ТАЪИНОТИ КАДРӢ
18-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати кишвар дар ҳайати роҳбарии Вазорати маориф ва илм, Вазорати нақлиёт, Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти иҷро, Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмӣ тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дода шуд. Аз ҷумла, кадрҳое, ки ба синни нафақа расидаанд, аз вазифа озод ва мутахассисони ҷавону варзида ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, аз ҷумла таваҷҷуҳи ҳозиронро ба масоили баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, ба талаботи замон мутобиқ ва самарабахш намудани тадқиқоти илмӣ, тақвияти ҳамоҳангӣ миёни илму истеҳсолот, беҳтар намудани сифати корҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани зербино ва хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёт ва дигар мавзуъҳои ҳалталаб ҷалб намуда, ба кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъиншуда супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва содиқонаю софдилона бо қалби поку ниятҳои наку вазифаҳои хизматии худро иҷро намуда, ҳамзамон, дар тарбияи кадрҳои ҷавон ҳамаҷониба саҳм гузорад.
Ҳамчунин, ба омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудану ба манфиати кор васеъ истифода намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.