ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН. ШАҲРУ ДЕҲОТ ДАР РӮЗИ ИНТИХОБОТ ФАЗОИ ИДОНА ДОШТАНД

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН. ШАҲРУ ДЕҲОТ ДАР РӮЗИ ИНТИХОБОТ ФАЗОИ ИДОНА ДОШТАНД

03 март 2025, Душанбе
19
0


Бо назардошти ҳудуд ва теъдоди интихобкунандагон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имсол 2 ҳавзаи якмандатӣ – ҳавзаи интихоботии Ванҷ № 40 ва ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ташкил гардид. Дар ҳудуди вилоят, ҳамчунин, доир ба интихоби даъвати нави вакилон 280 участкаи интихоботӣ фаъолият дошт. 
Дар ҳавзаҳои якмандатӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-нафарӣ номзад ба қайд гирифта шудаанд. Бинобар иттилои Арамбегим Маҳтобшоева, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии Хоруғ № 41, дар ҳавза 54587 нафар  интихобкунанда аз шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва як қисмати ноҳияи Шуғнон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 28790 нафараш зан мебошад. 1080 ҷавони  18-сола бори аввал ширкат варзид. 2452 нафар шахси имконияташ маҳдуд тариқи қуттиҳои сайёр дар манзили зисташ овоз дод. 
Тибқи иттилои раиси Комиссияи вилоятии интихобот Азорабек  Мирзобеков,  дар  шаҳру деҳоти  вилоят барои гузарондани интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят 66 ҳавза  ташкил шуда, ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ  ва  участкавӣ аз ҳисоби  шахсони барӯманд, намояндагони ҳизбҳои сиёсии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта ва  ҳамаи  қишрҳои  ҷомеа  интихоб гардиданд.  Дар умум,  159 номзад байни ҳам рақобат кард. 
Бояд гуфт, ки дар давоми рӯз интихобкунандагон  фаъолона ба участкаҳо меомаданд  ва  то  соати  16:00  қариб  75 – 80 дарсади  интихобкунандагон  ба  тарафдории  номзадҳои худ раъй доданд. 
Тибқи маълумот, дар  ҳамаи  участкаҳои  интихоботии вилоят 108713 нафар  интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки  54056 нафарашро бонувон ташкил медиҳанд. 1901 ҷавони  18-сола бори  аввал   дар  ин маъракаи муҳими сиёсӣ  иштирок менамояд.  
Хушоянд аст, ки шаҳрвандон аҳамияти ин чорабинии муҳими сиёсиро амиқ дарк намуда, дар он муташаккилона ширкат  варзиданд ва барои  пешрафту гул-гулшукуфоии диёр  овоз доданд.
Тавре котиби комиссияи  участкаи  интихоботии №1,  ҳавзаи  интихоботии  Чухтхоруғ  № 41 Алимшоев Мамадризо зикр кард, дар  ҳавза 2003 интихобкунанда  аз  маҳаллаҳои   Валдош  Гулмамад, Султони Валӣ  ва Чухтхоруғ ба қайд гирифта шудааст.
«Имрӯз  мардуми  мо ид  дорад. Дар  фазои орому осуда барои  номзадҳои  арзандаамон овоз  медиҳем. Солҳои аввали  истиқлолият маъракаи интихобот  дар  баъзе  ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ ба маъракаи зӯровариву ҷангу ҷидол мубаддал мешуд. Хушбахтона, ҳоло ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо риояи қонун ва одобу ахлоқи ҳамида доир мегарданд. Дар солҳои   90-и асри гузашта чунин  зиндагиро  орзу  ҳам  карда  наметавонистем. Сабақи  ин дарси  зиндагиро мо – насли калонсол, ба ҷавонон  бояд  расонем», – гуфт Мамадризо  Алимшоев.
Овоздиҳӣ  дар ҳавзаи  интихоботии вилоятии   “Помир-1” № 29, воқеъ дар деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон низ, муташаккилона сурат  гирифт. Аз ин ҳавза дар 8 участка ҳамагӣ 973 нафар интихобкунанда овоз медиҳад. Тавре раиси комиссияи ҳавзаи интихоботӣ Фарҳод Ҷамшедов иттилоъ  дод,  то  соати 16:00 дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ҳавза бештар аз 85 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории  номзади писанддидаашон овоз доданд.   
Ҳамин тавр, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зери назари мушоҳидони дохилӣ ва байналмилалӣ баргузор гардида, дар маҷмуъ, ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ баҳои мусбат гирифт.  

Раҳмони  ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”


ХАТЛОН.  МАРДУМ БА ОЯНДАИ КИШВАР ХУШБИНАНД
2-юми март субҳи барвақт дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ оғоз гардида, то соати 20:00 идома ёфт. Сокинон дар участкаҳои интихоботӣ ба тарафдории номзадҳояшон ва ба хотири рушди Тоҷикистони азиз овоз доданд. 

Аз ҷумла, субҳи барвақт раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар участкаи интихоботии №1-и шаҳри Бохтар ба ҷонибдории номзадҳо ва ҳизби сиёсии арзанда овоз дод.
Дар ҳавзаву участкаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот иштирок карданд, қадрдонӣ шуданд. Онҳо бо эҳсоси масъулият барои сулҳу субот ва осоиштагии кишвар овози худро ба ҷонибдории ҳизб ва номзади арзандаи худ доданд. Ҷавонон изҳор доштанд, ки чунин ташаббусҳо барои баланд бардоштани мақому ҳуқуқи онҳо, ҷалби бештар ба равандҳои сиёсии муҳим ва саҳмгузорӣ дар таҳкими демократия дар кишвар басо муҳим мебошанд.
Сокинони ноҳияи Хуросон бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ субҳи барвақт барои овоз додан ба тарафдории номзадҳои арзандаи худ ба участкаҳои овоздиҳӣ омаданд.
Дар ҳудуди ноҳия 33 участкаи интихоботӣ ташкил гардида, шумораи умумии интихобкунандагон 70062 нафарро ташкил дод.
Раиси участкаи интихоботии №37 дар ноҳияи Хуросон Фирдавс Абдуллоев аз иштироки фаъолонаи сокинони ноҳия иттилоъ дода, гуфт: «Интихобот дар фазои озоду идона идома ёфт».
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатии №38-и ноҳияи Муъминобод ноҳияҳои Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин низ шомил буданд. Дар ин ҳавза 134 участкаи интихоботӣ таъсис ёфта,  118 ҳазору 241 овоздиҳанда дошт. 
Дар шаҳри Кӯлоб низ интихобот дар фазои идона ҷараён гирифт. Тавре раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб №37 Усмон Хушвахтов иттилоъ дод, «дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 117 ҳазору 764 нафар интихобкунандаро руйхат карданд, ки дар 63 участкаи интихоботӣ имкони овоз доданро доштанд».
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”


СУҒД.  МАРДУМ БА ОЯНДАИ КИШВАР ХУШБИНАНД
2-юми март бори дигар сарчашмаи асосии ҳокимияти давлатӣ будани халқ дар Тоҷикистони соҳибихтиёру демократӣ тасдиқи худро ёфт. Зеро мардум бо чеҳраи кушоду руҳи болида роҳ ҷониби 1076 участкаи интихоботӣ дар вилояти Суғд гирифта буданд. Одамони синну сол ва касбу корашон гуногун дар фазои озоду ором ба минтақаҳои овоздиҳӣ ҳозир гашта, ба номзади арзандаву сазовор раъй доданд.
Дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд соати 10:00 дар бисёр участкаҳои интихоботӣ беш аз 40 дарсади интихобкунандагон, аллакай, овози худро ба номзадҳои хостаашон дода буданд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд низ дар қатори дигарон ба участкаи интихоботии рақами 27-и шаҳри Хуҷанд омада, ба хотири ояндаи боз ҳам дурахшони Ватан ба тарафдории номзадҳои арзандаву сазовор овоз дод.  
Умуман, рӯзи интихобот дар вилояти Суғд 13 ҳавзаи якмандатии интихоботии ҷумҳуриявӣ, 70 ҳавзаи интихоботии вилоят ва 680 ҳавзаи шаҳриву ноҳиявӣ созмон дода шуда, интихобкунандагонро бо омодасозии ҳамаи шароитҳо ва муҳити озоду шаффофи раъйдиҳӣ пазируфтанд. 
Сокинони меҳнатқарини ноҳияи зебоманзари Шаҳристон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ, бо дастовардҳову комёбиҳои истеҳсолӣ,   бо илҳому руҳияи  созандагиву ободкорӣ ҷиҳати боз ҳам афзун бахшидани муваффақиятҳои иқтисодӣ дар интихобот ширкат варзиданд.  
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Ғафурзода Рабим аз ҷумлаи аввалинҳо шуда, ба қитъаи овоздиҳӣ – Қасри фарҳанги ноҳия, ки  ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ омода шуда буд, ташриф оварда ба номзади арзанда овоз дод. Зимнан, 29 ҳазору 121 нафар сокинони ноҳия бо дили гарму умед ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз дар интихобот иштирок намуданд. 
Мухлиса Ҷиянова, муҳассили Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан, дар маъракаи муҳими сиёсӣ бори нахуст ширкат варзида, ба номзаде  раъй дод, ки ба амалишавии барномаи мавсуф ҷиҳати  боз ҳам  шукуфоии Ватан эътимоди комил дорад.
Пири кор – Худойқул Ҷӯраеви 77-сола, сокини деҳаи Буҷикати ноҳия, бовар дорад, ки вакилони интихобкардааш дар сурати пирӯзӣ, дар афзун намудани дастовардҳои истеҳсолӣ ва таҳкими корҳои ободонӣ нақши мунир хоҳанд гузошт.
Сокинони ватандӯсту ободкори шаҳри бостонии Истаравшан ҳам  фаъолона дар интихобот ширкат варзида ба он фарзандони савозори ободкор, ки мехоҳанд вакили мардумӣ шаванд овоз доданд.
Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан, дар қитъаи овоздиҳии Истаравшан, №23 қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо овард. Раиси шаҳр изҳори итминон намуд, ки вакилони интихобшуда, дар созандагӣ ё обод кардани гӯшае аз Ватани биҳиштосоямон саҳми худро мегузоранд. 
Ба ин тартиб дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид. Дар вилоят 1 миллиону 711 ҳазору 90 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аксаран бо амри виҷдон ва хушбинӣ ба фардои нек дар интихобот иштирок намуданд. 

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


РАШТ. ШАҲРВАНДОН ДАР ИНТИХОБОТ ШИРКАТИ ФАЪОЛ ДОШТАНД
Дар ноҳияи Рашт овоздиҳӣ субҳи барвақти 2-юми март дар фазои идона бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Интихобкунандагон бо дарки масъулият ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҷонибдории ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои арзандаи хеш овоз доданд.

Дар участкаҳои мушоҳидашуда тамоми шароитҳо барои овоздиҳангон муҳайё гардида, мардум ин рӯзро чун рӯзи ид истиқбол мегирифтанду даста-даста ба қитъаҳои овоздиҳӣ меомаданд.
Ба гуфтаи Юнус Абдуллоев, раиси ҳавзаи якмандатаи Рашт №12,  дар ҳавзаи интихоботии мазкур, дар маҷмуъ, 199 участкаи интихоботӣ ташкил гардида, 147 ҳазору 16 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузарондани интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, Лахшу Сангвор ва Нуробод ҳавзаи интихоботи ҳудудии якмандатии Рашт №12 таъсис гардида буд.
Аз шумораи умумии интихобкунандагони ин ҳавза 8957 нафар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ маротибаи аввал иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои 1702 нафар интихобкунандагони имконияташон маҳдуд кабинаҳои алоҳидаи овоздиҳӣ ва барои бе монеа ворид шудан ба бинои участка тариқи аробачаҳои маъюбӣ гузаргоҳҳои махсус сохта шуда буд.
Масъулони ҳавзаи интихоботии Рашт №12 гуфтанд, ки давоми рӯз, яъне то замони ҷамъбасти овоздиҳӣ, интихобкунандагоне, ки бо сабаби беморӣ ва ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонистанд, аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот қуттиҳои сайёр ташкил карда шуда, дар ҳузури нозирону намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шахсони боэътимод овоздиҳии онҳо пурра таъмин гардид.

Худодод ЗАЙНИДДИН, 
«Ҷумҳурият»


ШАҲРИ ВАҲДАТ. МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ҶАРАЁНИ ИНТИХОБОТРО ТАВСИФ КАРДАНД
Дуюми март дар шаҳри Ваҳдат дари 85 участкаи интихоботӣ аз соати 6-и субҳ бо садо додани Суруди миллӣ  ба рӯи интихобкунандагон боз гардид. Одамони синну солашон гуногун ба минтақаҳои овоздиҳӣ ҳозир гашта, ба номзади арзандаву сазовор раъй доданд. 

Дар участкаи интихоботии № 1-и шаҳри Ваҳдат низ, ин маъракаи муҳими сиёсӣ, воқеан, фазои идона дошт. Баробари дамидани субҳ дар саҳни укчасткаи мазкур Суруди миллӣ танинандоз гашта, аз дур ба гӯш мерасид ва раъйдиҳандагон яке пайи дигаре омада, ба ҳуҷраҳои овоздиҳӣ ворид мешуданд. 
Сокини шаҳри Ваҳдат Сабрина Шарифова, ки бори аввал дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок дорад, эҳсоси гуворое дошт ва бо хушҳолӣ изҳор кард, ки дар кишвари демократие чун Тоҷикистони азиз зиндагӣ дорад ва овози ӯ дар интихобот муҳим шумурда мешавад. Ғайр аз ӯ, чор ҳамсоли дигараш низ дар интихобот иштирок намуда, аз ҷониби масъулини участкаи интихоботии № 10- и шаҳри Ваҳдат бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. 
– Имрӯз дар таърихи ҳаёти ман яке аз рӯзҳои фаромӯшнашаванда сабт хоҳад шуд, ки аввалин интихоби ман барои пешрафту шукуфоии Ватан нақш хоҳад дошт, – гуфт Салмон Қодиров, донишҷӯе, ки аввлин бор дар интихобот ширкат дошт.  
Майсара Назарбекова, узви комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихоботии № 10, шаҳри Ваҳдат, дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки теъдоди раъйдиҳандагон дар ҳавза 168 ҳазору 447 нафар мебошад. То соати 11:00, аллакай, 51 дарсади интихобкунандагон ба участкаҳо ҳозир шуда, раъйи худро додаанд. – Дар қиёс ба давраҳои гузашта фаъолнокии интихобкунандагон мушоҳида мешавад. Мардум ин маъракаи сиёсиро муҳим шумурда, барои беҳбудии ояндаи хеш ба тарафдории номзади арзандаи худ овоз медиҳанд, – афзуд ӯ.      
Миралӣ Мусофириён, раиси участкаи мазкур, аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки ҳамдиёрон дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳисси баланди ватандорӣ зоҳир мекунанд. Олим Одинаев, сокини 71-солаи шаҳри Ваҳдат, болидаруҳ аз он аст, ки Тоҷикистон сол ба сол ободу зебо ва хуррам гашта, мардум осудаҳолона умр ба сар мебаранд. 
– Боварӣ дорам, ки то интихоботи дигар Ватанамон боз ҳам рушд кардаву бахту саодати фарзандонамон шукуфон мешавад, барои ҳамин ҳадаф овоз додам, – гуфт ӯ. 
Шоира Абдураҳимзода, муовини раиси шаҳри Ваҳдат, иброз дошт, ки субҳи барвақт мушоҳидони байналмилалӣ аз рафти интихобот дар участкаҳои интихоботӣ боздид карданд. – Ҳини шиносоӣ бо гурӯҳҳои корӣ мушоҳидони байналмилалӣ ба гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ҳама участкаҳои интихоботӣ мавҷуд буд, таваҷҷуҳ намуданд ва ба участкаҳои воқеъ дар дараи Ромит буда сафарабар шуда, аз ҳолу ҳаво ва табиати зебои диёрамон – Тоҷикистон лаззат бурданд, – гуфт ӯ. 
Мушоҳидони байналмилалӣ ба муносибати раисону аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ бо ҷавонони бори аввал дар интихобот иштирокдошта диққати махсус дода, ҳини туҳфасупорӣ бо онҳо акси хотиравӣ гирифтанд. Мушоҳидони байналмилалӣ дар шаҳри Ваҳдат аз се мард ва як зан иборат буданд, ки онҳо ба ҷараёни интихобот дар участкаҳои шаҳри Ваҳдат баҳои баланд доданд. 

Шодмон АБДУРАҲИМ
“Ҷумҳурият”



ИНТИХОБОТ – 2025. НАТИҶАҲОИ ПЕШАКӢ ЭЪЛОН ШУД

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи аввали 3-юми март дар ҳузури намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, нозирони байналмилалӣ ва доираи васеи хабарнигорон натиҷаи пешакии интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро эълон кард.

Тибқи иттилои Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, аз 5 522 038 нафар шаҳрванди кишвар, ки ҳуқуқи дар интихобот иштирок карданро дошт, 4 712 967 нафар ё худ 85,3 дарсад дар маъракаи интихоботӣ иштирок карданд.
Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон бо ба даст овардани 2 435 541 овоз ё худ 51,9 фоизи овозҳо соҳиби 12 мандати вакилӣ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо 986 887 ё худ 21 фоизи овозҳо соҳиби 5 мандати вакилӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон бо 237 563 ё худ 5,1 фоизи овозҳо соҳиби як мандати вакилӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо 595 281 ё 12,3 фоизи овозҳо соҳиби 3 мандати вакилӣ, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон бо 248 064 ё 5,3 фоизи овозҳо соҳиби як мандати вакилӣ шуданд.
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 89 538 ё 1,9 фоизи овозҳоро ба даст оварда, бинобар сабаби камтар аз 5 дарсади овозҳоро ба даст овардан аз гирифтани мандати вакилӣ маҳрум шуд.

Комрон САФАР,
 «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 03.03.2025 №: 46
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив