ТАНЗИМ.  АЗ ОМИЛҲОИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

21 феврал 2025, Ҷумъа
38


Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, воқеан дар таърихи қонунгузории кишвар иқдоми бемисл мебошад. Вақт ҳамчун довари бузург собит сохт, ки қабули чунин як қонун воқеан хирадмандона буда, на танҳо ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд, балки дар шароити тезу тунди ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявӣ манфиатҳои мардуми кишварро дар доираи арзишҳои миллӣ, динӣ ва башарӣ ба таври назаррас ҳифз кард ва ба яке аз дардҳои куҳнаи иҷтимоӣ даво бахшид. 
Таври маълум, анъана ва ҷашну маросим ҳамеша муносибатҳои иҷтимоиро танзим намуда, тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамояд ва ҳаёти иҷтимоии одамонро рангин мегардонад. Ҳамзамон, анъана ва ҷашну маросим дар ҳамфикрӣ, худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мероси фарҳангии миллат аҳамияти фавқулода ва муҳим доранд. Мутаассифона, тули садсолаҳои охир ба анъана ва ҷашну маросими кишварамон тағйироти зиёд ворид шудаанд, ки боиси исрофкорию хароҷоти беҳуда ва воситаи худнамоишдиҳию шуҳратпарастии баъзе ашхос гардидаанд.
Ҳарчанд баъзе аз шаҳрвандони худогоҳ ба нолозиму зиёдатӣ будани баъзе аз анъана ва ҷашну маросим боварӣ доранд, аммо зери фишори аъзои хонавода, хешовандон ва маҳалла маъракаҳои худро исрофкорона баргузор менамуданд. Ҳамзамон, як бахши зиёди аҳолӣ ҳанӯз ҳам аз моҳияту маънои аслии баргузории анъана ва ҷашну маросим пурра хабардор нестанд ва ба таври ноогоҳона ба дигарон тақлид ва пайравӣ мекунанд. Чунин исрофкориҳо ва хароҷоти беҳудаи молию пулӣ, пеш аз ҳама ба табақаи камбизоат ва эҳтиёҷманди аҳолӣ мушкилоти ҷиддӣ пеш меорад.
Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, баҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии оинҳои бегона ва ғайримиллӣ, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳои ҳисоботи расмӣ ва мушоҳидаҳо собитгари онанд, ки қабули ин қонун натиҷаҳои мусбат додааст. Бо мурури замон расму оинҳои нолозиму хурофотпарастонаи зараровар аз байн рафта истодаву маблағҳои зиёд ба манфиати мардум сарфа мегарданд, харҷи мардум барои баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим то дараҷае камтар ба назар мерасад. Аз ҳама муҳим, сол ба сол сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поён рафта, вазъи зиндагии иҷтимоии аҳолӣ беҳтар мегардад. Ҳоло ҳар нафаре, ки барои гузарондани анъана ва ҷашну маросим имконияти молиявӣ ва моддӣ надорад, бе хиҷолатмандӣ ба талаботи ин Қонун такя карда метавонад ва аз он истиқбол менамояд. 
Мутаассифона, имрӯз нафарон ва хонаводаҳое кам нестанд, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла паст будани фарҳанги ҳуқуқӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя ва иҷро намекунанд. Зарур аст, ки мутахассисони соҳа, зиёиён, рӯҳониён, омӯзгорон ва ҳуқуқшиносон бо воситаҳои гуногун мазмун ва моҳияти Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба аҳолӣ фаҳмонанд. Дар муассисаҳои таълимии кишварамон, махсусан, дар дарсҳои тарбиявӣ ба хонандагону донишҷӯён моҳияти ҳар як банди Қонуни мазкур ба таври муфассал омӯзонда шавад.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки риоя ва иҷрои меъёрҳои Қонуни мазкур дар ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, ташкили зиндагии шоиста ва сазовори аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Тоҳирҷон САЛИМОВ, 
рӯзноманигор

Санаи нашр: 20.02.2025 №: 40-41