ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » SMM-МУТАХАССИС – КАЛИДИ РУШДИ ТИҶОРАТ ДАР АСРИ РАҚАМӢ

SMM-МУТАХАССИС – КАЛИДИ РУШДИ ТИҶОРАТ ДАР АСРИ РАҚАМӢ

05 март 2025, Чоршанбе
18
0


Имрӯзҳо, ки фазои интернетӣ ба маркази асосии фурӯш ва таблиғ табдил ёфтааст, эҳтиёҷ ба SMM – мутахассисон босуръат меафзояд. Шабакаҳои иҷтимоӣ дигар танҳо воситаи муошират нестанд – онҳо ба абзори тавоно барои пешбурди тиҷорат, эҷоди брендҳо ва зиёд кардани фурӯш табдил ёфтаанд.

SMM-МУТАХАССИС КИСТ?
SMM-мутахассисон ба пешбурди брендҳо ва фурӯши маҳсулот ё хидматҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ машғуланд. Онҳо стратегияҳои маркетингиро таҳия намуда, контенти ҷолиб эҷод менамоянд, рекламаҳои самаранокро роҳандозӣ  ва бо муштариён муошират мекунанд. Ин мутахассисон, инчунин, фаъолияти рақибонро таҳлил намуда, тамоюлҳои бозорро меомӯзанд ва стратегияҳои худро мутобиқ месозанд, то ки ширкатҳо дар фазои рақамӣ пешсаф бошанд. Ҳадафи асосии онҳо зиёд кардани аудитория, баланд бардоштани эътибори бренд ва афзоиши фурӯш мебошад.

ЧАРО SMM-МУТАХАССИСОН МУҲИМАНД?
Фирӯз Зайниддинӣ, коршинос дар соҳаи тиҷорати электронӣ, чунин мегӯяд: “Мо бояд экосистемаи тиҷорати электрониро рушд диҳем, то ки ҳар як унсури он бо сатҳи баланди касбият фаъолият кунад. Имрӯз тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон босуръат рушд мекунад ва нақши SMM-мутахассисон дар пешбурди фурӯш ва муаррифии брендҳо хеле муҳим аст. Чӣ қадаре ки сатҳи касбияти SMM-мутахассисон ва мутахассисони тиҷорати электронӣ баландтар бошад, ҳамон қадар бозор рушд мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ширкатҳо стратегияи дурусти таблиғотӣ таҳия менамоянд, молу маҳсулоти худро бо сифати баланд муаррифӣ ва ба фурӯш мебароранд, инчунин, ба муштариён сари вақт ва бо тарзи касбӣ хизмат мерасонанд. Агар ин равандҳо ба таври дуруст ва муназзам ба роҳ монда шаванд, на танҳо ширкатҳои алоҳида, балки  иқтисоди Тоҷикистон аз он манфиат мебардорад”. 
SMM-мутахассисон дар рушди тиҷорат нақши калидӣ доранд. Онҳо на танҳо контент эҷод мекунанд, балки стратегияҳои маркетингро таҳия намуда, таваҷҷуҳи муштариёнро ҷалб менамоянд, фурӯшро афзоиш медиҳанд ва фаъолияти рақибонро таҳлил мекунанд. Бе онҳо ширкатҳо аз рақобат дур мемонанд.

МУШКИЛИ КАДРҲО ВА МАОШИ БАЛАНД
Бо вуҷуди талаботи зиёд, шумораи SMM-мутахассисони ҳирфаӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам кам аст. Фирӯз Зайнидинӣ таъкид мекунад: “Мутахассиси хуб шудан осон нест. Барои  муваффақ шудан дар ин соҳа, танҳо донишҳои сатҳӣ кофӣ нестанд, зарур аст, ки таҷрибаи амалӣ, малакаҳои таҳлилӣ ва фаҳмиши амиқи бозор ва ғайраро дошта бошем”. 
Ширкатҳо аксар вақт бо мутахассисони сатҳи паст рӯ ба рӯ мешаванд, ки рекламаи бесамар тартиб медиҳанд ва ба рушди тиҷорат таъсири манфӣ мерасонанд. Касоне, ки ин касбро хуб аз худ мекунанд, метавонанд маоши баланд гиранд. Дар бозор маоши миёнаи SMM-мутахассис аз 4 000 то 20 000 сомонӣ мебошад, ки вобаста ба сатҳи донишу таҷрибаашон фарқ мекунад.  
Хулоса, бо рушди тиҷорати электронӣ ва маркетинги рақамӣ, талабот ба мутахассисони SMM бештар мегардад. Ҳар қадаре ки шумораи мутахассисони касбӣ афзояд, фазои тиҷоратии кишвар низ босуръат тараққӣ хоҳад кард. Истифодаи дурусти стратегияҳои маркетинг, таҳлили аудитория ва муносибати касбӣ бо муштариён ба ширкатҳои тоҷикӣ имкон медиҳад, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир шаванд. SMM касби ояндадор аст. Он на танҳо маоши баланд ва рушди касбиро таъмин мекунад, балки имкон медиҳад, ки дар бузургтарин ширкатҳои ҷаҳон кор пайдо шавад.  

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.03.2025 №: 48
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив