ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВРӮЗ ПАЁМИ НАВБАҲОРИ ВАТАН АСТ

НАВРӮЗ ПАЁМИ НАВБАҲОРИ ВАТАН АСТ

20 март 2025, Панҷшанбе
4
0


Пайғоми саҳар фурӯғи дашту даман аст,
Эҳсони саҳар бунафшаву ёсуман аст.
Дар дашту даман сабзаву гул мерақсанд,
Наҷвои муҳаббат ба сари анҷуман аст.

Наврӯз  саломи навбаҳори Ватан аст!
Наврӯз  паёми миллати бешикан аст!

Ҳар  сабза намои меҳри тобандаи мост,
Ҳар лола рухи нигори дар хандаи мост,
Аз шохаи ҳар нахл фараҳ меборад,
Некӣ самари вафои пояндаи мост.

Наврӯз фару саодати марду зан аст!
Наврӯз  паёми миллати бешикан аст!

Имрӯз баҳори мо гулафшон омад,
Булбул ба навову гул ба ҷавлон омад.
Бикшой дари дидаву дилро, бикушой,
Наврӯз омад, ба ҷони мо ҷон омад.

Наврӯз  паёми васл бар ҷону тан аст!
Наврӯз  паёми миллати бешикан аст!

Гулдухтари зебо ба чаман мерақсад,
Дар атласу адрасу чакан мерақсад,
Имрӯз Замину Осмон доранд ид,
Ҳар нахли гулафшони Ватан  мерақсад.

Наврӯз таронаи замону заман аст!  
Наврӯз паёми Пешвои Ватан аст!


НАВРӮЗИ МО

Бодо муборак дар ҷаҳон Наврӯзи ман, Наврӯзи ту,
Аз меҳр бодо гулфишон ҳар рӯзи ман, ҳар рӯзи ту!

Суру наво, нуру сафо бо он  гулафшон омада,
Аз ишқ дорад арғувон Наврӯзи ман, Наврӯзи ту!

Аз ханда гулафшон бувад, аз бӯса атрафшон бувад,
Аз осмон анбарфишон Наврӯзи ман, Наврӯзи ту!

Пайки саодат мебарад, некӯ рисолат мебарад,
Аз  бекарон то бекарон Наврӯзи ман, Наврӯзи ту!

Бо номи неки тоҷикон шуд шӯҳраи давру замон,
Дорад саломи бостон Наврӯзи ман, Наврӯзи ту!
Меҳри  ҳазоронсоларо оварда то даврони мо 
Ҷашни Замину Осмон Наврӯзи ман, Наврӯзи ту!

Дар ин фурӯғи файзу фар, шуд бахти тоҷик ҷилвагар,
Иди Замин, иди замон Наврӯзи ман, Наврӯзи ту! 

Аз мо муҳаббат мебарад, файзу саодат мебарад
Бар мардуми рӯи ҷаҳон Наврӯзи ман, Наврӯзи ту!

Камол НАСРУЛЛО, 
Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 20.03.2025 №: 60
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив