ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ДЕҲОТИ НОҲИЯ
Бо ибтикори прокуратураи ноҳияи Файзобод ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар шаҳраку деҳот вохӯриҳои судманд доир гардиданд.
Хусрав Мирализода, прокурори ноҳия, зимни вохӯриҳо ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунармандӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ, пешгирии қонуншиканӣ сухан гуфта, иброз намуд, ки Паёми Сарвари давлат ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва барномаи роҳнамо рушди минбаъдаи ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро дар бар мегирад.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардондани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ месозад. Ба гуфтаи прокурори ноҳияи Файзобод, мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сиёсати бунёдкорона ва инсонмеҳварии Пешвои муаззами миллат шаҳодат медиҳад ва моро барои иҷрои амалҳои созанда дар роҳи рушду ободии Ватани азиз ва расидан ба дастовардҳои боз ҳам шоиста ҳидоят месозад.
Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти ноҳияи Файзобод идома доранд.
Ҳокими САФАР, Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Санаи нашр: 17.02.2025 №: 37