ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ НАҚШИ ПАЁМ ДАР РУШДИ СОҲАҲОИ ЗИНДАГИСОЗ

АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ НАҚШИ ПАЁМ ДАР РУШДИ СОҲАҲОИ ЗИНДАГИСОЗ

11 март 2025, Сешанбе
11
0


Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар ҳамаи соҳаҳо нақши калидӣ дорад. Он сармашқи фаъолияти шаҳрвандони огоҳи кишвар буда, фикру андешаҳои намояндагони касбу кори гуногун дар ин маврид ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад.
Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ,  профессор,  андешаҳояшро дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома дар ин бора чунин баён дошт:
– Чун ҳамеша Паёми Пешвои муаззами миллат ба таҳлилу баҳодиҳии рушди иқтисодиёти мамлакат ва ҷомеа дар 5 соли охир ва соли гузашта дар алоҳидагӣ, хулосабарорӣ аз амалкардҳо, иҷрои дастуру супоришҳои паёмҳои пешин оид ба таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, амнияти Ватан, сулҳу субот, ягонагию ваҳдат, ҳимояи арзишу манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон бахшида шудааст. Аз ин рӯ, банда ҳамчун мутахассиси соҳаи иқтисодиёт фикру андешаҳои худро оид ба рушди иқтисодиёти мамлакат аз нуқтаи назари Пешвои муаззами миллат ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои аз Паём бароянда баён менамоям. 
Табиист, қисми бештари Паём ё 55 фоизи он (аз 272 банди асосӣ 149-тои он) ба соҳаи иқтисодиёт бахшида шудааст, зеро иқтисодиёт асос  ва гарави ҳастии ҷомеа мебошад. Таъмини иҷрои ҳадафи олии Ҳукумати кишвар – баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум маҳз аз сатҳи рушди иқтисодиёт вобаста аст. Аз ин рӯ, таъмини афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ вазифаи асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода Ҳукумати кишвар ҳамасола ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад. Дар чор соли охир суръати рушди иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 8,5 фоизро ташкил намуд, ки он аз рӯи сатҳи рушд дар солҳои 2001-2024 баъди панҷсолаи аввал ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
Нишондиҳандаи иқтисодии муҳиме, ки ба сатҳи некуаҳволии мардум таъсиррасон аст, даромадҳои пулии аҳолӣ мебошад. Ҳаҷми ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 147 миллиард сомонӣ ва афзоиши он ба 30,4 фоиз баробар шуд, ки онҳо нисбат ба соли гузашта мутаносибан 34,3 миллиард сомонӣ ва 0,9 банди фоизӣ зиёд мебошанд. Пайваста афзудани даромадҳои пулии аҳолӣ нишони рушди иқтисодиёт, ташкили корхонаю коргоҳҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, афзудани моҳонаю иловапулиҳо, истифодаи техникаю технологияи навин дар раванди истеҳсолот мебошад. Бинобар ин, муҳим аст, ки устувории суръати рушди иқтисодиёт нигоҳ дошта шуда, ҳосилнокии меҳнат пайваста афзоиш дода шавад.
Дар такя ба дастовардҳои мавҷуда Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ дошта шуда, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ соли 2025 дар сатҳи на камтар аз 8 фоиз таъмин карда шавад.
Дар Паёми Сарвари давлат, инчунин, ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст, зеро ин раванд хоси кишварҳои пешрафтаи дунёст ва Тоҷикистони мо бояд дар қатори аввалинҳо бошад. 
Ташаккули «иқтисоди сабз», суръатбахшии раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардондани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноканд. Албатта, вобаста ба рушди ин самтҳо стратегияю барномаҳои дахлдор татбиқ шуда истодаанд, вале супоришу дастурҳои нави Пешвои муаззами миллат бознигарии онҳоро талаб менамоянд.
Бо дарназардошти зарурати таъмини рушди босуръати иқтисодиёти кишвар  ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тавассути бозори коғазҳои қиматнок, бахусус коғазҳои қиматноки «сабз»,  гузариш ба “иқтисоди сабз” то соли 2037 ва воқеан ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон ҳадафест, ки дар Паёми пешини Пешвои муаззами миллат эълон гардида буд. Рушди бозори коғазҳои қиматнок, аз ҷумла коғазҳои қиматноки “сабз”, дар замони муосир яке аз роҳҳои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва равона кардани онҳо ба рушди иқтисодиёти кишвар мебошад.
Дар Паём ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ ҳамчун масъалаи рӯзмарраи замони нав таъкид карда шуд.
Дар умум, иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат имкон медиҳад, ки суръати баланди рушди иқтисодиёт, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодии пешбининамуда таъмин гардида, барои ҳарчи тезтар расидан ба ҳадафҳои миллии мардуми  Тоҷикистон шароити мусоид муҳайё карда шавад. 

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.03.2025 №: 52
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив