ҲИСОР. ЧАРО ЁЗДАҲ КОРХОНАИ САНОАТӢ ФАЪОЛИЯТ НАКАРД?
Соли гузашта дар шаҳри Ҳисор аз 119 корхонаи истеҳсолии саноатӣ ёздаҳ корхона тамоман фаъолият накардааст. Ҳамчунин, дар понздаҳ корхонаи саноатӣ иқтидори истеҳсолӣ кам гардидааст. Сабабу омилҳои ба чунин мушкилот мувоҷеҳ гардидани саноати шаҳр дар чист? Пайрав Сайфиддинов, мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, роҷеъ ба мавзуъ чунин гуфт:
– Корхонаҳое, ки соли 2024 фаъолияташонро қатъ кардаанд, ҳар якеашон сабабу мушкилоти гуногун доранд. Масалан, молики корхонаҳои ҶДММ «Шири покиза» ва «Бунафша-2013» аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, феълан дар маҳбас қарор доранд. Бинобар ин, корхонаҳои мазкур фаъолият намекунанд. ҶДММ «Тиллои сафеди Ҳисор» бошад, соли 2020 ба шаҳри Турсунзода кӯчонда шудааст, аммо соҳибкор то ҳол корхонаро аз қайди Нозироти андози шаҳри Ҳисор набаровардааст. Бо ин сабаб, он аз феҳристи корхонаҳои саноатии шаҳр бароварда нашудааст. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пахтаи Ҳисор» соли 2023 фаъолият намуда буд, вале соли 2024 бо сабаби мушкилоти молӣ фаъолият накард.
Ба иттилои мутасаддиён, соли 2024 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарорҳо оид ба ҷудо намудани замин ба чанд корхонаи истеҳсолии саноатӣ, ки ғайриқонунӣ қабул шуда буданд, бо далелу арқом эътироз пешниҳод намуда, беэътибор дониста шуданд. Минҷумла, қарори собиқ раиси ноҳияи Ҳисор аз 10-уми августи соли 2006, таҳти №354 «Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин ва додани иҷозат барои кашидани лоиҳаи сохтмон» ба ҶДММ «Муҳаммадҷон-2015», бинобар ғайриқонунӣ будан, бекор гардидааст. Корхонаи фавқ ба истихроҷу коркарди сангу шағал машғул буд. Инчунин, бо эътирози прокурори генералӣ қарорҳои раиси ноҳияи Ҳисор аз 25-уми октябри соли 2001 ва 15-уми сентябри соли 2005 «Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин ва додани иҷозат барои кашидани лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли қуму сангреза ва карйери истихроҷи қум ва санг ба ҶДММ «Сохтмон З» низ, бинобар ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ набудан, ботил дониста шуданд. Ғайр аз инҳо, ҶДММ «Ҳотами Давлат», ки ба истихроҷ ва коркарди қуму шағал машғул буд, бо сабаби надоштани иҷозатномаи истихроҷ ва дигар асноди расмӣ, аз ҷониби масъулон фаъолияташ боздошта шуда, барои пурра барҳам додан ё ба қонун мутобиқ карданаш ба прокуратураи шаҳри Ҳисор мактуб пешниҳод намудаанд.
Мутобиқи ҳисоботи пешниҳоднамудаи мутасаддиён, соли гузашта коргоҳу корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор ба маблағи 343 миллиону 896 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард кардаанд. Корхонаҳои расман фаъолиятдошта ба маблағи 233 миллиону 622 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот тавлид намудаанд, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм 39 миллиону 249 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Суръати рушд дар корхонаҳои расмӣ аз ҳисоби кам гардидани иқтидори истеҳсолот дар понздаҳ корхонаи саноатӣ ба маблағи 73,8 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст. Коргоҳҳои хурди истеҳсолии тариқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки шумораашон 152 ададро ташкил медиҳад, соли гузашта ба маблағи 33 миллиону 227 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол кардаанд.
– Барои баланд бардоштани сифати маҳсулот чор корхонаи истеҳсолии саноатӣ азнавсозӣ гардид. Ҳамчунин, ҶДММ «Корхонаи муштараки Агро ойл» (истеҳсоли равғани рустанӣ) ва корхонаи дӯзандагии «Соҳиб тиҷорат» (собиқ «Камрок Интернешнл») ба кор андохта шуданд, – афзуд П. Сайфиддинов.
Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»