«ҶУМҲУРИЯТ». ГИРОМИДОШТИ САДСОЛАГИИ РӮЗНОМАИ ҲУВИЯТСОЗ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) бахшида ба Рӯзи матбуот ва садсолагии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон– рӯзномаи «Ҷумҳурият», бо иштироки ректори ДМТ Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва устодону донишҷӯёни факултети журналистика ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
««ҶУМҲУРИЯТ» ҲАМЧУН БРЕНДИ МИЛЛӢ ЭЪТИРОФ МЕШАВАД»
Ректори Донишгоҳ таҷлили густурдаи Рӯзи матбуотро дар ҷумҳурӣ нишони эҳтироми баланд ба аҳли қалам арзёбӣ карда, иброз дошт, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» тули мавҷудияташ ҳамеша дар тарғибу татбиқи сиёсати давлатӣ саҳмгузор буд ва имрӯз низ дар ин самт нақши назаррас дорад. Инъикоси масъалаҳои сиёсиву фарҳангӣ ва илму маориф дар рӯзнома ба таври васеъ сурат мегирад.
Зинатуллоҳ Исмоилзода дар тақвияти суханони боло афзуд, ки «Ҷумҳурият» имрӯз ҳамчун бренди миллӣ эътироф мешавад. Рӯзнома тайи сад сол тавонист, ки ҳастии худро нигоҳ дошта, ба мактаби тарбияи кадрҳои журналистӣ табдил ёбад. Дар «Ҷумҳурият» ва собиқ "Тоҷикистони советӣ"-ю "Тоҷикистони шуравӣ» нашр намудани мавод барои дилхоҳ журналист беҳтарин армуғон буд. То ҳол рӯзнома идомадиҳандаи анъанаҳои бузург асту иқдомҳои бузургро роҳандозӣ мекунад. Барои ҳамқадами замон будан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол асту Ютубканали худро дорад.
Дар идомаи сухан раиси Иттифоқи журналистон гуфт, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ таҷлили Рӯзи матбуот дар кишвар хусусияти оммавӣ касб кард, ки дар ин амр саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста аст.
ҶАҲОНИШАВӢ ВА ЖУРНАЛИСТИКА
Кормандони ВАО масъулияти бештар доранд
Меҳвари асосии суханронии декани факултети журналистика Ҳошимзода Бахтиёрро ҷаҳонишавӣ ва журналистика ташкил дод. Ба таъкиди ӯ, дар шароити ҷаҳонишавӣ масъулияти васоити ахбори омма доманаи васеъ пайдо кард, вале аз ҷониби дигар, васоити иртиботиву иттилоотӣ махлут гардид. Аз ин рӯ, дар аксар мавридҳо тафовути онҳоро мушаххас намудан душвор аст. Интернет бо имконоти чандрасонаӣ доираи паҳншавии ахбору маълумот ва ниҳоят саргармсозию андармонсозиҳоро фарох гардонд. Дар ин раванд, кормандони матбуот масъулияти ҷиддитарро бар дӯш доранд.
НАЗАР БА ИМРӮЗИ НАШРИЯ
Дар ҳамоиш олимону пажӯҳишгарон ба чанд паҳлуи фаъолияти «Ҷумҳурият» назар афканда, таъкид сохтанд, ки нашрия барои ба вуҷуд омадани низоми матбуоти даврии тоҷик заминаи хубӣ касбиро ба вуҷуд овардааст. Рӯзнома дар зарфи сад соли мавҷудияташ бо номҳои «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шуравӣ» низ нашр мешуд. Аз соли 2000-ум зери сарпарастии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаи нави фаъолият оғоз кард.
Профессори кафедраи матбуоти ДМТ Мурод Муродӣ вобаста ба ин гуфт, ки марҳалаи нав барои «Ҷумҳурият» аз ибтидои асри XXI шуруъ шуд. Ин як гардиши куллӣ на танҳо барои «Ҷумҳурият», балки барои нашрияҳои дигар низ буд.
Мурод Муродӣ фаъолияти рӯзномаро тайи солҳои охир мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҷумла афзуд:
– Нашрия хонандаи одиро низ фаромӯш накард. Масалан, озмунҳои эҷодиро ба роҳ монд. Ин озмунҳо чанд ҳикмат доштанд: аввалан, бо интишори матолиби мухталиф паҳлуҳои гуногуни фаъолияти шахсиятҳои фарзонаи миллат бозгӯ шуданд ва барои хонандаи ноогоҳ як манбаи хуби иттилоотдиҳиву маърифатомӯзӣ ба вуҷуд омад. Вақте бо зиндагӣ ва роҳи тайкардаи онҳо ошно мешавед, беихтиёр ҳисси миллии кас боло мешавад. Дар ин амр, хизмати нашрия хеле воло аст. Иқдоми дигар таъсиси саҳифаи «Шоми шанбе» мебошад. Албатта, чунин саҳифаҳо дар замони шуравӣ ҳам вуҷуд доштанд, аммо саҳифаи «Шоми шанбе» бо чанд вижагиаш фарқ мекунад. Маводҳо хеле хурд ҳастанду ҷолиб. Ҳарчанд матолиб дар мавзуъҳои гуногунанд, аммо дар меҳвараш инсон аст.
Профессор тайи солҳои охир ба яке аз серхонандатарин нашрияҳои ҷумҳурӣ табдил ёфтани «Ҷумҳурият»-ро таъкид карда, аз пурсиши сотсиологии Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги мамлакат ном бурд, ки соли 2023 рӯзнома бо гирифтани 34 фоиз овоз дар ҷои аввал қарор гирифт. Бардошти олим аз ин натиҷа чунин буд: «Агар солҳои пештар мардум рӯ ба «матбуоти зард» оварда буд, солҳои охир талабот ба воқеоти иҷтимоӣ бештар шуд. Аз ин рӯ, мо метавонем гуфт, ки имрӯз хонандаи мо ҳушманд аст».
Меҳрангез ҚОДИРОВА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 12.03.2025 №: 53