ҚАДРШИНОСИИ БЕҲТАРИНҲОИ СОҲАҲОИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ
Дар толори Кохи Парфенон бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе доир гардид.
Чорабинӣ бо тамошои дастаҷамъонаи навори кӯтоҳи телевизионии "Душанбе – шаҳри ҷавонӣ ва дастовардҳои варзишгарон" оғоз гардид. Дар қисмати расмӣ Дилбар Одилзода ва Зулфиқор Гулаҳмадзода суханронӣ намуда, фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо арзишманд арзёбӣ карданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки бо мақсади дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи ватандӯстиву худогоҳӣ, рушди фаъолияти волонтёрӣ, фарҳангдӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чорабиниҳои мақсаднок гузаронда шуданд.
Соли 2024 бо инобати дастгириву ҳавасмандгардонии соҳа аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонону варзишгарони пойтахт ба натиҷаҳои назаррас шарафёб гардида, дар баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳм гузоштанд.
Дар идома, барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои доимӣ ва фаъолияти пурсамар дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш як қатор сохтору мақомот, ки давоми соли гузашта ҳамоҳангӣ ва саҳмгузорӣ намуданд, бо ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои рамзӣ қадр гардиданд.
Барномаи фарҳангии раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе зиннатбахши чорабинӣ гардид.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
БМТ. ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ
Чанде пеш дар доираи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъда дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, ҷаласаи корӣ доир гардид.
Зикр шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ, суғуртавӣ ва шарикони рушд дар соли 2024 як қатор чорабиниҳои омӯзишӣ-маърифатӣ, аз ҷумла тренингҳо, семинар-машваратҳо, вохӯриҳо ва фестивалҳои саводнокии молиявиро баргузор намуд, ки дар онҳо зиёда аз 148 ҳазор нафар иштирок кард. Натиҷаи мониторинги сатҳи ноилшавӣ ба нишондиҳандаҳои мақсадноки фарогирии молиявӣ нишон медиҳад, ки ҳолати нишондиҳандаҳои фарогирии молиявии ҷанбаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ба сатҳи мақсадноки пешбинишуда расидааст.
Дар рафти ҷаласа намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ табодули таҷриба намуда, фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба ҷоннок кардани ҳамкорӣ дар самти зикргардида баён доштанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”