ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ҲАМ ДУРАХШОНТАР МЕШАВАД

Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубину дастгирии ятимону маъюбон, пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтӣ меандешад.
Дар шароити зиёд шудани буҳронҳои ҷаҳонӣ иқдоми баланд бардоштани маоши вазифавӣ, сарфи назар аз таъсири буҳронҳо ба буҷети давлатӣ, аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат дар беҳтарнамоии шароити зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ қариб ҳамасола маоши вазифавии кормандони соҳаи буҷетӣ афзуда, дар кам кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини некуаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар нақши калон дорад.
Зиёдшавии маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақаву стипендияҳо аз раванди татбиқи сиёсати иҷтимоии кишвар шаҳодат дода, боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ ва ҳавасмандии кормандони соҳаҳои мазкур шуда, масъулияти онҳоро дар беҳтар кардани самтҳои фаъолият зиёд мегардонад. Иқдомҳои наҷиби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар равона гардида, дар ин замина, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Агар ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба аҳолӣ дар панҷ соли охир назар андозем, мебинем, ки сол ба сол нафақаи нафақагирон аз рӯи синну сол, маъюбӣ ва маҳрум шудан аз саробон афзудааст.
Зиёдшавии нафақаҳо дар соли рафта нисбат ба дигар солҳо фарқ карда, аз якуми июли соли 2024-ум 30 фоиз аз андозаи муқарраршуда индексатсия гардид, ки барои беҳтар шудани шароити зиндагии нафақагирон мусоидат намуд.
Дар идомаи дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор аст, дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якуми сентябри соли 2025 нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, инчунин, иловапулиҳо тибқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия шавад. Натиҷаи зиёдшавии нафақаҳо имкон медиҳад, ки шароити зиндагии нафақагирон боз ҳам беҳтар мегардад.
Фаридун ЗУҲУРОВ,
муовини сардори раёсати
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара

Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН