Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи махсуси Президенти Россия 

21 феврал 2025, Ҷумъа
20


18-уми феврал вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ, ҳамраиси раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои ИДМ Михаил Швидкой вохӯрд. 
Зимни мулоқот масъалаҳои танзими Форуми зиёиён ва эҷодкорони илмӣ, ҷаласаи навбатии Шуро оид ба ҳамкориҳои гуманитарӣ, маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба барандаҳои Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод” ва Ҷоизаи байналмилалии “Иттиҳоди нахустиқдомҳо”, ки баргузории онҳо дар давраи раёсати Тоҷикистон сурат мегирад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.


ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН 
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак муҳокима шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергетика дар ҷаласаи Гурӯҳи кории муштарак оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.
Аз  Вазорати энергетика ва захираҳои об ба мо иттилоъ доданд, ки  дар  ҷаласа масъалаҳои  манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ шуданд. 
Ҷонибҳо иқтидори энергетикии Тоҷикистон ва Ҳиндустонро  муаррифӣ намуда, барои муайянсозии самтҳои ҳамкории минбаъда бо назардошти таҷрибаи бойи Ҳиндустон дар самти неруҳои барқароршавандаи энергия табодули афкор намуданд.


Баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи генералӣ
18-уми феврал дар  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазир, раиси Комиссия  Дилрабо Мансурӣ  баргузор гашт.
Дар ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоён барои солҳои 2024-2026 дар соли 2024  баррасӣ гардид.  
Дар ин бора ба мо аз хадамоти матбуоти Вазорат иттилоъ доданд.


Рафти ҳамкориҳои муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ матраҳ шуд
18-уми феврал зимни мулоқоти президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода ва сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон ҷонибҳо барои тавсеи ҳамкорӣ дар самти илм изҳори ҳавасмандӣ намуданд. 
Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории муассисаҳои илмии ду давлат, баргузор намудани конфронсу симпозиумҳо ва мизҳои мудаввари сатҳи байналмилалӣ, таъсиси парки технологӣ, ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ тарҷума намудани асарҳои арзишманди шоирону мутафаккирони барҷастаи ду мамлакат баррасӣ гардиданд. 


Ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» 
19-уми феврал дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ҷамъбаст гардид. 
Дар он аз байни муассисаҳои олии касбӣ омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафар Шариф, байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус омӯзгори Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев Абдусалом Орифов ва байни муассисаҳои миёнаи касбӣ омӯзгори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов Лутфуллои Раҳматулло сазовори ҷойи якум гардиданд. 


Тренинги омӯзишӣ оид ба мониторинги ҳуқуқҳои кӯдак 
Академияи идоракунии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) барои кормандони вазорату идораҳои давлатӣ ва мутахассисони соҳа оид ба мониторинги ҳуқуқҳои кӯдакон тренинги омӯзишӣ баргузор намуд.
Тавре аз  Академия ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, тренинг бо мақсади беҳтар намудани механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон, таҳияи ҳисоботи миллӣ, байналмилалӣ ва истифодаи усулҳои муосири ба натиҷа асосёфта ташкил шуда, мутахассисон бо истифода аз усулҳои пешрафтаи таълимӣ ба иштирокчиён малакаҳои мукаммали мониторинг ва таҳлилро дар заминаи ҳуқуқҳои кӯдакон пешниҳод намуданд.

Санаи нашр: 20.02.2025 №: 40-41