ҲАФТАИ КИНОИ ТОҶИК ДАР МАЛАЙЗИЯ
Бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу санъати миллати тоҷик соли 2025 дар Малайзия Ҳафтаи кинои тоҷик баргузор мегардад.
Ин иқдом аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия роҳандозӣ шудааст.
Тавре иттилоъ доданд, дар доираи Ҳафтаи кинои тоҷик дар якчанд давлати ҳавза, аз ҷумла Малайзия, Индонезия ва Тайланд, филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон тибқи тартиб бо зерматни англисӣ намоиш дода мешаванд.
НАМОИШИ АСАРҲОИ РАССОМ ВА МУҶАССАМАСОЗИ ОЛМОНӢ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ Гюнтер Уэккер ташкил карда мешавад.
Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Ташкилоти санъат ва фарҳанги байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар мулоқоти директори Осорхонаи Зафаршо Иброҳимзода бо роҳбарони Ташкилоти мазкур Афшин Дерамбахш ва Тилл Брекнер дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ ва эҷодӣ баргузор намудани намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ Гюнтер Уэккер дар Осорхонаи миллӣ баррасӣ гардид.
Дар назар аст, ки намоиши асарҳои рассоми мазкур моҳи майи соли равон дар яке аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардад.
НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ ЧАКАНДӮЗИЮ ГУЛДӮЗӢ ДАР ДУШАНБЕ
Имрӯзҳо ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ роҳандозӣ гардидааст.
Ин намоиш-фурӯш ҳунармандону чакандӯзон ва зардӯзонро аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ҷамъ оварда, имкон фароҳам меорад, ки ҳунари волояшонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод намоянд. Маҳз ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳунарҳои мардумии қариб аз байн рафта аз нав эҳё гардида, рушд меёбанд.
Бояд гуфт, ки ин иқдом ба хотири ҳифзи ҳунару ҳунармандӣ ва эҳёи анъанаҳои миллии мардуми тоҷик роҳандозӣ шудааст.
Ёдовар мешавем ки аз 1 то 21-уми марти соли равон дар дар Боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти чакандӯзию гулдӯзӣ баргузор мегардад.
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”