ДАНҒАРА – ГУЛИСТОН. РОҲИ АВТОМОБИЛГАРД НАВСОЗӢ МЕШАВАД
Дар ин бора ба “Ҷумҳурият” аз Вазорати нақлиёт хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, зери қарордод Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мяо Хао, директори ширкати «Hunan Road and Bridge Construction Group Co., Ltd.» дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Дар маросими имзои ҳуҷҷат, инчунин, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо (МТЛ ТР) Нуралӣ Арабзода ва мутахассисони ин Марказ иштирок карданд.
Лоиҳа босозии шоҳроҳи мавҷудаи фарсудашудаи Данғара – Гулистон бо дарозии 49 км-ро пешбинӣ мекунад.
Ҷиҳати ёрӣ ба Тоҷикистон дар беҳтар намудани шабакаи миллии роҳҳо бо роҳи бунёди нахустин «долони сабз»-и намоишӣ (намунавӣ) дар кишвар Бонки осиёии рушд моҳи ноябри соли гузашта маблағи грантиро дар ҳаҷми 86,67 миллион доллари ИМА тасдиқ кард. Барои татбиқи лоиҳа Ҳукумати Тоҷикистон 23 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 40 миллион доллар қарз медиҳад.
Тибқи лоиҳа, роҳи Данғара – Гулистон, ки солҳои 1930-юм сохта, солҳои 1970-ум таҷдид шудааст, аввалин роҳи автомобилгарди Тоҷикистон хоҳад буд, ки унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тарҳи махсусро дар бар мегирад. Роҳи дуқатораи мавҷуда то чор қатор васеъ карда, ба он пайраҳаи велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбон илова мешаванд. Дар шоҳроҳ равшанӣ беҳтар гашта, гузаргоҳҳои бехатар ва хуб аломатгузоришуда бунёд мегарданд. Дар канори роҳ ҳоҷатхонаҳо ва барои модарони дорои кӯдакони хурдсол хонаҳои ҷудогона месозанд ва нақлиёти ҷамъиятӣ дорои нишастгоҳҳои имтиёзнок барои шахсони қобилияташон маҳдуд хоҳад буд.
Азбаски норасоии истгоҳҳои барқпуркунӣ барои электромобилҳо дар деҳот афзоиши эҳтимолии ин бозорро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад, дар доираи лоиҳа ду истгоҳи барқпуркунии озмоишӣ сохта мешавад ва барномаи сармоягузорӣ барои ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ дар рушди ин бахш таҳия ва пешниҳод мегардад. Барои беҳтар намудани шуғли сокинони маҳаллӣ лоиҳа омӯзиши занонро ба соҳибкорӣ бо додани грантҳо барои кушодани тиҷорат ташкил мекунад.
Аллакай, моҳи марти соли равон корҳои омодагӣ оид ба татбиқи лоиҳа оғоз мегарданд, ки бояд то соли 2030 пурра ба анҷом расанд.
Чунин роҳҳо тибқи дастури БОР ҷиҳати бунёди «роҳҳои сабз», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии роҳҳо ва Metameta Research (Нидерландия) таҳия гардидааст, сохта мешаванд. Дастгирии молиявӣ ба муҳандисон, тарроҳон, тасмимгирандагон ва мутахассисон дар мувозинати ҳадафҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ барои “сабз” намудани роҳҳо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ёрӣ хоҳад кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистонро дар қатори дигар иншооти роҳу нақлиёти сохташаванда яке аз роҳҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавии кишвари мо номиданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”