ТАҲКИМИ СУЛҲИ АБАД СИЁСАТИ СУЛҲҶӮЁНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ СТРАТЕГИИ ГУСТАРИШИ МУНОСИБАТҲОИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН, ӮЗБЕКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН
Таҳкими сулҳ ва ҳампаймонӣ дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бо роҳандозӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти татбиқи сиёсати минтақавӣ ҳамкориҳои густурдаро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба роҳ мондааст.
Муносибатҳои дипломатие, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон барқарор шудаанд, ҳамчун муносибатҳои таърихӣ, фарҳангӣ, эътимоду боварӣ ва иқтисодиро байни кишварҳои бо ҳам дӯсту ҳамсарҳад мепайванданд. Дар тули асрҳо халқҳои ин мамлакатҳо ҳамкорӣ намуда, мероси муштаракеро офаридаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ медорад. Имрӯз ин мероси таърихӣ барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ муҳим боқӣ мемонад. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон кӯшиш доранд, ки тавассути барномаҳои муштарак дар соҳаи илм, фарҳанг ва сайёҳӣ риштаҳои таърихиро боз ҳам мустаҳкам кунанд.
Дар масири роҳандозии чунин ҳамкориҳои густурдаи минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 31-уми марти соли равон дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ мулоқоти сеҷонибаи сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Музокироти сеҷонибаи президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ба шумор меравад.
Дар пасманзари ин музокирот санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарварони давлатҳо – ба имзо расид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд. Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем». Ҳамчунин, дар идома Сарвари давлати мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номиданд.
Дар фарҷоми суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони се кишвари ҳамсоя «ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд».
Ба ҳам омадани роҳбарони давлатҳои ҳамсоя дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои минтақа, густариши равобити иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию амниятӣ, инчунин, ҳамзистии осоиштаи халқҳои тоҷик, ӯзбек ва қирғиз ба заҳмату талошҳо ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди амиқ дошта, ба таҳкими сулҳи абад дар минтақа, махсусан ҳамсоякишварҳои мо нигаронда шудааст.
Тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз шарикони муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ба шумор рафта, бо ин кишвари дӯсту ҳамсоя муносибатҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дар даҳсолаи охир бо суръати баланд рушд ёфтааст. Ин аст, ки дар ин ҷода даҳҳо созишномаву протоколҳо ва аҳдҳои гуногунҷанба ба тасвиб расонда шуда, мавриди иҷро қарор доранд.
Ҳамчунин, ба густариши ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ бо ин кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар бахшҳои гуногун конфронсҳои илмӣ-амалӣ, форумҳо, фестивалҳо, симпозиумҳо ва мулоқоти зиёиёни эҷодкор баргузор гардидаанд.
Марҳалаи нави тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистонро сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҷиҳати анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, иштирок дар Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-уми марти соли 2025 ташкил менамояд.
Дар ин раванд 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Бояд иброз намуд, ки рӯйдоди муҳим дар ин муддат зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва анҷом додани мулоқоти хоссаи сарварони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, ба имзо расидан ва мубодилаи санади муҳими таърихӣ– Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ба шумор меравад, ки санади мазкур дар ҳузури роҳбарони давлатҳо аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расид.
Марҳалаи нави бунёдӣ ва таърихии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон
Марҳалаи нави бунёдӣ ва таърихии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон бевосита аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон 12-13-уми марти соли 2025 оғоз гардид.
Дар пайванд бо ҳампаймониву дӯстӣ ва шарикии ҳамешагӣ зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон 13-уми марти соли 2025 санадҳои муҳими таърихиву бунёдӣ баҳри рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расонда шуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расид.
Ҳамчунин, 31-уми марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд, ки дар ин зимн, тавсеаи нави ҳамкориҳо бо тасдиқи ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ ба вуқуъ пайваст.
Аз ҷумла, дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хоссаи сарварони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифта, чунин санадҳои таърихӣ ба тасвиб расонда шуданд:
– Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон;
– Созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ»;
– Созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард».
Санадҳои мазкур аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров ба имзо расиданд, ки бори дигар ташаббускориву пешсафии кишвари моро дар масири сулҳу осоиштагӣ ва ҳамдигарфаҳмиву рафоқат бо ҳамсоякишварҳо бозгӯ менамояд.
Инсондӯстӣ, ҳамбастагӣ ва ризоият – унсурҳои меҳварии Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Ҷашни Наврӯз, ки рамзи эҳё, ҳамбастагӣ ва меҳру муҳаббат ба инсоният аст, дар фазои сулҳу субот таҷлил гардид. Наврӯзи имсола бо шаҳомату таҷаллӣ ва ҳаводиси таърихии он барои халқу миллатҳои Осиёи Марказӣ, махсусан ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон махсусияти хоссаро дар худ таҷассум намуд. Чунки ин Ҷашни қадимӣ дар шаҳри Хуҷанди бостон 31-уми марти соли 2025 бо иштироки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо намоиши барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар баргузор гардид.
Бояд иброз намуд, ки аҳамияти хоссаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯзи имсоларо як қатор рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва имзои аҳдномаҳову созишномаҳои дӯстиву ҳампаймонӣ ташкил менамояд. Ба имзо расидани санадҳои таърихии болозикр дар арафаи Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ ва фарорасии фасли эҳёи табиат бори дигар намунаи барҷаста ва далели гӯёи ба принсипҳои инсондӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимод ва накуҳамсоягӣ асос ёфтани сиёсати инсонмеҳварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад.
Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар Барномаи фарҳангӣ ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз 31-уми марти соли 2025 иброз доштанд: «Басо рамзист, ки вохӯрии мо дар айёми ҷашни Наврӯзи пуршукӯҳ – намоди бедоршавии табиат, марҳалаи нави гардиши зиндагӣ ва боварӣ ба ояндаи беҳтар сурат мегирад. Ғояву анъанаҳои тағйирнопазири Наврӯз ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозанд. Боиси фараҳмандист, ки мардумони мо ҳамеша барои ҳифзу ғанӣ гардондани анъанаҳои неки он – бародарӣ, ризоят, ҳамдилӣ саъю талош карда, онҳоро то ба рӯзҳои мо расондаанд. Ин Ҷашн дар тули асрҳои зиёд барои таҳкими ғояҳои олии башардӯстӣ, фазои эҳтироми муштарак ва созгорӣ хизмат менамояд».
Ҳамчунин, дар маросими Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров баромад намуда, зикр карданд: «Дӯстии мо - се кишвари ҳамсоя ба монанди он се дарахтони як боғ мебошад, ки чӣ қадаре наздик бошанд, реша давонда заминро мустаҳкам месозанд, дар мавсими баҳорон авҷи тоза гирифта, минбаъд меваҳои хубу ширин ба бор меоранд».
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баромад намуда, зикр карданд: «Хатти марзҳо, ки кишварҳои моро мепайвандад, инҳо хатҳои дӯстиву ҳамсоядорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошанд».
Ҳамин тариқ, Наврӯз фарогири таърихи гузаштаву имрӯзаи миллати тоҷик буда, ҷавҳари аслии он гузариш ба фасли нави зиндагӣ, дӯстиву муҳаббат, шодиву хурсандӣ ва амалишавии орзуҳо маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, ба созиш омадан, бо ризоят ва дар фазои эҳтироми тарафайн ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта низ аз суннатҳои деринаи Наврӯзи бостонӣ маҳсуб ёфта, бо ин амали нек умед аст, ки муносибатҳои байнидавлатии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар пешбурди умури давлатдорӣ бар пояи эътимоду боварии ҷонибҳо рушду густариш меёбад.
НАСРИДДИНЗОДА Эмомалӣ Сайфиддин,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Санаи нашр: 08.04.2025 №: 67
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН