми март Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Теҳрон ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва чоршанбе парвозҳоро тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом медиҳад.
– Дар доираи музокироти сарварони ду давлат: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён дар шаҳри Душанбе, ҷонибҳо таҳким ва густариши равобити дуҷонибаро муҳим арзёбӣ карданд. Дар робита ба ин, мо бо хушнудӣ аз афзоиши шумораи парвозҳо дар масири Душанбе-Теҳрон иттилоъ медиҳем. Ин қарор бозгӯи таваҷҷуҳи рӯзафзун ба тақвияти муносибатҳои байни кишварҳоямон мебошад. Низоми бераводид миёни Тоҷикистону Эрон барои мусофирони хатсайрҳои ҳавоӣ, бешубҳа, ба фаъол шудани гардишгарӣ, табодули фарҳангӣ ва тиҷоратӣ мусоидат намуда, сафари мусофирони моро боз ҳам қулайтар мегардонад. Мо мекӯшем барои ҳар нафаре, ки ширкати моро интихоб менамояд, сатҳи баланди хизматрасонӣ ва эътимоднокиро таъмин намоем, – иброз дошт Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати «Сомон Эйр».
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
БӮСТОН. БА ШАҲРАКИ ПАЛОС ОБ ОМАД
Дар шаҳри Бӯстон бо ҷалби сармояи хориҷӣ ду мушкили иҷтимоӣ ҳаллу фасл шуд. Бо татбиқи Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва безараргардонӣ” масоили тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳои шаҳр пурра ҳал гардид. Тавре Фирӯза Нуруллозода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон, дар суҳбат иброз дошт, амалӣ шудани Лоиҳа шароит фароҳам овард, ки кӯчаю хиёбонҳо, гулгаштҳо, боғҳои фароғатӣ, пиёдагардҳо ва майдонҳои назди манзилҳои исиқоматию ташкилоту муасиссаҳо ҳамеша тозаю озода нигоҳ дошта шавад.
Лоиҳаи дигар “Барқарорсозии шабакаи оби нӯшокии истифодаи умуми Ҷамоати шаҳраки Палос” мебошад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ бошандагони шаҳрак аз нарасидани оби ошомиданӣ мушкилӣ мекашиданд ва акнун бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки беш аз 17 миллион сомониро ташкил медиҳад, наздики 5 ҳазор аҳолии шаҳрак ба таври доимӣ бо об таъмин шуд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.02.2025 №: 30