ДАВЛАТДОРӢ. РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат солҳои 2025 – 2030-ро давраи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд. Зикр шуд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ гомҳои устувор мегузорад.
Воқеан, иқтисоди рақамӣ муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ, инноватсионӣ ва тағйироти иҷтимоии ҷаҳони муосир мебошад. Рақамикунонӣ ба баланд бардоштани самаранокии равандҳои тиҷорат, рушди соҳаҳои нави иқтисодиёт, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар шудани сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисоди рақамӣ аҳамияти хоса дорад, зеро он ба такмили иқтисодиёт, тағйири сохтори он ва ҳамгироӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Дар робита ба ин, дар панҷсолаи минбаъда барои пешбурди иқтисоди рақамӣ ҳафт самти муҳим муайян шуд, ки бояд ба онҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад. Албатта, ҳадаф аз ин ташаббус ба зинаи нави рушди инноватсиониву технологӣ расондани Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин, ба вазорату идораҳои дахлдори соҳа супориш дода шудааст, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Бояд гуфт, ки дар кишвар дар самти рақамигардонӣ Консепсияи иқтисоди рақамӣ, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ, Стратегияи зеҳни сунъӣ, Барномаи савдои электронӣ ва ғайра мавриди амал қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки рушди соҳаи мазкур на танҳо ба иқтисодиёт равона шудааст, балки дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла дар пиёдасозии вазифаҳои хизматии Шуъбаи илмию тадқиқотии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз манфиат холӣ нест.
Дар ин росто, шуъбаи мазкур дастуру супоришҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳнамову сармашқи кори худ медонад, зеро рақамикунонӣ барои расидан ба ҳадафи муҳими давлатдории муосир – бунёди ҳукумати электронӣ дар ҳама самтҳо нақши ногузир дорад. Шуъбаи илмию тадқиқотии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ба сифати яке аз шуъбаҳои асосии Сарраёсат барои тайёр намудани адабиётҳои соҳавӣ вобаста ба вусъат бахшидани малакаи касбии кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҷузъу томҳои ҷумҳурӣ мебошад, иқдоми навбатии Ҳукуматро мавриди амал қарор додааст.
Ин дар ҳолест, ки шуъбаи илмию тадқиқотии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат нақшаҳои махсуси фаъолиятро таҳия намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои мушаххасро амалӣ месозад.
Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи рақамикунонӣ барои боло бурдани корҳои илмӣ дар самти навиштани адабиётҳои соҳавӣ равнақи навовариву ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури миллӣ ва дигар тадбирҳои муҳим саҳми бориз дорад.
Хуллас, эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия як қадами муҳими стратегӣ мебошад, ки имкон медиҳад, Тоҷикистон ба тағйироти ҷаҳони технологӣ мутобиқ шуда, рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва сифати зиндагии аҳолиашро беҳтар гардонад, зеро пешрафти рақамӣ дурнамои нави тараққиёт аст.
С. РАҲМОНЗОДА,
сармутахассиси ШИТ СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хизмати дохилӣ