КИШТИ ЗЕРИ ПЛЁНКАИ ПУНБАДОНА ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

10 апрел 2025, Панҷшанбе
10
Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода ва олимони Академия дар маъракаи кишти зери плёнка, ки дар хоҷагии таҷрибавӣ-истеҳсолии “Зироаткорӣ”- и Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, воқеъ дар ҳудуди деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор, баргузор шуд, иштирок намуданд.
Дар қитъаи мазкур, ки 2 гектарро ташкил медиҳад, бо тавсияи олимони Академия пахтаи миёнанахи навъи “Данғара-30” бо усули зери плёнка кишт карда шуд. Зикр гардид, ки ин навъи тезпазак ва ба касалиҳо тобовар дар Институти зироаткорӣ дар натиҷаи дурагакунии навъҳои «Дӯстӣ ИЗ» ва «Nazilli-84-S» ба вуҷуд омадааст. Ин навъи серҳосил буда, ба хоҷагиҳои пахтакор аз ҳар ҷиҳат манфиатбахш аст. Кишти он дар минтақаҳои водии Вахш, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Кӯлоб ва водии Ҳисор мувофиқи мақсад мебошад.
Тибқи маълумоти раёсати кишоварзии шаҳр, бо чунин усул дар ҶДММ “Латиф Муродов” дар майдони 10 гектар ва ҶДММ “50-солагии Октябр” 5 гектар кишти пунбадона гузаронда шуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
ХУҶАНД. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ЖУРНАЛИСТИКА ДАР ЯК ҲАМОИШИ ИХТИСОСӢ
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти номи “Масъалаҳои рушди журналистикаи муосир: муаммо ва дурнамо” Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гашт.
Муовини ректори Донишгоҳ Рухсора Давлатзода дар суханронӣ аз нақши васоити ахбори омма дар ҳифзи манфиат ва амнияти давлат ёдрас шуда, таъкид намуд, ки суботу оромии ҷомеа ва манфиатҳои миллӣ ба чигунагии васоити ахбори оммаи миллӣ сахт марбут аст.
Масъалаҳои журналистикаи тоҷик ва чолишҳои нави ҷаҳони муосир дар маърӯзаи мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Сангин Гулов баррасӣ шуд. Мавсуф мушкилот ва муаммои мавҷудаи рӯзноманигории муосири тоҷикро дар мисоли маводи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлил намуд.
“Зеҳни сунъӣ ва журналистика: имкониятҳо ва муаммоҳои он” дар гузориши дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Илҳом Ҷамолов баррасӣ шуд.
Дар баромади онлайнии дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илҳом Ҳамидиён муаммо ва мушкилоти конвергенсия, краудсорсинг, менеҷменти нуфуз ва симои иҷтимоии ширкат таҳлилу баррасӣ шуд. Иштирокдорони конфронс дар музокирот андешаҳои хешро роҷеъ ба муаммо ва дурнамои рушди журналистикаи тоҷик баён доштанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.04.2025 №: 68