МАНЗУМАИ НАВРӮЗӢ

19 март 2026, Панҷшанбе
27


ОҒОЗИ СУХАН
Солҳо бас мегузаштанд аз давоми шуравӣ,
Кай буд аз оину аз фарҳанг арҷи маънавӣ.


Чун зи байни мардумон омад ба арса Пешво,
Шуд зи нав фарҳанги қавми ориёӣ ҷобаҷо.


Боз омад навбаҳори ҳам замину ҳам замон,
Ҳам дарахтон ғунча оварданд андар ҳар макон.


Кард пайванд арсаи бигзаштаву ояндаро,
Пеша кард ойини роҳу шеваи созандаро.


Мо ки кардем анъана Наврӯзро андар амал,
Ибтикори Пешво ҳаст ин ҳама ҷаҳду ҷадал.


Вожаи Наврӯз "Нукруч" аст андар паҳлавӣ,
"Нук" ба маънои "нав", асту "руч" рӯзи хусравӣ.


Маънии "Наврӯз" - "рӯзи нав", каломи тоҷикӣ,
Рӯзи пирӯзии мавҷи равшанӣ бар торикӣ.


Ҷашни Наврӯзӣ бувад худ хоси аҳли Ориён,
Аз Хуросон то Вароруди Аҷам, қисми ҷаҳон.


Чунки аз Наврӯз то Наврӯз гашта мо бузург,
Ҳам қавию устувор, андешаҳомон ҳам сутург.


Номи Наврӯзӣ, ки буд дар асл Наврӯзи баҳор,
Ҷашни Ҷамшедию ҷашни Соли нав, ҳам фасли кор.


Рӯзи Ҳурмузию Султонӣ ва ё Рӯзи ҷалол,
Рӯзи бахшишу муросо, дӯстӣ, н-ояд малол.


Бешумар осорҳо буда зи Наврӯзӣ паём,
Наршахӣ, Берунию Фирдавсӣ гуфта бас калом.


Айнию Синою Гардезию Хайём эҳтиром,
Аз Камолу Ҳофизу Саъдӣ баланд ояд мақом.


Ҳаст Наврӯзӣ чу ҷашни ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ,
Дур созад кина аз дил, бухлу буғзу хастагӣ.


То ба ин рӯз ин маросим паҳн шуд дар Осиё,
Чунки "Наврӯзӣ" ҳаме гӯянд онҳо мисли мо.


Ҳаст Наврӯзӣ чу хурсандию шодию нишот,
Равшанӣ бар тирагӣ пирӯз дар ҷашни наҷот.


Ҷашни бас покизагию тозагии хонадон,
Бахши ҷурму баҳри бандиҳои умр авфи калон.


Карда бас маъруф он тоҷикро дар баҳру бар,
Муҷиби пайвандии мо ҳаст бо аҳли башар.


Шоҳпули мозию ояндаи таърихи мо,
Ҳам сиришти маънавӣ, ҳам сарнавишти Ориё.


Баҳри мардум ҷашни Наврӯз арзиши фарҳанг шуд,
Ҷашни халқони дигар бо ҷашни мо ҳамранг шуд.


Иди Наврӯзии мо шуд ҷашни фарҳанги ҷаҳон,
Қайд гардад ин маросим бо ҳама дар як замон.


Ҷашни Наврӯзӣ бигашта ҳувият бар тоҷикон,
Ҳиссиёти худшиносиҳои аҳли ин макон.


Ин бишуд як арзёби беназири халқамон,
Чун шавад таҷлил бо урфи тамаддун дар ҷаҳон.


Рӯзи Наврӯзӣ бубахшад нур бар ҳар хонадон,
Покии эҳсоси армон дар вуҷуди одамон.


ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ НАВРӮЗ


Рамзи ҷаннат ҳаст Наврӯзӣ дар ақсои замин,
Бас накукор аст, ҳар кас баҳравар гардад аз ин.
Чун табиат мешавад бедор дар ҷисми касон,
Ҷунбиши ҳастист баъди сардию фасли хазон.
Чаҳ-чаҳи мурғон, қатори турнаҳо андар само,
Дар замин рӯяд гулу сунбул, гияҳҳо ҳар куҷо.
Олами ҳастию одам, обу хок аз иртибот,
Адлу инсоф аст беҳ аз ҷаҳлу қаҳр бо ҳар сифот.
Дар ҳама айём бин, бар марг зид ояд ҳаёт,
Гарм пирӯз аст бар сард, асл гардад босубот.
Мерасад хайру саховат бар ятиму бекасон,
Меҳр ояд, ҳам садоқат, ин ҳама ганҷи гарон.
Ақлу зеҳну фаҳму идроканд ҷамъ андар бадан,
Хуш ба ҳам оянд якҷо бо ҳаловат ҷону тан.
Шукри даврон, Тоҷикистон меҳани Наврӯз шуд,
Дар баҳорон ҷашнро хурсандияш ҳар рӯз шуд.
Корҳои сабзи саҳроӣ бигашта боз беш,
Файзи деҳқонро самарҳо беш гардида зи пеш.
Ҷашни Наврӯзӣ бишуд хурсандии хурду калон,
Урфу расму ойини дерина шуд рангин зи он.
Ҳикмати Наврӯз гардид арзиши инсон, яқин,
Рамзи он гашта суманак, сабзаву кишти замин.
Анъана, суннат дар ин Ҷашн аст чун омил муҳим,
Баҳри ҳамзистии халқи даҳр бо аҳли муқим.
Муътабар шуд ойини ахлоқу симою само,
Гашта зебо ин табиат, ҷумла дар нашъунамо.
Аз сиришти одамӣ кину адоват карда дур,
Меҳру шафқат, дӯстию эҳтиром орад сурур.
Мо аз ин Ҷашни хуҷаста нек созем ифтихор,
Карда мо таҷлилу эҳё ин нишот, ин ибтикор.
Урфу одат, ҳам фазилатҳои неки маънавӣ,
Ҳам таҳаммул хушпазирӣ шуд шиори «Маснавӣ».
Як рисолат дошта: сабзондани нахлу ниҳол,
Бо ташаббус, рушд, ободӣ, ҳама бо ин мисол.
Ҷашни фаррух хусравонӣ ҳаст аз аҷдоди мо,
Решаю устураҳо сармашқ аз авлоди мо.
Панди ӯ пиндору гуфтор аст, ҳам кирдори нек,
Аз хурофоту зи зиштӣ боядо парҳез лек.
Ҳусни ҳамоҳангию ҳамбастагии одамон,
Дар тавозун, ҳам тафоҳум бо табиат якзамон.
Аз паёми ибратомӯзи ниёкони қадим,
Оини шоистагии умр дар баҳри азим.
Арзи оромишу даври даврон созандагӣ,
Назми неки рӯзгори олами бошандагӣ.
Ваҳдату ҳусни тафоҳум қудрати ин ҷамъият,
Ҳаст дар хулқи азизон аз гузашта ирсият.
Арҷи Наврӯз аст андар назми гардун эътидол,
Иҷтимою иртибот андар мизон як даври сол.
Аз қадим омад гулафшон ҷашни подори ҷаҳон,
Дар ҳаёти одамӣ чун омили ёрирасон.
Оварад ҳамбастагии обу хоку марзу бум,
Руҳи рахшони тамаддунҳо ба талқини улум.
Ҳалқаи сарбастаи пайванди ҳар давру замон,
Қуввату дармони миллат, баҳри мардум ҷисму ҷон.
Дар ҳалли душворҳо масъули ҳақ аз ҳар ҷиҳат,
Иҷтимоъу иқтисоде дорад он аз ҳар сифат.
Ҳаст моро ибтикори маърифат созанда, бин,
Иди Наврӯз аст худ мероси фарҳангӣ, яқин.
Сархати пайғоми ӯ бод, оташу обу замин,
Арзиши инсон бувад ин, пос доремаш матин.
Файзи Наврӯзӣ ғубор аз домани дунё барад,
Сарнавишти насли одам ҳаст, пайванди хирад.
То шавад, аз байн бардорем қасду зиддият,
Дӯстии халқу миллатҳо муҳим бо ҷиддият.
Рамзи навсозист Наврӯз аз барои тоҷикон,
Аз ниёгон мужда орад зиндагиро ҳар замон.
Ҷавҳари аслист онро ваҳдати инсоният,
Дошт бояд ҳам ҳадаф дар умр, ҳам имконият.
Тору пудаш васл бо Наврӯзу бо таърихи он,
Чун адаб, фарҳанг маънӣ гашт ӯро итминон.
Гашта Наврӯзӣ чу ҷашни зиндаи аҳли ҷаҳон,
Муждаи соли наву сабзиш ба олам якзамон.
Чун расад Наврӯз, ояд бар табиат рӯзи беҳ,
Беш гардад ризқу рӯзӣ ин замон дар шаҳру деҳ.
Халқи мо ин ҷашнро ҳамчун забони модарӣ
Ҳифз кард аз нестӣ садсолаҳо бо боварӣ.
Ҳамчу истиқлоли нусратбахшу ҷашни мардумон,
Ғояҳои зиндагии мардуми рӯи ҷаҳон.
Ҷашни Наврӯз омад аз Каюмарсу Куруши Кабир,
Борбад, то Хусрави Парвизу Сомонӣ Амир.
Ҳар яке доданд онро муҳтавою манзалат,
Бо шукӯҳи тоза эҳё кардаанд аз ҳар ҷиҳат.
Аввали соли нави шамсӣ ба ҳангоми баҳор,
Хуш дақиқан ин шабу рӯз аз барои киштукор.
Ном то Хайём бар тақвими хуршедӣ ниҳод,
Чунки рӯзу шаб дар ин мавсим баробар уфтод.
Шуд барои тоҷикон чун дафтари тафсилҳо,
Фалсафа, фикру тахайюл, ҳикмату таҳлилҳо.
Мунъакис ишқу муҳаббат пок баҳри зиндагӣ,
Ҳам паёми рӯзи тоза, ҳам раҳи пояндагӣ.
Равшанию гармию файзи баҳорӣ доимо,
Ҳам насими фораму ҳам сози най андар само.
Ҳам садои хушнавои кӯдакони меҳу кеҳ,
Ҳам садои оҳую мешу бара дар кӯҳу деҳ.
Урфу одат шуд на танҳо форс – тоҷикро яқин,
Халқҳои Осиё омехтанд аслан зи ин.
Меҳвари Хуршед ояд чун ба даври ин Замин,
Кулли мавҷудоту инсон руҳ гирад аз ҳамин.
Ҷавҳари бас тобноке ҳар сари соле расад,
Арзиши пурмуҳтавояш дар вуҷудаш беадад.
Ҳамчу рамзи бурд ё худ бохти таърихи хеш
Карда тасвир Ориёро муҳтавояш беш-беш.
Офтоб аз бурҷи Ҳут ояд чу бар бурҷи Ҳамал,
Кори саҳро мешавад дар ҷӯш, деҳқон дар амал.
Рамзи Наврӯз юғу испор асту ҷуфти барзагов,
Суманак, оташпарак, яъне, паридан аз алов.
Низ фарҳанги дигарҳо ҷашн шуд монанди мо,
Мужда шуд, оҳанг бо мо навбаҳорон ҳамсадо.
Ҷашни Наврӯз аст иди рақсу гулбазму суруд,
Гирди оташ давр гашта, гуфта бас бо ҳам дуруд.
Бо вуҷуди тохтутозу истилои аҷнабӣ,
Ҳифз кардем ин забон, ин Ҷашн, базми воҷибӣ.


РИВОЯТҲО ОИД БА НАВРӮЗ


Як ривоят ҳаст, Ҷамшед омаду нав кард дин,
Ҷашн шуд он ҳамчу рӯзи нав дар ақсои Замин.
Тахт гӯё сохт Ҷамшеду биомад рӯи он,
Ҷину дев аз ҳашмати Ҷамшед бигрехт он замон.
Боз мегӯянд бидрахшид Ҷам чун Офтоб,
Рӯз равшан гашт з-ин рахшидани олиҷаноб.
Ҳаст чанде боз нақлу қиссаву андешаҳо,
Низ баҳри рушди оянда фаровон пешаҳо.
Гуфт Хайём чун Каюмарс омада мулки Аҷам,
Дар тулуи Офтоб ӯ кард хуш қавлу қасам.
Гуфт з-ин тақвим минбаъд арҷи рӯзу шаб шумар,
Ҷашн Ҷамшед он абера карда худ бори дигар.
Даврае рӯзи малик ҳам буда бар Наврӯз ном,
Ҳаст ин дар дастхатҳои басо воломақом.
Нек буд Наврӯз андар давраи Аббосиён,
Мебарафрӯхтанд оташ дар гузаргаҳҳо равон.
Сайру сайёҳӣ буд андар давраи Сафавиён,
Ҳашт рӯз ин Ҷашн буд он аҳдҳо андар миён.
Сайри лола ном-ш бинҳоданд аҳли Осиё,
Карда бас оташпарак халқони деҳ, даври зиё.
Авфу бахшиш карда бар ҷурму гунаҳ бас ҳокимон,
Дур кардан кина аз дил, ҳам набудан бадгумон.
Хиргаҳи шоҳӣ дурахшон буд андар дашту кӯҳ,
Сайри саҳро баски буд як рукни ҷашни бошукӯҳ.
Ҷашни Наврӯзӣ буда хуш низ дар зардуштиён,
Бисту як рӯз арзи ҳастӣ дошт бо арҷи гарон.
Аҳриман мағлуб шуд, Ҷамшед андар тахт шуд,
Рӯзи нав омад, халоиқ хурраму хушбахт шуд.
З-ин сабаб ин рӯзро гуфтанд мардум рӯзи нав,
Ҳамчунон рамзи табаррук кошта дар зарф ҷав.
Буд суннат ҳадя бар ҳам додану кардан алов,
Пухтани умочу угро, далдаву оши палов.
Карда омода ҳаме Ҷамшед қанди найшакар,
Ҳадя ширинӣ бубахшанд ин замон бар якдигар.
Эътиқоде буд, касе гар ҳар саҳар нӯшад асал,
Дар давоми сол ҳаргиз ӯ намегардад касал.
Қанд хӯрд он кас ба рӯзи шаш агар пеш аз сухан,
Ӯ тамоми сол гардад некбахт, осудатан.


ТАЪРИХИ НАВРӮЗ


Ҷашни фарвардини қавму мардумони Ориё,
Аз Авасто солбишморӣ ба марзи Осиё.
Иди Ҷамшед, иди оғози баҳору соли нав,
Ҷашни деҳқон, файзу эҳсон, кишти
гандум кишти ҷав.
Тахти Ҷамшедист рӯзи аввал аз мулки Аҷам,
Соли хуршедист, гӯянд, аз каломи "Ҷам" ва "Йам".
Аз қадим ин Ҷашн сарсабз омада то асри мо,
Ҳам ба панду ҳам ба нақлу ҳам ба назму насри мо.
Ин чу нопайдост ҳам пайвандиаш бо ҳизбу дин,
Дарки ҳастӣ, ҳам табиат Офтобу ҳам замин.
Даргузашти фасли дай, омад таманнои Ҳамал,
Вақти ҷунбиш, вақти меҳнат, вақти ҳар кору амал.
Кӯҳшоҳ аз "Шоҳнома" ҳаст моро қаҳрамон,
Аз Авасто Гайа Мартан карда тасдиқ ину он.
Гашта аз даври Каюмарс солбишморӣ чу сар,
Офтоб он дам, ки аз бурҷи Ҳамал омад бадар.
Гаҳшумори ахтарон сар шуд зи қаъри бостон,
Аз гаҳи Гаршоҳу тоҷу шаҳ ҳазорон достон.
Гашта Ҷамшед аз қазо шоҳаншаҳи Пешдодиён,
Рӯзи ғолиб гаштани некӣ ба зиштӣ он замон.
Дар ҷило Ҷамшед буд чун Офтоби осмон,
Рӯзи нав оғоз шуд з-он давр дар рӯи ҷаҳон.


НАВРӮЗ ДАР АҲДИ ҲАХОМАНИШИЁН ВА АШКОНИЁН


Ёфт зинат Персеполис – орази шаҳри қадим,
Шуд бапо таҷлили Наврӯз – ин абарҷашни азим.
Туҳфаи наврӯзӣ аз даврони Ҳахоманишӣ,
Буд баҳри адлу осоиш ва инсофу хушӣ.
Низ буд Наврӯзӣ андар давраи Ашкониён,
Моҳ Озармоҳ номаш, сарду гарм андар миён.
Шуд бапо шаш рӯз Наврӯзӣ, аҷаб иди калон,
Бар фақирону ятимон гашта бас ёрирасон.
Чун бишуд Наврӯзи моро сол беш аз шаш ҳазор,
Ҳамчу Ҷашни суннатӣ мерос шуд он пойдор.


НАВРӮЗ ДАР АҲДИ СОСОНИЁН


Авҷи Наврӯзӣ бигашта давлати Сосониён
Ном бинҳоданд пас "Рӯзи умед" андар ҷаҳон.
Рӯзи аввал буд чун иқболи қабули мардумон,
Рӯзи дуюм волиҳову анбиёҳои замон.
Рӯзи сеюм рӯзи диндорону аз руҳониён,
Рӯзи чорум рӯзи фарзандону пайвандони ҷон.
Рӯзи панҷум дар маросим рӯзи хоси модарон,
Зан фаришта, поку озода, ба шавҳар меҳрубон.
Буд "Наврӯзи бузург" унвони рӯзи шаш ба ком,
Амну осоиш, тараб, базми шаҳон буд субҳу шом.
Рӯзи "Исфандормӯз"-ш гуфтаанд аз баҳри зан,
Чунки мардон бар занон карданд эҳдо ҷону тан.
Обпошӣ дар канори ҷӯйҳо бар якдигар,
Муждагирон гуфтаанд аз хуррамӣ вақти саҳар.
Расму оин буд чашидан аз шакар ё аз асал,
Пеш аз оғози сухан иҷро кунад дигар амал.
Баҳри мардум карда шоҳон аз фазилат сикка нав,
Ҳар якеро карда инъом аз карам як халта ҷав.



НАВРӮЗ ДАР ДАВРАИ СОМОНИЁН
Гашт беҳ Наврӯзӣ андар давраи Сомониён,
Рӯзи эҳсоси ҳақиқат бар ҳама пиру ҷавон.
Ёфт Наврӯз авҷ аз ангезаи озодагон,
Форсро маъруф карда бештар андар ҷаҳон.
Шуд баёнгар бар шаҳомат, бар бузургӣ, салтанат,
Ифтихори ҷумла аҷдодони шоҳ аз ҳар ҷиҳат.
Рӯзи аввал аз кишоварзон бувад, ё рӯзи дон,
Рӯзи дигар дода унвон ҳамчунон рӯзи муғон.
Дар Хуросон ин санад чун рӯзи истиқлол шуд,
Ҳамчу дастовез аз баҳри ҳама иқбол шуд.
Чун бигашта иди миллӣ рӯзи Наврӯзи Аҷам,
Солҳо дарборҳое ҷашн карда бешу кам.
Рӯзи Наврӯзӣ ниҳоят ҷашни ҷамшедӣ бишуд,
Аз миён ҳар шакку шубҳа ин шаҳомат даррабуд.


НАВРӮЗ ДАР ДАВРАИ ШУРАВӢ
Давраи эҳёи Наврӯз - аҳди шуроӣ расид,
Аз хурофот орӣ шуд он давр ин пайки навид.
Гар набуд Наврӯзи навро хуш пазироӣ қарор,
Вақти имкон ҷашн бигрифтанд боз аҳли диёр.
Ҷашн мекарданд дар саҳрову дар кӯҳу камар,
Карда барпо ҷашни хурсандию шодии башар.
Халқро таърих шуд ин давраи бисёрсол,
Саҳми он Наврӯзро карда мукаммал қадри ҳол.
Ин на танҳо буд як тамсили шодию нишот,
Пешрафти ҳам тафаккур, ҳам мизони коинот.
Ҷунбиши сайёраҳо дар ҳар вуруди соли нав
Фасли гармӣ ояду бар сардӣ ояд вақти рав.
Ин бишуд оғози рушди кори деҳқони асил,
Чун бикорад базри хайр аз мағзи ҷон, аз таҳти дил.


НАВРӮЗ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ
Чун биёмад даври истиқлолу асри ифтихор,
Ҷашни Наврӯз оммавӣ шуд, ҳам ба даҳр овозадор.
Гашта Наврӯзӣ яқин байналмилал андар ҷаҳон,
Пешво дар Созмон эълом кард иқдоми он.
Гар набуд Наврӯзро такя ба илми мактабӣ,
Насл бар насл омад ин иқдоми ғайримазҳабӣ.
Иҷтимоу ҳикмати Наврӯз азбаски фузуд,
Нур эҳё гашту аз дилҳо адоватро зудуд.
Буд иде дар дилу дар ҷисму ҷони мардумон,
Ҳамчу фахру шаъну шону фазли халқи Ориён.
Ин чу ҷашни арҷи таърихию фазли тоҷикон,
Ҳамчу рамзи зиндагӣ, оғози рушди ин макон.
Ҷашни пайвандии ҳар як насл дар даврони нав,
Дӯстию ҳамдилӣ, ҳамкорию ҳам ойу рав.
Ҷашни ҳар миллат, қабоил, мазҳабу дину нажод,
Ҷашни сулҳу дӯстдорӣ, дурӣ аз ҳар як тазод.
Чун биёрад пайки озодию ободӣ мудом,
Шодию хушбахтию эҳсону умри бардавом.
Кошта бас тухми шафқат, ҳам садоқат, эҳтиром,
Ёриву ҳамзистию ваҳдат бувад онро маром.
Чун биёрад ҳар касеро руҳи тоза, рӯзи хуш,
Ҳам насими форами дилкаш расад бар ҳушу гӯш.


Оқибат Наврӯз ворид шуд ба феҳристи ҷаҳон,
Ин талоши Пешво тасдиқ шуд дар Созмон.


ТАНТАНАИ НАВРӮЗИ ИСТИҚЛОЛ
Ҷашни Наврӯз ид шуд дар кишвару дур аз диёр,
Гашт эҳё суннати мозӣ зи нав бо як қарор.
Туҳфаи наврӯзӣ инъомест чун расму русум,
Паҳн гашт овозааш бар дуру наздик дар умум.
Пешво ин рӯзро табрик месозад мудом,
Халқ хушҳол асту хуш ояд ба мардум ин маром.
Шуд намоишҳо фузун дар кишвари наздику дур,
Олимон масъулу мамнунанд андар ҷашни нур.
Дар намоишҳо ҳунарҳо, касбҳои мардумӣ,
Бас хӯриш, бас шираворӣ аз гиёҳу гандумӣ.
Зинда гашта озмунҳо, гӯштину бузкашӣ,
Кабкҷангу асптозӣ, дилхушӣ, лаззатчашӣ.
Се ҷиҳат ин Ҷашни наврӯзӣ: табиӣ мақдаме,
Аз ҳамагон будану фарҳангӣ он бошад ҳаме.
Аз риёзию нуҷум ин Ҷашн бунёдустувор,
Гардиши тақвими шамсӣ ибтидои киштукор.
Ин падида ҳаст тақдими табиат, ҳам замин,
Ҳар сари сол орад иқдоми саодатофарин.
Гардиши набзи замин дар гирди қурси Офтоб,
Дар қиём ояд чу фарвардин, биёбад обутоб.
Гардиши айём торӣ дораду ҳам равшанӣ,
Мешавад аз файзи деҳқон ҳосили кишвар ғанӣ.
Даври таърихист чун аз расму оини куҳан,
Хулқу одат, анъана, ҳам лаҳҷаю нутқу сухан.
Ин гувоҳи бостон бошад зи таърихи Аҷам,
Даври гардиш, даври гардун ҳамравиш бо як рақам.
Мардумони бостон хуш карда дар бар нав қабо,
Хурраму хушнуду шод аз накҳати боди сабо.
Ҳаст Наврӯз инчунин ҷашни ҳама аҳли зиё,
Рӯзҳои неки таҷлил аст пурсавту наво.
Рӯзи таҷлил аст моҳи март рӯзи бисту як,
Карда истиқбол меҳмон шод бо нону намак.
Рафта ин Ҷашн аз диёри мо ба Руму Ҳинду Чин,
Шоҳҷашни ҷашнҳо ин Ҷашн мебошад, яқин.
Шоду хуррам халқҳо оянд аз наздику дур,
Рӯзи ин Ҷашн одамон гарданд бо ҳам ҷамъу ҷӯр.
Қатънома Созмон омӯхт бар аҳли башар,
То ба ҳам оянд куллан мардуми аҳли назар.


ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ
Ҷашни наврӯзӣ буда дар соҳили дарёи Сир,
Ҳам фурӯши ҳосили дастӣ зи деқону фақир.
Буд номаш дар Самарқанду ба Хатлон даври сол,
Дошт гардиш дар тиҷорат байни мардум пулу мол.
Хонатаккон як маросим буд бар халқон муҳим,
Низ чоршанбеи сурӣ буд дар Эрон муҳим.
"Ҳафтсину ҳафтшин" чун расми машҳураш бубин,
Дар гаҳи "сездаҳбадар" қоқую ҳам савсан бичин.
Пеш аз Наврӯз кишта гандуму ҷав, ҳам нахӯд,
Боз мошу арзану шолӣ, ки фаҳмад фоли худ.
Фаҳм гардад, то кадомаш мекунад нашъунамо,
Он зироат баҳри деҳқон киштанаш ояд раво.
Он чи то ин дам зи сабки суманак бар кас расид,
Майсаи гандум дамиду шарбати онро чашид.
Сайри рӯзи сенздаҳ бо мардуми озод буд,
Баъди ин мардум ба хона поксозӣ менамуд
Гашта дар Наврӯз мири панҷрӯза интихоб,
Буд ҳукми мир воҷиб, ҳар хитобаш дар ҳисоб.
Мири маъмулӣ намеомад ба Наврӯзӣ ба кор,
Шоҳи нисбӣ ин замон мекард иҷро корубор.
Расми дигар, шоҳ оро дода машқи лашкарон,
Ин намоиш буд баҳри хасм як гашти калон.
Солшумори Яздигурдӣ буд зи фарвардин нишон,
Ҷашни баъди аввали ин моҳро ёбад ниҳон.
Буд муҳим пӯшиш ба наврӯзӣ ба бар дебои нав,
Ҳам харидан оина, кӯза, сипанд андар алав.
Ҳаст оин хотири фавтидаҳо рафтан мазор,
Аз маризон дидану пурсидани хешу табор.
Ҳам ривоят буд, ки ояд хона руҳи рафтагон,
Ҳам таом омода кардан аз барои мардумон.
Гуфта буд Хайём: Наврӯзист аз ислом пеш,
Буд дар ин ид чандин ҳафтаҳо инъом беш.
Чун ба фарвардин биёяд як агар рӯзи қамар,
Рӯзи наҳсаш гуфта, мекарданд аз меҳнат ҳазар.
Сенздаҳро бобулӣ пиндошта чун рӯзи шум,
З-ин сабаб таҳҷоиҳо берун раванд аз марзу бум.
Кӯдаке тавлид гардад, мешавад бемор ӯ,
Духтаре шавҳар кунад, нохуш шавад з-ин кор ӯ.
Бӯйи атри хонаҳову рӯбучину тозагӣ,
Шарбату ширинию ободию озодагӣ.
Буд суннат об пошидан ҳаме бар якдигар,
Дуд медоданд ҳам бо мум худро ҳар саҳар.
Аз Авасто омада, худро кунӣ бо об пок,
Дафъ гардад офати сол, он равад бар зери хок.
Рӯзи чоршанбеи сурӣ буд истиқболи хуш,
Рондани сездаҳбадар ҳамроҳ бо ҷӯшу хурӯш.
Шоҳро доданд хуш бо кӯзазарфи оҳанин
Оби зери осиёро духтарони маҳҷабин.
Дод шаҳ парвоз андар идгаҳ бози сапед,
Ҳам табаррук хӯрданиҳо дод зери нахли бед.
Расми дигар, оташи чоршанбеи фарҷоми сол,
Бурдани иллат, фасодот аз ҳаво бо ин хисол.
Инчунин, буд суннате эҳсон ба аҳли эҳтиёҷ,
Ҷамъ меоварда пулу мол чун боҷу хироҷ.
Деги пур ҳам буд дар ин рӯз як оину кеш,
Мешудаст аз хӯрдани серӣ касонро ризқ беш.
Тухм кардан рангу кардан тухмбозӣ буд савоб,
Аз гияҳҳо буд хуриш, ҳар навъ бирёну кабоб.
Дар Бухоро бар Сиёвуш карда қурбонӣ хурӯс,
Руста аз хунаш гули сурх, арғувон аҳли улус.
Дар манотиқҳои кишвар суҳбаторо субҳу шом,
Хурдани чукрию торон, бозӣ бо кабкони ром.
Ҷуфтбаророн суннати деҳқон ҳамебошад мудом,
Баҳри сар кардан дуо пире диҳад боэҳтиром.
Кабкҷангу тухмбозӣ дар маҳалҳо дар ривоҷ,
Ҳаҷву шӯхӣ, дорбозӣ, боз садҳо реву роҷ.
Ҳаст "Гулгардонӣ" оин аз гули фасли баҳор,
"Бойчечак" сайри гул ҳаст аввали лайлу наҳор.
Усма бар қошанд бонувон, ба дасту по ҳино,
Атр бар тан, гул ба чашму абруву дар рӯ по.


РАМЗИ НАВРӮЗӢ
Алғараз, Наврӯз дорад эй басо расму русум,
Рамзи тақвими ҳаёт аз ҳикмати илми нуҷум.
Рамзи ҷаннат ҳаст Наврӯзӣ дар ақсои замин,
Бас накукор аст, ҳар кас баҳравар гардад аз ин.
Рамзи некӣ, тандурустӣ, шодкомӣ бо фароз,
Нест кардан зарфҳои лабшикаста, ҷанда боз.
Рамзи Наврӯз юғу испор асту ҷуфти барзагов,
Суманак, оташпарак, яъне, паридан аз алов.
Карда гулханҳо калону хурд андар шаҳру деҳ,
Ранги зардамро бигиру ранги сурхатро бидеҳ.
Рамзи арзонӣ, фаровонист дар назми шуруъ,
Кишти дони гандуму ҷуфти замин ояд вуқуъ.
Ҷуфтронӣ буд бо юғу сипору барзагов,
Ҳам хуришҳо аз гияҳ, пӯдинаю райҳону ров.
Рамзи эҳёи замин, сарсабзии хуррамбаҳор,
Шодии гулбазм гулгардонию савти ҳазор.
Кокулу зулфони духтарҳо ҷамил аз барги бед,
Медиҳад роҳат гуворо нури дармонбахши шед.
Рамзи покию назифӣ, осмони ноби соф,
Ҳам либоси нав ба бар кардан чу дар тӯйу зифоф.
Гоҳ гӯянд омада аз аҳди Куруши Кабир,
Ҳам зи даври Ардашери Бобакони шергир.
Гоҳ гӯянд оламафрӯзаш ва гоҳе некпай,
З-аҳди Ҷамшед аст Наврӯзи Аҷам аз баъди дай.
Фолбикшоию гулгардонию идибарон,
Ҳинабандон, ҷуфтбаророн, ҳунарварпарварон.
Худ бувад ин рамзи меҳру шафқату одамгарӣ,
Дӯстии бо рафоқат, ишқу сидқу боварӣ.
Ҳам расидан бар муроду орзуву ормон,
Низ эҳёи замину зиндагию осмон.
СУМАНАК РАМЗИ НАВРӮЗ
Суманак пухтан маросим ҳаст дар фасли баҳор,
Гандуми дар об таркарда бигардад ширадор.
Ҳаст номаш суманак ё сумалак ё худ суман,
Сибунак ё сӣ малак гӯянд аз даври куҳан.
Суманак пухтан ба ду навъ аст ҳар мавсим зарур,
Ё ба дегу дегдон ё рӯи лахча дар танур.
Гандум андар об тар кардан бувад оину кеш,
Баъди се рӯз аз ғави гандум барорад сабза неш.
Гандуми бошира кӯбида ба ҳован бо ҳавас,
Шираро бо орд омезанд андар дег пас.
Амр шуд бар Маркази рушди тамаддун: Ориё,
Маркази байналмиллал – «Наврӯз» гардида ба по.
Чун бувад дар дег пухтанҳо суманак дилнавоз,
Гирди он рақсанд мардум бо ҳазорон савту соз.
Мешавад анҷом хуш пухтан суманакро сабоҳ,
Гашта он тақсим то шаб бар касони хайрхоҳ.
Ҳаст аслаш шираю шарбат ва сабза дар баҳор,
Чаҳ-чаҳи мурғону акси дилбару савти ҳазор.
Таъми он беҳтар бувад аз лаззати шаҳду шакар,
Қуввати ҷисму бадан, хушмазза ҳаст андар саҳар.
Баҳри меҳмон рӯзи Наврӯзӣ биороянд хон,
Иззати меҳмон ба ҷо, хурсанд аҳли хонадон.
Карда эҳсон сумалакро мо ба ёру дӯстон,
Дарки он дорем соли нав самар гирад аз он.
Иди Наврӯз аст аслан инъикосаш сумалак,
Рамзи он дар пойтахти мо шуда нури малак.
Мавсими Наврӯз дорад боз хуришҳои хос,
Далдаю умочу кочӣ, кашку ширбат бо сипос.
Ширбиринҷу кичирию отала, оши алаф,
Маскаву ҳам ширу қаймоқ оядо аз ҳар тараф.
Тупаву таҳмолу тарҳалво, мураббо бо шакар,
Шавлаю оши палав, ҳар сон ғизо чанде дигар.


МАФҲУМИ УМУМ
Чун бишуд Наврӯзи моро сол беш аз шаш ҳазор,
Ҳамчу ҷашни суннатӣ мерос шуд он пойдор.
Ин ҳама навовариҳо ҳаст ҷои ифтихор,
Расму оин зинда карда Пешво бо сад қарор.
Гашт воло фазлу дониш, чанд суннатҳои мо,
Хоса, Наврӯзу забон, фарҳангу зинатҳои мо.
Кард бас маъруф зармероси аҷдодонамон,
То биёмӯзем ҳикматҳо ба авлодонамон.
Гуфт идома ёбад илму фазлу кеш аз насли хеш,
Панду ҳикмат баҳрашон гардад ҳамеша дарс беш.
Ҷавҳари таъриху ҳам фарҳанги мо Наврӯз бин,
Дар фазои амни ӯ гулҳои авсофаш бичин.
Гашт Наврӯзии мо ҷашни хуши байналмилал,
Баҳри таҷлили сазовораш бибояд сад амал.
Ҷашни Наврӯз иди инсон, осмону ҳам замин,
Рабт бар мазҳаб надорад, низ бар оину дин.
Буд гар зери фишору ҷабру зулми душманон,
Боз, бин, маъруф гашт он ҳамчу як ҷашни калон.
Ҳаст худ Наврӯз рамзу тарҳи истиқлоли мо,
Дар ҳама мулку макон бемисл истиқболи мо.
Кард эҳё Пешво Наврӯз – ҷашни тоҷикон,
Ҳам Ниҳонӣ шарҳи онро кард тазйини баён.


ПАЙКИ НАВРӮЗ
Бидон, Наврӯз аз оҳанги фарҳанги Аҷам бошад,
Бувад таърих шоҳид, сад асар ҳам аз қалам бошад.
Бувад пайвандгар ин ид ҷумла насли инсонро
Ҳама авлоду аҷдоду замину авҷи кайҳонро.
Биҷӯяд робита бас аз ҷаҳону даври Кеҳин он,
Ҳаме пайвастагӣ ёбад фузун то арши Меҳин он.
Диҳад Наврӯз бар ҳар фарди дунё қуввату неру,
Равону руҳро бошад давою марҳаму дору.
Ҳаме Наврӯзро гӯянд оғозаш ба мо чу ганҷ
Расида ин падида то ба мо бо рамзу розу ранҷ.
Низому суннати фарҳанги ориётабор ин аст,
Ки иди хосу ому ваҳдати пурифтихор ин аст.
Ду устун дорад истеҳкоми қавми форс, дон, имрӯз,
Яке бошад забони мо, дигар ҷашни хуши Наврӯз.
Чунин буд, он гаҳе давлат набуд,
моро забон буд нек,
Аз ин рӯ, давлату миллат, замину ҳам замон буд нек.
Агарчанде шикаста Маснади Ҷамшед Искандар,
Набитвонист Наврӯзу забон бурдан зи баҳру бар.
На ҷашну иди дину ҳизбу мазҳаб ҳаст ин Наврӯз,
Ки ҷашни расму оин, илму мактаб ҳаст ин Наврӯз.
Чу ҷашни соли нав з-аҳди қадимаш ибтидо карданд,
Бигуфт аввал чу Ҷамшедаш,
дигарҳо иқтидо карданд.
Зи Зардушту Авасто қабл Наврӯз ибтидо бошад,
Расида то ба мо, ояндааш беинтиҳо бошад.
Ба тақвими қамар аз баъди Наврӯз интиҳо омад,
Зи тақвими нави шамсӣ ба кишвар ибтидо омад.
Бас арзишҳои инсонӣ ба Наврӯзи Аҷам арҷ аст,
Ки он дар достони ноби "Менуи хирад" дарҷ аст.
Нигар, к-ин Иди Наврӯз оқибат иди ҷаҳонӣ гашт,
Варо ҳар рукну суннат ҳикмату фазлу маонӣ гашт.
Ки худ Наврӯз ҷашни зодрӯзи Моҳу Хуршед аст,
Ҳаме сарчашмаи гармию сарсабзию уммед аст.
Дар ин ҷашн аҳду паймон ҷовидон аз кас
ба кас монад,
Ризоят бо рафоқат, набзи дилҳо ҳамнафас монад.
Шашумин рӯз, алҳақ, "Рӯзи уммед" аст онро ном,
Чу бо ҳам як бигардад рӯзу шаб, ҳам низ субҳу шом.
Чи хуш Наврӯзро "пешонии ин соли нав" гӯянд,
Баракат, бахту давлат, киштукори дону ҷав гӯянд.
Ки дар Наврӯз хуш ақду никоҳи марду зан бошад
Ва ҳам оғози дарсу шуғли дониш, илму фан бошад.
Ба Наврӯзӣ таомул: ҳадяҳо бар якдигар авло,
Ҳам эҳсоси садоқат байни авлоди башар авло.
Паёпай нусрати неруи некӣ бар бадӣ бояд,
Накӯ пиндору ҳам гуфтору ҳам рафтори нек ояд.
Русуми ҷашн бас покизагию рӯбучин будаст,
Зи дил кину кудурратро бурун кардан, яқин, будаст.
Дар ин ид аст фарзу қарзи инсон сулҳу оромӣ,
Нишоту тозагии руҳу хушкорию хушномӣ.
Дигар худ аҳли зиндон авф кардан гашт дар он фарз,
Бувад кирдори бад бар дӯшашон як умр гарчӣ қарз.
Чаманҳо пургулу сумбул, сабадҳо ҷумла пур аз гул,
Ба ҷашни савту шодӣ зам садои хониши булбул.
Ба рӯзи ид афзун буд хуришҳо, хайркориҳо,
Нишоту айшу ишрат, суҳбату шабзиндадориҳо.
Дигар номе, ки буд Наврӯзро, ин буд Хуррамрӯз,
Зи баъди дай идома то ба гармиҳост чандин рӯз.
Бидон, ин Ҷашн ҷашни хосаи фарвардагон ҳам буд,
Парастиш меҳр мекарданд, з-ин рӯ меҳргон ҳам буд.
Гузашта шом, субҳ омад, ҳаме шаб рафту омад рӯз,
Бизад чун давр чархи даҳр, шуд он рӯзи нав Наврӯз.
Чунин гӯянд дар Наврӯз гаштаст ин ҷаҳон бунёд,
Ба ин рӯз одамӣ шуд халқ, бому хонаҳо обод.
Бақои зиндагӣ Наврӯзи хушпай ҳаст дар олам,
Чунон чун рамзи зебоӣ, ҷавонӣ, оламу одам.
Бувад Наврӯз эҳёи тамоми кулли мавҷудот,
Мубарро гаштан аз ҳар ҷурму озодӣ зи маҳдудот.
Ҳисоби шамсӣ ин ид ибтидои ҳар ҳамал ояд,
Замони шуғли аҳли деҳ, гаҳи кору амал ояд.
Бигӯянд Офтоби бо тарозу низ ин айём,
Бидон, иди Сари сол аст ин айёми хушфарҷом.
Гаҳи Сомониён буда ду Наврӯзи накуфарҷом,
Яке фарвардину в-он дигаре Ҷашни бузургаш ном.
Нахустин Ҷашни наврӯзӣ шуд андар
тахти шаҳ Ҷамшед,
Ки бо ҳам омаданд он лаҳза хуррам Моҳ бо Хуршед.
Ҳама ҳавлию раҳравҳо, зи кӯча то лаби ҷӯбор
Дарахту боғҳо ободу тоза, ҷумла пушти кор.
Шинондан беш то Наврӯз ҳатмӣ буд ба моҳи ҳут
Гулу себу анору олуву анҷиру беду тут.
Зи долон тоза то ҳавлӣ зи гарду чанг шолу фарш,
Садои ғулғула аз карнайу сурнай расад то арш.
Чу сабза рамзи зебоию сарсабзист дар олам,
Бақои зиндагӣ буд базрҳо киштан ба ҳар одам.
Нахӯду мошу арзан, ҳам ҷаву ҳам наску ҳам гандум
Ва ҳам шолию мошу дон - ғизои дилкаши мардум.
Ҳамон дам сабзаи гандум чу гардад майсаи тоза,
Суманак мондан андар зарфҳо, мегашт овоза.
Суманак мепазанд онҳо ба савти нойу чангу даф,
Ҳама занҳои деҳа дода бас гардиш ба дасту каф.
Тарона хонда мепухтанд бо шӯри ҳарифона,
Ки одат буду суннат буд тақсимаш ба ҳар хона.
Чи хуш анҷоми хона, зарфҳо тоза, ҳаво гулбор,
Кунад хонатакон, Ашагулонро ҳар нафар такрор.
Кунанд омода бар Наврӯзи нав аз ҳосили деҳқон,
Захира бурда дар анбор беҳин мева бар меҳмон.
Ягон зарфи шикаста ё ки олуда набояд монд,
Ягон неруи зишту фисқу нопоке нашояд монд.
Сафедӣ, нуру рӯшноӣ биёрад бахту хушнудӣ
Ва зебоию озодию ободию беҳбудӣ.
Ниёгон ҳафт "шину" "сину" "мим" ороста хонро,
Зи хӯришҳо шаробу ширу шаҳду шаккару шонро.
Ҳам ояд шамъу шамшоду шамиму шодию шоя
Ва себу сирру синҷид, суманак, сабзӣ шавад моя.
Зи лаҳмиҳо бувад моҳию марҷон мурғу май бо мост,
Мавизу маскаву ҳалвои моқут, меваҳо дархост.
Ба об оварда оина ба тухми ранга моҳиён,
Ба қадри аҳли хона шамъи равшан расми ориён.
Барои поксозӣ косаҳои чӯб рӯи об,
Фишондан ҳаст з-оромӣ шарора беш з-оби ноб.
Ба рӯи сурфа озуқ, ҳам алафсамбусаю чалпак,
Ғулингобу гулобу меваи хушку фатирғафсак.
Шуда сарҷамъ бас хешу таборон ҷумла гирди хон,
Буд истиқбол соли нав ба хӯришҳову нӯши ҷон.
Нишони некбахтӣ ҷунбиши барге ба рӯи об
Ва чархи тухм рӯи оина дар шуълаи Маҳтоб.
Чи зебо рақси бепоёни моҳиёни моҳидон,
Садои гурбаи хона, зи шола шингаи аспон.
Ва ҳатто рӯз ҳам бояд ки бошад шамъ афрӯзон,
Кунад пуф кардани он умр кӯтаҳ, ризқро арзон.
Нагардад ҳеҷ гаҳ хомӯш шамъи хонаат, эй дӯст,
Чу кардӣ кишт, Илоҳо, бар диҳад ҳар донаат, эй дӯст.
Буда дар ҷӯш доим дегҳои ҷумла кадбону,
Маҳалҳо пур зи гулгардонию халқ ашагулонгӯ.
Ба Хоразму Самарқанд оӣ ар, резапалав тайёр,
Ба Деҳнав ё Ҳисор аз лӯбию наску нахӯд хирвор.
Зи мошу ҳар гияҳ омода гашта "оши кӯча" беш,
Биё бар "оши дарвешон", агар дарвешӣ ё худ хеш.
Пазанд андар Бухорои Шариф аз меҳр "оши соф",
Набошад тухми анқо, оваранд онро зи пушти Қоф.
Шикори кабку мурғону тазарвон буд лаззатбор,
Фурӯши бешумори гушти онҳо буд дар бозор.
Ҳаме сарфи таом оғоз гардида зи қанду шир,
Хурӯши кабку мурғон буд лазиз амсоли панди пир.
Дару дарвозаҳо аз меҳри дилҳо буд доим боз,
Ки истиқболи меҳмон худ ба худ дорад ҳазорон роз.
Зи буғзу кина дилҳо пок мегардид дар он рӯз,
Ба душман во буд оғӯш, одамон буда ба ҳам дилсӯз.
Миёни шоҳу султон номаҳои шодбошӣ беш,
Рақибон гуфтугӯ созанд ҳамчун дӯст, ҳамчун хеш.
Ва ҳам гӯянд Наврӯз арзу оғози баҳорон аст,
Табиат карда растохезу гулҳо бас шукуфон аст.
Бувад рӯзи умеду раҳнамои неки оянда,
Замони шавқу бахту зиндагии сабзи поянда.
Чи хуш ин лаҳзаи падруд бо ғам, ранҷу нохушӣ,
Муборак рӯзи шодӣ, сарфарозӣ, авҷи дилҷӯшӣ.
Гаҳи пирӯзии ҳар нав ба куҳна, нур бар тор аст,
Ба ноҳақ ростӣ ғолиб, гаҳи нобуди бадкор аст.
Навин рӯзи муроду васли ҳар ошиқ ба дилдода,
Дуо дар ҳаққи арвоҳи гузашта андар ин ҷода.
Дар ин айёми гулборон равад сардӣ, расад гармӣ,
Шавад борон, расад торон, пазад армон,
дамад нармӣ.
Паёпай иду шодӣ, нағмаву рақсу суруд ояд,
Нишоту савти форам бо навои чангу уд ояд.
Шиору мавҷи табрикот афзун гашта дар Наврӯз,
Шавад ҳар рӯзатон ин рӯзу ҳам Наврӯзатон пирӯз.
Шавад афзун намои мешу ҷумла зоти ҳайвонӣ,
Қабили мурғу аспу гӯсфанд, уштур ва гавсонӣ.
Ҳамекарданд дар деҳа чиликдангал, буҷулбозӣ,
Давидан, бодпарракбозию ҳам човандозӣ.
Дуредгар, доирасозон, кулолон, аҳли оҳангар,
Гудисозону лӯхтаксозҳо, асбобсоз аксар.
Ятимонро, маризонро ва бар дармондагон ёрӣ,
Ғизои хуби наврӯзӣ ба барҷомондагон ёрӣ.
Зи гулҳои бунафша, зардгул, сунбул, сиёвуш хуш
Зи насрину зи лола, бойчечак монда хуш бар гӯш.
Суруди аслии наврӯзӣ ин будаст гулгардон,
Дигар буд шеъри бойчечак ба ҳар кӯча,
ба ҳар майдон.
Чу мардум пеш буд оташпараст, орӣ зи ҳизбу дин,
Паранд аз рӯи оташ, дур карда дарду деву ҷин.
Ахирин чоршанбе буд рӯзи қайди наврӯзӣ,
Замони шодию гулчинию маҳфилбарафрӯзӣ.
Ҷаҳиш се бор аз болои гулхан бо чунин гуфтан:
Зи ту зардии ман, сурхии рӯи ту бувад аз ман.
Бичида бойчечак, бӯйи онро мешаманд аз нав,
Сиёвушро ба қошу чашму абру мекашанд аз нав.
Чу он рузе, ки мекарданд тоза гирди оташдон,
Гираҳ во, кӯзаҳо бишкаста, ҳамдилҳо ҳама ҳайрон.
Ҳама мардум чи олуфта, ба ҷисму қомат омода,
Гилу оташ бар оташдон, танӯр омода, озода.
Ҳаме хонатаконӣ, ҷинбарорӣ бо ҳазориспанд,
Ҳиною усмаю чилкокулу ёрон ҳама хурсанд.
Ва "ранги зардам аз ту, ранги сурхат, оташо, аз ман",
Суруда гирди оташ ҷамъи ёрон, ҷумла марду зан.
Нигар деворҳоро: сап-сафед, андова, гулкорӣ,
Зи гарди орд пайғоми сафедӣ бар либос орӣ.
Ривоят ҳаст, Наврӯз омада аз даври Кайхусрав
Ва шоҳи Пешдодӣ, дон, ҳисоби сол кард аз нав.
Саҳар бархезӣ аз хобу хӯриш бар рӯи хон бошад,
Ба дарвешу ба ҳар як раҳгузар эҳсони нон бошад.
Зи Фирдавсию аз Хайём гуфтанду ҳам аз Ҷамшед,
Авасто ҳам зи ӯ гуфта, мусовӣ бо Маҳу Хуршед.
Чу дар "Наврӯзнома" ҳаст аз Хайём хуш пайғом,
Ду даври Офтоб аз ӯ яқин гардиду субҳу шом.
Нахустин рӯз чун Ҷамшед омад дар Аҷам бар тахт,
Навин таърих шуд, то халқ донад рӯзҳои сахт.
Чу Сомонӣ ба ёд овард Наврӯзи кишоварзон
Ва рӯзи нав бувад мелоди рӯзи аввалин инсон.
Ва Айнӣ гуфт аз Наврӯз ахири садаи нуздаҳ,
Давомаш буд чандин рӯзу ҳафта, низ моҳ он гаҳ.
Таоми бомаза аз ҳар дару ҳар хонадон ояд,
Дуои пирҳо баҳри кушоиш пурсамар бояд.
Саодат, касбу кору тандурустӣ баҳри кас бояд,
Дили беғам, ҳавоси ҷамъ, роҳат ҳар ки осояд.
Ба шохи гов моланд аз аз шафоат равғани маска,
Ба вақти кишт гардад чашми душман беамон баста.
Сипас оғоз ёбад хандаю шӯхӣ, сарафрозӣ,
Ба деге шираи гандум, ба гирдаш рақсу ҳам бозӣ.
Гуворо ҳаст сайру гашт дар боғу ба майдонҳо,
Сурудхонию дар ҳар даст хандон гул ба гулдонҳо.
Дубайтихониву рубоихониву фалакхонӣ,
Суруди шӯхи наврӯзию кору бори деҳқонӣ.
Навишта хуш Ниҳонӣ васфи неку пайки наврӯзӣ,
Ҳамехоҳад ба ҳар инсон чи хушбахтию пирӯзӣ.


НИҲОНӢ


Санаи нашр: 19.03.2026 №: 54