ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ

ВАРЗИШ

18 феврал 2025, Сешанбе
10
0


ТАҚДИМИ ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВАРЗИШГАРОН
17-уми феврал зимни як чорабинии тантанавӣ 46 варзишгари комёбу муваффақи кишвар ва мураббиёнашон, ки соли 2024 ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гардиданд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шуданд.
Бо ин мақсад, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 787 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Аз ҷумла, Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) барои медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё 325 000 сомонӣ, Темур Раҳимов (ҷудо) барои медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпӣ ва Чемпионати Осиё 225 000 сомонӣ, Давлат Болтаев (бокс) барои медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ 200 000 сомонӣ, Абдулмаҷид Кудиев (гӯштини тарзи озод) барои медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон 100 000 сомонӣ, Амирҷон Бобоҷонов (қайиқронӣ) барои медалҳои тилло дар Чемпионати Осиё (ду масофа) 150 000 сомонӣ, Акмал Убайдов барои медали тиллои Чемпионати Осиё 75000 сомонӣ, Виктор Рассадин, Мустафо Ахмедов (ҳар ду – гӯштини тарзи озод), Парвиз Каримов (бокс) барои медали нуқраи Чемпионати Осиё 50000-сомонигӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҷудо), Аҳмадҷон Саидов, Шаҳобҷон Шукуров, Шуҳрат Саломатов (ҳар ду – бокс) 25000-сомонигӣ дарёфт карданд.  
Ёдрас мекунем, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шудааст ва ҳар сол беҳтаринҳо ҳавасманд мегарданд.
Ҳамчунин, дар ин маросим беҳтаринҳои соҳа дар соли 2024 эълон гардиданд. Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Давлат Болтаев беҳтарин варзишгарони сол, Лоиқ Қутбиддинов барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон – беҳтарин варзишгари ҷавон, Фариза Абдуллоева барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё миёни наврасон – аз рӯйи намудҳои олимпӣ ва Ясмина ан-Нимр– чемпиони ҷаҳон оид ба бодибилдинг аз рӯйи намудҳои ғайриолимпӣ беҳтарин варзишгарбонуи сол дониста шуданд.  


ВОЛЕЙБОЛ
Ҷоми раиси шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Модар
15-уми феврал бахшида ба Рӯзи Модар (8-уми март) мусобиқаи кушоди волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе оғоз гардид. 
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа, ки дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат гирифт, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки саҳми модарони тоҷик дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандон дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва таъмини иштироки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ қобили таҳсин аст. Давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳар варзишгарзан таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса дорад. Бинобар ин, ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхориҳо пайваста барои шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол занон низ дар қатори мардон ва чун шарики боэътимод дар кулли чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ бо саҳмгузорӣ ва иштироки фаъолона, хираду заковат ва матонату диловарӣ намунаи ибрат мебошанд.
Мусобиқа байни 40 даста – варзишгарони касбӣ ва ғайрикасбӣ (дастаҳои ташкилоту идораҳо) то 6-уми март идома меёбад.


ҶУДО
Мусобиқаи навбатӣ – Гранд-слами Тошкент
Мусобиқаи навбатии “Сайри ҷаҳонии ҷудо” Гранд-слами Тошкент мебошад, ки ҷумҳурии моро 17 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард.
Мусобиқа аз 28-уми феврал то 2-юми март сурат мегирад ва то имрӯз ҷиҳати ширкат дар он 265 варзишгар аз 24 давлат (ин шумора шояд тағйир ёбад) номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 17 нафар (13 мард, 4 зан)-ро ба ин мусобиқа хоҳад фиристод: Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Умар Шеров (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (-73 кг), Суннатулло Мусоев, Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Умедҷон Раҷабов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг), Аҳлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг), Виктория Кисилёва (+78 кг).
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар ин мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло гирифта буд.

Санаи нашр: 18.02.2025 №: 38
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив