ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Тоҷикистон дар маҷаллаи “Дипломат”

Тоҷикистон дар маҷаллаи “Дипломат”

19 апрел 2023, Чоршанбе
41
0


Маҷаллаи навтаъсиси Вазорати корҳои хориҷии Эрон – “Дипломат”, ки бо забонҳои форсӣ ва англисӣ чоп мешавад, шумораи дувуми худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст, – иттилоъ дод Вазорати корҳои хориҷии мамлакат.
Дар он, аз ҷумла ёвари вазири корҳои хориҷии Эрон дар умури Авруосиё Алиризо Ҳақиқиён, дар мақолаи худ бо номи “Фаротар аз таърих” муруре ба арзишҳои муштараки фарҳангӣ, забонӣ, тамаддунӣ, таърихӣ ва ҳувиятии Тоҷикистон ва Эрон намуда, ин ду кишварро як руҳ дар ду бадани ҷуғрофиёӣ донистааст.
Дар мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ зери унвони “Тафовуте рангбохта дар сояи иштирокот” паҳлуҳои гуногуни равобити Тоҷикистону Эрон муаррифӣ шуда, нақши сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон дар ду соли охир дар тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон фавқулода муҳим арзёбӣ гардидааст.
Матлабҳои дигар низ, аз муаллифони шинохта дар маҷаллаи мазкур ба нашр расидаанд, ки бозгӯи таъриху фарҳанги муштарак ва равобити дӯстонаи Тоҷикистону Эрон мебошанд.  


Вохӯрии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон
Аз 10 то 16 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардида, масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳадҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳокима гардиданд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дода, зимнан менависад, ки аз натиҷаи вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барпо мегардад.


21 апрел – Иди Рамазон
Дар ҷаласаи Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати муайян намудани рӯзи Иди Рамазон баргузор гашт, раиси Шурои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода зикр кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи 21 апрел рост меояд.
Инчунин, тибқи қарори Шурои уламо, вақти баргузории намози Иди саиди Рамазон соати 6-30 дақиқа муайян гардид.
Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расондани ёрии моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзи ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон дар ин самт намунаи ибрат бошанд. 

Санаи нашр: 19.04.2023 №: 81-82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив