ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. 2024 СОЛИ БОБАРОР ВА МОНДАГОР БУД

ВМКБ. 2024 СОЛИ БОБАРОР ВА МОНДАГОР БУД

19 феврал 2025, Чоршанбе
17
0


Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот  дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар соли 2024  гуфт, ки  соли 2024 барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят соли бобарор ва пур аз комёбиҳои беназир ба шумор меравад. Бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  заҳмати сокинони шарафманди диёр ҳамаи чорабиниҳои банақшагирифташуда дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва ҳамгироии иҷтимоии кулли ҷомеа баргузор шуданд. 
Аз ҷумла, бо ширкати аъзоёни Ҳукумат, доираҳои сармоягузорию тиҷоратии дохилию хориҷӣ дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест-2024” баргузор гардид, ки дар он ба маблағи  зиёда аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ шартномаҳо ҷиҳати сохтмони иншооти муҳими саноатӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок  бо сармоягузорони дохилию хориҷӣ баста шуданд. 
Раиси вилоят афзуд, аммо чорабинии муҳимтарини вилоят дар соли рафта ин ташрифи навбатӣ ва таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад, ки дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ва маърифатию фарҳангӣ баргузор гардид. Бо иштироки  Пешвои муаззами миллат ва дар доираи ин сафар зиёда аз 100 иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ ёфта, санги асос дар бунёди 5 иншооти муҳими дигар гузошта шуд.
Иҷрои нақшаи буҷети маҳаллӣ аз рӯи даромадҳои худӣ ба андозаи 107,9 фоиз ва қисми хароҷоти он  98 фоиз таъмин гардид. 
Пасандозҳои шаҳрвандон дар филиалҳои бонкҳои вилоят нисбат ба соли пеш  26,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ин аз болоравии сатҳи некуаҳволии аҳолӣ дарак медиҳад. Дар партави  супоришҳои  роҳбарияти  олии кишвар ҷиҳати вусъати саноатикунонӣ дар вилоят маҷмуи маҳсулоти саноатӣ ба 307,2 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023-юм 50,2 фоиз бештар аст.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки соли сипаришуда  ба иқтисоди вилоят 3,7 миллиард сомонӣ ворид гардида, маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 2 миллиарду 501,9 миллион сомонӣ расид, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 765,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давоми сол 120,2 га боғи нав бунёд шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 5,4 маротиба бештар мебошад.
Дар соҳаи иҷтимоӣ, ҷиҳати  беҳтар намудани шароит барои кормандони аҳли маориф ва тандурустӣ корҳои зиёд ба анҷом расиданд.
Танҳо дар соҳаи тандурустӣ 44 иншооти табобатию профилактикии вилоят навсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. 
Дар ин давра 21 муассисаи соҳаи маориф, аз ҷумла 11 муассисаи таълимӣ ва 6 муассисаи томактабӣ, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Раиси вилоят, ҳамчунин,  вобаста ба дастовардҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, сайёҳӣ ва кор бо занон ва оила ахбор пешниҳод намуд. Дар фарҷом дар доираи саволҳо ва пешниҳодҳои рӯзноманигорон  мубодилаи афкор доир гардид.
Раҳмони  ГУЛЗОР,  
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.02.2025 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив