ҶУДО

17 феврал 2025, Душанбе
10
0


Ду медал аз Боку
Паҳлавонони кишвар– Абубакр Шеров ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар Гранд-слами Боку медали биринҷӣ гирифтанд.
Мусобиқа 14-16-уми феврал бо иштироки 258 варзишгар аз 36 давлат доир гашт. Ҷумҳурии моро шаш нафар намояндагӣ карданд.
Абубакр дар вазни -73 кг бар намояндагони Ховатия (Роберт Клакар), Ҷумҳурии Корея (Донгҳун Бае) ва Ҷопон (Рюга Танака) пирӯз шуда, ба нимфинал баромад, вале дар ин давр аз намояндаи кишвари мизбон Рашид Мамадалиев мағлуб гашт. Абубакр Шеров сипас дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм паҳлавони гурҷӣ Гиорги Чихелидзеро шикаст дод.
Ҷаҳонгир дар вазни -100 кг дар ду давр бар намояндагони Маҷористон (Кристиан Тот) ва Ӯзбекистон (Рустам Шораҳматов) дастболо шуда, дар нимфинал аз Дота Арайи ҷопонӣ мағлуб гашт. Сипас, дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм бар намояндаи тими IJF Мухамед-Алӣ Матаев пирӯз шуд.
Паҳлавонони дигарамон дар вазни -81 кг Сомон Маҳмадбеков ҷойи панҷум, Беҳрӯз Хоҷазода ҷойи ҳафтумро гирифтанд.


Чор медал аз Тунис
13-16-уми феврал дар Тунис Ҷоми кушоди Африқо оид ба ҷудо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд.
Ҷумҳурии моро дар се синну сол 11 варзишгар намояндагӣ карда, ба гирифтани 4 медал мушарраф шуданд. Миёни ҷавонон Магомед Фармонбеков дар вазни -66 кг медали тилло, Ворис Назаров дар вазни -73 кг медали биринҷӣ гирифтанд. Рошид Неъматов (-73 кг) миёни наврасон ва Илҳомиддин Ҷабборов (-81 кг) миёни калонсолон ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гаштанд.  


ТОҶИКИСТОН
Рӯзи ҷаҳонии футбол бошукӯҳ таҷлил мешавад
Дар маҷмааи «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо лигаҳои футбол, федератсияҳои минтақавии футбол, инчунин клубҳои лигаҳои олӣ ва якум баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ чорабиниҳое, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол ба нақша гирифта шудаанд, эълон гардид.
Имсол Рӯзи ҷаҳонии футбол давоми як ҳафта – аз 19 то 25-уми май таҷлил мешавад. Ҷашнвораи асосии футбол 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ширкати беш аз 500 кӯдак доир хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки 7-уми майи соли гузашта Ассамблеяи генералии СММ бо қабули қатънома 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.


САМБО
Муваффақияти паҳлавони тоҷик дар Минск
Ғуломшо Давлатназаров дар мусобиқаи XXIX байналмилалии самбо барои ҷоизаҳои Президенти Беларус, ки 11-12-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.
Дар ин мусобиқа беш аз 200 варзишгар аз нуҳ кишвар иштирок карда, барои ҷоизаҳо дар 21 вазн (7 вазн миёни мардон, 7 вазн байни занон ва 7 вазни самбои размӣ) мубориза бурданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чор варзишгар (ду нафар дар самбои варзишӣ ва ду нафар дар самбои размӣ) намояндагӣ карданд. Аз байни онҳо танҳо Ғуломшо Давлатназаров дар самбои размӣ (-64 кг) медали биринҷӣ гирифт.


МАЪМУРИЯТ
ШОО “World Camelids Sports”-ро расман эътироф кард
Шурои олимпии Осиё (ШОО) Созмони “Варзиши ҷаҳонии пойгаи уштурҳо”-ро бо дархости президенти ин Созмон, шоҳзода Фаҳд ибни Ҷалавӣ ибни Абдулазиз оли Сауд ҳамчун мақоми расмии роҳбарикунандаи пойгаи уштур дар Осиё эътироф кард.
Шоҳзода Фаҳд ибни Ҷалавӣ, ки ҳамзамон ноиби президенти Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Саудӣ мебошад, изҳор доштааст, ки WCS уҳдадор аст, пойгаи уштурро ба як намуди варзиши байналмилалӣ табдил диҳад.
“Рушди варзиши ҷаҳонии пойгаи уштурҳо дар чанд соли охир назаррас буд. Феълан беш аз 60 федератсияи узвияти WCS-ро доранд”, - гуфтааст шоҳзода Фаҳд.
Ташкилоти “Варзиши ҷаҳонии пойгаи уштурҳо” як мақоми расмии роҳбарикунанда аст, ки тақвими байналмилалии мусобиқаҳои пойгаи уштурро идора ва системаи ягонаи радабандии байналмилалиро ҳам барои мардон ва ҳам занон назорат мекунад. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, 
“Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 17.02.2025 №: 37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив