ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ. БАРРАСИИ ҶАНБАҲОИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ИНТИХОБОТ ДАР ДМТ
Бо ибтикори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он доираи васеи коршиносон ва устодону кормандони Донишгоҳ ширкат варзиданд.
Дар оғоз ректори Донишгоҳ профессор Эмомалӣ Насриддинзода интихоботро яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаи демократӣ арзёбӣ намуда, гуфт, ки иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ нишони бетараф набудан дар идоракунии ҷомеа аст.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода интихоботро ифодакунандаи иродаи халқ номида, дар иртибот ба интихоботи қарибулвуқуъ иброз дошт, ки 30 фоизи номзадҳои пешниҳодшударо бонувон ташкил медиҳанд ва ин падидаи муҳим мебошад. Яъне, ширкати бонувон дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолтар шудааст. Айни замон корҳои ташвиқотиву таблиғотӣ ҷараён доранд ва дар ин самт ҳама имконоти баробарро соҳибанд.
Дар идома муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода аз вижагиҳои қонунгузорӣ вобаста ба интихобот ҳарф зада, риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар рафти интихоботро шарти муҳим донист.
Дар ҳамоиш, инчунин, вобаста ба принсипҳои интихоботу тарзи иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ устодони Донишгоҳ табодули афкор намуданд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»