ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО. БЕҲБУДИ СИФАТ СОЛ БА СОЛ МУШОҲИДА МЕГАРДАД

10 апрел 2025, Панҷшанбе
9
Дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидани масъалаҳои вобаста ба самти фаъолияти судӣ ва дар ин замина иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, барқарор намудани зарари ба давлат ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ расондашуда аз муҳимияти ин самти фаъолият дарак медиҳад. Дар ин радиф, бо мақсади сифатан нав ва аз нигоҳи касбӣ роҳандозӣ гардидани кор оид ба истеҳсолоти иҷро, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори дахлдори худ аз 5-уми апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун мақоми мустақили ваколатдори давлатӣ таъсис дод.
Ҳоло аз таъсиси ин ниҳоди муҳими давлатӣ 7 сол сипарӣ гардида, бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳа таҳкиму такмил ёфта, сифати иҷрои санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба талаботи замони муосир мутобиқ шудааст. Ин дар ҳолест, ки бо таъсис ёфтани Хадамоти иҷро дар назди он вазифаҳои басо муҳим, яъне мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додани таҷрибаи давлатҳои пешқадам ва ба василаи он фароҳам овардани заминаҳои ташкилии кор дар самти фаъолият ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро меистод, ки бо саъю талоши мутахассисони соҳа давра ба давра ҳалли худро пайдо менамояд.
Хадамоти иҷро дар давраи фаъолият дар баробари дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати таҳкими адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва давлат мақоми хосса пайдо намудааст.
Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти иҷро гувоҳи он аст, ки аз лаҳзаи таъсисёбӣ, яъне моҳи апрели соли 2018 то семоҳаи якуми соли 2025 тавассути амалигардонии чораҳои маҷбурии қонунӣ, иҷрои воқеии 263931 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи умумии 1 миллиарду 112 миллион сомонӣ, 10 миллиону 185 ҳазор доллари ИМА, 55 миллиону 100 ҳазор рубли русӣ, 2 миллиону 600 ҳазор суми Ӯзбекистон, 191 миллиону 779 ҳазор тенгеи Қазоқистон ва дигар миқдори муайяни асъори давлатҳои хориҷӣ таъмин гардида, аз ин ба фоидаи давлат 432 миллион сомонӣ рӯёнда шудааст. Ҳамзамон, бинобар муҳим будани ҳифзи иҷтимоии оила, махсусан таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои узви оилаҳои ақди никоҳашон кандашуда дар ин давра 194 миллиону 833 ҳазор сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ҳамчун маблағи алимент ситонда шуд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар марҳалаи имрӯза бо истифода аз усулҳои ҳукумати электронӣ ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти техникаю технологияи нав аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба ин, Хадамоти иҷро вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказии давлатӣ, сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, инкишофи шабакаи ягонаи табодули ҳуҷҷат ва иттилоот байни мақомоти давлатӣ, амалигардонии самараноки консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ намуда истодааст. Зеро тавсеа ёфтани истифодаи воситаҳои муосири технологияи иттилоотӣ, раванди босуръати омодагӣ ва амалигардонии ҳукумати электронӣ, гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ дар баробари дигар самтҳо масъалаи таъмини истеҳсолоти иҷроро мубрам гардонда, аз мо – масъулони соҳа тақозо менамояд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти истеҳсолоти иҷро, инчунин, баланд бардоштани масъулият ва сатҳи дониши кормандони масъул чораҷӯӣ намоем.
Феълан дар сохтори Хадамот раёсати пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил шудааст. Айни замон, ба ин феҳрист 5100 нафар шахси воқеӣ ва 105 нафар шахси ҳуқуқӣ ворид шудаанд. Ҳамзамон, бо мақсади ба таври воқеӣ ва пурсамар ҷорӣ намудани низоми электронии истеҳсолоти иҷро ва ҳалли масъалаҳои ҷории рақамикунонӣ, тибқи фармоиши сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми феврали соли 2025, №60, гурӯҳи корӣ вобаста ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро ва моҳи марти соли ҷорӣ дар сохтори Хадамот шуъбаи рақамикунонии истеҳсолоти иҷро таъсис дода шуд.
Хадамот бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бо намояндагони Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Озарбойҷон, Суди Олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Хадамоти иҷрои маҷбурии Ҷумҳурии Арманистон, Созмони давлатии тазироти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия баҳри омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои дигар ҳамкориро тибқи ёддоштҳои тафоҳуми баимзорасида ба роҳ мондааст.
Дар баробари ноил гардидан ба дастовардҳо ва масъалаҳои дар боло зикргардида, таҷриба нишон медиҳад, ки то ҳанӯз зарурати такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷалби таваҷҷуҳи кормандони соҳа ба дурусту самарабахш ба роҳ мондани фаъолият, махсусан дар самти кор бо истифодаи технологияи муосир ва рақамикунонии истеҳсолоти иҷро, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандон, ба таври воқеӣ ҷой доранд.
Тасмим дорем, ки тавассути рақамикунонии истеҳсолоти иҷро доираи салоҳияти Хадамот дар самти баррасии аз ин беши ҳуҷҷатҳои иҷро такмил дода шуда, феҳристи ягонаи қарздорон ҳамчун сарчашмаи иттилооти заминагузор барои қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор мавриди истифода қарор гирад. Чун асоси пешрафти ҳар як соҳа амалӣ намудани ислоҳоти мақсаднок ва такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкилию инфрасохторӣ мебошад, мувофиқи мақсад аст, ки маҷмуи мушкилоти соҳа таҳлилу омӯзиш ва гурӯҳбандӣ гардида, бо такя ба таҳлилҳои асоснок ва ба инобат гирифтани таҷрибаи пешқадами давлатҳои минтақа ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Дар ин замина, таҳия ва қабули Барномаи давлатии рушд ва рақамикунонии соҳаи истеҳсолоти иҷро барои давраҳои солҳои 2025-2030 ба мақсад мувофиқ мебошад.
Пӯшида нест, ки анҷом додани таҳлилҳои соҳавӣ ва амалӣ намудани дилхоҳ нақшаҳои созанда аз кадрҳои дорои донишҳои замонавӣ, поквиҷдон ва соҳибихтисос вобастагӣ дошта, бо ин мақсад зарурати ташкил ва баргузор кардани силсилаи чорабиниҳои омӯзишию маърифатӣ барои кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар назар дошта шудааст.
Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 10.04.2025 №: 69