ФУТБОЛ
Бозиҳои даври якуми Лигаи олӣ доир гаштанд
Мавсими нави футболи кишвар 7-уми март бо бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз шуд.
Дар мусобиқаи имсолаи Лигаи олӣ 12 даста иштирок мекунад. Бо сабаби омода набудани майдонҳо ҳамаи бозиҳои даври якум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардиданд.
7-уми март бозӣ байни дастаҳои КМВА (Клуби марказии варзиши артиш) ва “Ҳосилот”-и Фархор баргузор шуда, артишиҳо бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд. Голи задаи нимҳимоятгари КМВА Ҷулиос Кваси дар дақиқаи 57-ум аввалин гол дар чемпионати имсола ба шумор меравад.
Баъдан “Истиқлол”-и Душанбе бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов зад.
Ду бозии дигар 9-уми март барпо гардид. Бозӣ байни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истаравшан” бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. “Вахш”-и Бохтар бошад, “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 мағлуб намуд. Дар ду бозии дигар “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ аз “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 0:2 ва “Барқчӣ” аз “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд.
Имсол дар Лигаи олӣ бошгоҳҳои кишвар 80 бозигари хориҷиро аз 9 кишвари дунё ҷалб намудаанд.
ГӮШТИН
Паҳлавонони кишвар дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд
Тими мунтахаби гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римии Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё, ки 25-30-юми март дар шаҳри Аммони Урдун доир мегардад, ширкат мекунад.
Тавре Федератсияи гӯштини Тоҷикистон хабар дод, ба ҳайати тими кишвар 13 варзишгар ворид аст: Айаал Белолюбский (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Мустафо Ахмедов (65 кг), Виктор Рассадин (70 кг), Магомед Евлоев (79 кг), Салимҷони Ҳалимзода (86 кг) – дар гӯштини тарзи озод, Аслам Азизов (60 кг), Суннат Абдуллоев (67 кг), Лоиқи Амирхонзода (72 кг), Муслиҳиддин Уроқов (77 кг), Ҳабиб Зуҳуров (82 кг), Суҳроб Абдулҳаев (87 кг), Эдуард Бабеношев (97 кг) – гӯштини юнонӣ-римӣ.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар Чемпионати Осиё Виктор Рассадин ва Мустафо Ахмедов сазовори медали нуқра гашта буданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.03.2025 №: 53