ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ИНТИХОБОТ ОШКОРО ВА ШАФФОФ БАРГУЗОР ШУД

МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ИНТИХОБОТ ОШКОРО ВА ШАФФОФ БАРГУЗОР ШУД

05 март 2025, Чоршанбе
14
0


Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ки 2-юми марти соли 2025 дар фазои озоду руҳияи идона баргузор гардид, боз як саҳифаи тозаро дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боз намуд. Иштироки мардуми шарафманди тоҷик бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бозгӯи он буд, ки дар Тоҷикистони соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ халқ баёнгари воқеии ҳокимияти давлатист ва дар муайян намудани сарнавишти хеш масъулияти баланди шаҳрвандиро хеле хуб эҳсос мекунад. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир шуд, таваҷҷуҳи доираҳои таҳлилиро ба худ ҷалб сохт. Зимнан, гурӯҳи нозирони байналмилалӣ ба ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ баҳои баланд доданд, ки мо намунае аз онҳоро манзур менамоем:

Леонид АНФИМОВ, 
роҳбари намояндагии ҳайати нозирони 
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, оид 
ба натиҷаҳои мониторинги омодагӣ 
ва баргузории маъракаи интихобот: 
– Интихобот тибқи қонунгузории муайяншуда сурат гирифт. Намояндагии мо ягон қонуншиканиеро, ки ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонда тавонад, муайян накард. Овоздиҳӣ дар вазъияти ором ва дараҷаи баланди ташкилӣ гузашт. Ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба хулосае омад, ки интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти Конститутсия ва қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Тинчтик ШАЙНАЗАРОВ, 
раиси Комиссияи марказии интихоботии 
Ҷумҳурии Қирғизистон:
– Шаҳрванде, ки 98 сол дорад, бо табъи болида ва руҳияи идона ба участкаи интихоботӣ ҳозир шуд. Ин худ нишонаи дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ аст. Иштироки 85,3 дарсади интихобкунандагон дар интихобот нишондиҳандаи он аст, ки мардум раъйи худро муҳим мешуморад. Ба назари ман, интихобот дар сатҳи хеле баланд гузашт. 

Пиао ЯНФАН, 
муовини Дабири кулли Созмони 
ҳамкории Шанхай: 
– Аъзои комиссияҳои участкавии интихоботӣ барои овоздиҳӣ ва риояи принсипҳои холисона тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд. Онҳо бо интихобкунандагон ва нозирон бо камоли кордонӣ ва меҳрубонона муошират карда, сари вақт масъалаҳои бамиёномадаро тавзеҳ дода, бо интихобкунандагон, намояндагони ҷомеа, нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорон бодиққат, хушмуомила ва боэҳтиром рафтор карданд. Ба ҷавононе, ки бори аввал овоз доданд, туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд, ки ин барои мо як чизи нав буд. Фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ босифат, шаффоф ва мустақил ба роҳ монда шудааст. Ҳайати мушоҳидон ягон ҳолати нақзи қонунро сабт накард. Аз ин лиҳоз интихоботи доиргаштаро шаффоф, боэътимод ва демократӣ эътироф менамоям. 

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.05.2024 №: 48
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив