БОЗТОБИ “ҶУМҲУРИЯТ" ДАР НАШРИЯИ “АЛ-МУВОТИН”-И МИСР
Нашрияи мисрии “Ал-Мувотин", ки яке аз серхонандатарин рӯзномаҳои кишварҳои араб ба ҳисоб меравад, доир ба пайдоиш ва таърихи ташаккули рӯзномаи “Ҷумҳурият" матлаберо рӯи чоп овард. Ин мавод, ки зери унвони “Ҷумҳурият" – мактаби бузурги таърихи фарҳанги тоҷик дар асрҳои ХХ-ХХI" нашр гардид, нуфузи “Ҷумҳурият"-ро аз Тоҷикистон то мамлакатҳои Халиҷи Форсу кишварҳои қораи Африқо бурд.
Мавриди зикр аст, ки расонаи "Ал-Мувотин" дар инъикоси ҳодисаву рӯйдодҳои Тоҷикистон дар фазои иттилоотии кишварҳои араб нақши бориз дорад. Нашрия танҳо дар се моҳи соли ҷорӣ доир ба Тоҷикистон 28 хабару гузориш ва мақола чоп кардааст, ки фарогири мавзуъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки таҳия ва нашри матолиби вобаста ба вазъи дохиливу хориҷии кишвари мо дар расонаҳои мисрӣ нишон аз таваҷҷуҳи ВАО-и Миср ба Тоҷикистон мебошад, ки дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Миср шакл гирифтааст. Дар ин росто, пӯшиши иттилоотӣ ёфтани навгониҳои Тоҷикистон дар нашрияҳои Миср диёри моро беш аз пеш ба сокинони мамолики араб ошно месозад. Муҳимтар аз ҳама, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни ду мамлакат нақши созгор мегузорад.
Қобили зикр аст, ки мақолаи чопшуда доир ба “Ҷумҳурият” ва ҷашни садсолагии он ба қалами яке аз хомакашони сермаҳсули идораи рӯзнома Бузургмеҳри Баҳодур тааллуқ дорад. Ҷойи ифтихор низ ҳаст, ки дар зери матолиби чопшудаи бонуфузтарин расонаи Миср номи корманди эҷодии рӯзномаи “Ҷумҳурият” сабт шудааст.
Дар ин росто хидмати ду шахси дурандешу донишёри тоҷик ва мисрӣ ҳам қобили ситоиш аст. Яке Муҳаммадҷон Мусозода, корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки мақолаи “Ҷумҳурият" – мактаби бузурги таърихи фарҳанги тоҷик дар асрҳои ХХ-ХХI"-ро ба забони арабӣ тарҷума кард ва дигаре Фотима Бадавӣ, бонуе, ки дар чанд соли охир бештар аз даҳ мақола дар бораи Тоҷикистон ва сиёсати бисёрсамтаи он чоп кардааст. Ин ду қаламкаш ва тарҷумонҳои кордида сабаби чопи мақола шуданд.
Ғайр аз ин, нашри мақолаи мазкур дар остонаи 100-солагии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” мужда аз он аст, ки нуфузу эътибори рӯзномаи рақами яки кишвар сарҳадҳоро убур мекунад ва дар қатори дарозумртарин нашрияҳои ҷаҳон ёд мешавад.
Шодмон АБДУРАҲИМ, "Ҷумҳурият"
Ёддошт: Кормандони рӯзнома ҳоло бо Фотима Бадавӣ, рӯзноманигори мисрӣ, дар робитаанд ва дар кӯтоҳтарин фурсат доир ба фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ, кори ӯ дар инъикоси рӯйдодҳои муҳимтарини Тоҷикистон мақола омода мекунанд.
Санаи нашр: 03.04.2025 №: 65