“ҶУМҲУРИЯТ” МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАҲАВВУЛИ АДАБИЁТИ МИЛЛӢ
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчанд аз назари мақому ҷойгоҳаш миёни васоити ахбори оммаи кишвар бештар чун ҷаридаи сиёсӣ муаррифӣ мешавад, вале мурур ба таърихи садсолаи он ин амрро ба субут мерасонад, ки нақши рӯзнома дар ташаккули самтҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятии мамлакат, бавижа адабиёт, адабпажӯҳӣ, нақди адабӣ ва тарҷумаи бадеӣ, муҳим ва муассир мебошад. Ба таъбири дигар, дар ин мактаби неруманд садҳо тан шоирону мунаққидон ва мутарҷимони касбӣ ба камол расидаву дар рушди шеъру шоирӣ, насри бадеӣ, адабпажӯҳии тоҷик, инчунин тарҷумаву нашри осори адибони ҷаҳон, хидмат намудаанд.
Давоми фаъолияти нашрия дар мақоми сардабирии он адибони соҳибноми Тоҷикистон устодони сухан Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ибод Файзуллоев, Нур Табаров, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон хидмат кардаанд. Ин гурӯҳи адибон бо ҳузури хеш ҳамчун адибу суханвар ва ҳамкории мустаҳками аҳли адаб бо нашрия дар дарозои таърихии ҳастии он дар рушди адабиёти миллӣ, инкишофи жанрҳо, нашри маҳсули хомаи навқаламони роҳи адабиёт таъсири пурфайзе гузошта меояд.
Ҳанӯз давоми солҳои фаъолияти нашрия ҳамчун “Иди тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Тоҷикистони Сурх” дар канори интишори маҳсули хосаи суханварони аҳди хеш, аз мероси адибони барҷастаи адабиёти гузаштаи мо намунаҳое чоп шудаанд, ки бештари онҳо бори аввал ба хонандаи тоҷик манзур гардидаанд. Дар ин ҷода рисолати нашрияи “Ҷумҳурият” дар ҳамон айём камтар аз маҷаллаи “Шарқи сурх” (ҳоло “Садои Шарқ”) набудааст. Интишори мақолаҳои арзишманди устод Садриддин Айнӣ дар тарҳи аввал роҷеъ ба масъалаҳои муҳими таърих ва адабиёти миллӣ дар саҳифаҳои нашрия дар даврони ҳамчун “Иди тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Тоҷикистони сурх” ба чоп расиданаш ҷойгоҳи онро дар таҷассуми масоили мубрами таърихи адабиёти тоҷик хеле муҳим ба намоиш мегузоранд. Дар канори ин, нашри тарҳи нахустини бархе аз осори устод Садриддин Айнӣ дар сафаҳоти нашрия ва ҷалби дигар адибону шогирдони мактаби устод - чун Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҳилолиён Аскар, Мутеулло Наҷмиддинов ва дигарон шореҳи ин нуктаҳои муҳим аст, ки “Ҷумҳурият” дар тамоми масири фаъолияти хеш оинаи вазъи таҳаввулоти адабиёт ва нақду сухансанҷӣ буда, ҳамчун мактаби бузург барои тарбияи адибон, мутарҷимон ва ноқидон хидмат намудааст.
Дар мароҳили баъдӣ низ бевосита дар ин мактаб намояндагони барҷастаи аҳли адаби кишвар чун Абдулҳамид Самад, Доро Наҷот, Муҳаммад Ғоиб, Талъат Нигорӣ, Фотеҳ Абдулло, Мирзо Шукурзода ва дигарон тарбият дидаву ба камолоти эҷодии хеш расиданд.
Дар даврони истиқлоли миллӣ низ ин рисолати бузурги хешро нашрияи “Ҷумҳурият” ба шоистагӣ идома дода меояд. Бахусус, давоми даҳ соли охир дар канори ин ки аҳли адаби кишвар ҳамкориҳои густардаву шоёнеро ба роҳ монда, маҳсули хомаи хешро ба нашр мерасонанд, баргузории силсилаи озмунҳои вижаи рӯзнома пайванди суханварон ва ҳузури мунаввари эшонро ба ин минбари баланди матбуотии кишвар таҳким бахшид. Ҳузури устодони сухан Гулназар, Сайдалӣ Маъмур, Абдулҳамид Самад, Кароматулло Олимов, Камол Насрулло, Ҳақназар Ғоиб, Озарахш ва дигарон аксари озмунҳои мазкур ба унвон қофиласорони ин корвони бузурги ваҳдатшиори “Ҷумҳурият”, ки дар саросари Тоҷикистони азиз доир гардиданд, нақш ва мақоми адабии нашрияро рифъат мебахшанд.
Аз соли 2016 то кунун ба ифтихори бузургдошти қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода, корномаҳои Пешвои миллат дар ҷодаи эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, бузургдошти модар озмунҳои “Ҷумҳурият” баргузор гардиданд, ки вуҷуди бахши вижаи назмии он низ баробари таҳкими пайванди нашрияро бо аҳли сухан бозгӯӣ кардан, нақши онро дар рушду ривоҷи адабиёти миллӣ собит мекунад. Аз нигоҳи дигар, баргузории озмуни махсуси “Беҳтарин шеъри бачагона” дар канори ҷалби бештари хонандагон ба ин шохаи муҳими адабиёти миллӣ, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба он афзудан дорад, аз саҳми рӯзнома баҳри мусоидат ба ин бахши адабиёти тоҷик паём мерасонад.
Фазилат ва паҳлуҳои дигари аҳамияти ин озмунҳо дар мақолаву навиштаҳои зиёде аз аҳли таҳқиқ ва коршиносону муҳаққиқон ба сурати мустанад таҳлилу баррасӣ шудаанд ва мо танҳо ба нақши таъсиргузори ибтикори мазкури “Ҷумҳурият” дар таҳаввули равандҳои гуногуни адабиёт, нақди адабӣ ва тарҷумаи бадеӣ ишорат намудем ва умедвор ҳастем, ки бо идома ёфтани ин ташаббусҳои фардоафрӯзи рӯзнома мақоми он дар ташаккули тамоюлҳои тозаи адабӣ меафзояд. Афзун бар ин, ифтихорманд ва саодатёр аз он ҳастам, ки дар бештари ин озмунҳо ширкат варзидаву ба чандин ҷоизаву сипосномаҳо тақдир гардидаам. Ба таъбири дигар, вуҷуди ин нашрияи арзишманду бонуфуз бо озмуну ибтикороташ ангезае барои анҷоми чандин ҷусторҳо дар заминаи шинохти хадамоти устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои муаззами миллат дар таҳаввули мактаби бедилшиносии тоҷик шуданд, ки ҳам дар маҷмуаҳои дастаҷамъии “Ҷумҳурият” ва ҳам осору кутуби дигари муҳим рӯи чоп омадаанд.
Ба таври куллӣ метавон таъкид намуд, ки нашрияи “Ҷумҳурият” ҳамчун рӯзномаи расмии кишвар дар баробари бозтоби масоили мубрами сиёсати давлатдорӣ, низомҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамчун минбари эҷодкорони кишвар, мактаби тарбияи адибон, мунаққидону мутарҷимон хидматҳои бузургеро дар дарозои 100 соли фаъолияти хеш ба поён бурдааст. Бо дуои Ҳофизи бузургвор таманно мекунем, ки ин фарзанди арҷманди 100 солаи матбуоти тоҷик ҳамчун оинаи рӯзгори бузургони адабиёту фарҳанги гузаштаи мо ҳазорсолаҳои дигар барои миллату мардуми тоҷик, баҳри Тоҷикистони азиз ва тамоми тоҷикони олам хидмат кунад. Роҳаш то бекаронаҳои ҷовидон мунаввару чароғи муҳаббати аҳли мутолеааш ҳамеша равшану пурзиё бод.
Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илмҳои филология, профессор