ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ ИНШООТИ МУҲИМ БО ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ
10-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар асоси ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, тарҳи он ба ҳусни пойтахт зебоии дигар бахшид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, осорхона, маҷлисгоҳ, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, шароити дар он фароҳамшуда, ба фаъолияти кормандон заминаҳои мусоид хоҳад гузошт.
Гӯшаҳои алоҳида, ки дар осорхонаи ҲХДТ таъсис ёфтааст, ба ташаккули маълумоти ҳар бинанда аз масири таърихии тоҷикон мусоидат менамояд. Таърихи ниёгон, Тоҷикистони Шуравӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бунёди НБО «Роғун» ва дигар маълумоту навгониҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи бахшҳои осорхона мебошанд. Маълумот аз давраҳои гуногуни давлатдории тоҷикон, фаъолияти ҳизб ва дастоварду музаффариятҳои Тоҷикистон бо роҳи ҷамъоварии аксу аёният ва маводи чопӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳамияти басо муҳим касб кардааст”.
– Пас, дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ ва бо назардошти хусусиятҳои муосири сатҳи фаҳмиши ҷомеа ҳифз ва тарғиби таърихи ташаккулёбӣ ва рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути воситаҳои инноватсионӣ – ташкили фаъолияти осорхонаи таърихӣ-инноватсионӣ ба мақсад мувофиқ хоҳад буд, – таъкид доштанд Роҳбари давлат.
Ташаккули зеҳну тафаккури кормандон дар раванди фаъолият ва дастрасии онҳо ба муҳимтарин маълумоту навгониҳо аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки бо таъсиси китобхонаи электоронии пайваст бо шабакаи интернет ба инобат гирифта шудааст. Дар баробари ин, имкон аст, ки хоҳишмандон аз номгӯи зиёди адабиёт дар толори хониши китобхонаи анъанавӣ истифода баранд. Барои ташкилу баргузории ҷамъомад ва чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд шуда, дорои 1240 ҷойи нишаст мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тақозои истифодаи мусоид аз шароити фароҳамшуда масъулонро барои татбиқи ҳадафҳои аслии ҲХДТ, аз ҷумла таҳкими асосҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин, иқтисодиёти устувор, ки ба беҳбуди ҷомеа нигаронда шудааст, дастуру тавсияҳо доданд.
Корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Гардӣ»
10-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гардӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз се ошёна иборат буда, ба маблағи 45 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар он сарулибоси мардонаву занона ва кӯдакона истеҳсол мегардад. Либосҳои зебову шинами коргоҳ аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон дӯхта мешаванд. Корхонаи навбунёд дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, роҳандозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб шудаанд. Ҳоло шумораи коргарон дар фабрикаи дӯзандагӣ 210 нафарро ташкил дода, бо пурра ба кор пардохтани иқтидори лоиҳавии он шумораи онҳо ба 400 нафар хоҳад расид.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корхонаи дӯзандагии «Гардӣ» дар як шабонарӯз имкон дорад, то 13 ҳазор сарулибоси гуногун истеҳсол карда, дар маҷмуъ дар як сол аз 1,5 то 2 миллион дона либос омода намояд. Дар маҷмуъ, корхона тавлиди бештар аз 45 навъи маҳсулотро роҳандозӣ кардааст. Иқтидори тавлидотӣ ва сифати маҳсулот имкон медиҳад, ки минбаъд сарулибоси он рақобатпазиру ивазкунандаи воридот дар бозорҳои кишвар бошад ва ба содирот низ равона гардад.
Корхонаи нав дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи нассоҷии кишвар ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдураҳмон Мухтошов бунёд ёфт.
Аснои шиносоӣ иброз гардид, ки дар тамоми марҳалаҳои истеҳсолӣ назорати сифат роҳандозӣ шуда, ҳамчунин, ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хоса дода мешавад. Раванди истеҳсолот, асосан, ба таври худидоракунӣ ба роҳ монда шуда, дар хатти истеҳсолӣ бештар аз 230 дастгоҳи махсуси дӯзандагӣ васл гардидааст.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти ниҳоии корхона шинос шуда, ба сифати маҳсулот ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд. Ин коргоҳ имконият фароҳам меорад, то соҳаи нассоҷии кишвар рушд ёбад ва марҳала ба марҳала ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил коркард шавад. Корхонаи дӯзандагӣ, ҳамзамон, дорои толори намоиш, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ, ошхона бо 280 ҷойи нишаст ва иншооти ёрирасон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд. Масъулони коргоҳи дӯзандагии навтаъсисро ҳидоят бар он карданд, ки ба сифати маҳсулоти хеш диққати аввалиндараҷа диҳанд, то ки он харидорони худро пайдо намояд.
Шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии "Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ"
10-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар доираи бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 19 садяк замин бунёд шуда, дар он шароити хуби корӣ барои кормандон фароҳам меояд. Бинои нав аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, барои ҳар ду идораи давлатӣ 42 ҳуҷраи корӣ дорад. Дар ду қабати аввали бино пойгоҳи №1-и Маркази шаҳрии ёрии таъҷилӣ ҷойгир аст. Он дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 бунёд шуд. Пойгоҳ аз 18 ҳуҷра иборат буда, дар он қабули беморон ва ёрии таъҷилии тиббӣ сурат мегирад. Пойгоҳи №1-и Маркази шаҳрии ёрии таъҷилӣ бо доруворӣ, лавозимоти соҳавӣ ва таҷҳизоти тиббии замонавӣ таъмин мебошад. Инчунин, пойгоҳи ёрии таъҷилӣ ҳуҷраи танзимгарон барои қабули даъватҳо, ҳуҷраҳои корӣ барои гурӯҳҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, аз ҷумла табибон, кормандони миёнаи тиб ва кормандони хурди тибро дар бар мегирад, ки дар онҳо, умуман, наздики 20 нафар кор мекунад. Лозим ба зикр аст, ки пойгоҳи мазкур барои хизматрасонӣ ба сокинони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе пешбинӣ мегардад.
Гуфта шуд, ки ба истифода додани иншоот барои сари вақт расондани беморон то муассисаҳои тандурустӣ мусоидат карда, беҳдошти сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолиро таъмин месозад. Дар се ошёнаи болоии иншооти тозабунёд шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷойгир аст. Дар ошёнаҳои 3-юм ва 4-ум ҳуҷраҳои корӣ ва дар ошёнаи 5-ум маҷлисгоҳ ҷойгиранд. Ҳуҷраҳои кории шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ пурра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили ҷевон, мизу курсиҳо, компютер ва дигар лавозимот муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин ҷо, ҳамчунин, китобхона, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо иншооти нав, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ва пойгоҳи №1-и Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сифати кор ва истифодаи технологияҳои замонавӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Корхонаи заргарии ҶДММ
«Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин»
10-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи заргарии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин»-ро ифтитоҳ намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар масоҳати 0,3 га бунёд ёфта, аз маркази дуошёнаи фурӯши тилло ва сехҳои заргарӣ иборат аст. Баъди мавриди истифода қарор додани корхона 60 нафар сокини пойтахт бо кори доимӣ ва маоши аз 3000 сомонӣ боло таъмин гашт. Сохтмони корхона соли 2023 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида шуд. Дар маркази фурӯши корхона Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти он шинос шуда, ба сифати корҳо баҳои баланд доданд. Кор дар сехҳо тавассути технологияи муосири чинӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори коркарди тилло дар як сол 1 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо, ҳамчунин, коргарон маҳсулоти нуқрагӣ, аз ҷумла ҷавоҳирот, ороишоти хона ва ашёи рӯзгор, истеҳсол мекунанд. Дар коргоҳи нуқра имкон аст, дар як сол то 30 тонна маҳсулоти хом коркард шавад. Аз 23 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағи бунёди корхона 15 миллиону 500 ҳазор сомонӣ барои сохтмони коргоҳҳо ва беш аз 8 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизоту дигар ашёи зарурӣ сарф гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои амалисозии чунин тадбири муҳим баҳои баланд доданд. Тавре таъкид шуд, бунёди чунин корхонаи заргарӣ дар самти рушди соҳаи саноат ва таъмини шаҳрвандон бо кори доимӣ иқдоми шоиста мебошад.
Пас аз ифтитоҳи корхонаи заргарӣ дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ду корхонаи нав: корхонаи заргарии ширкати ҶДММ «Твеа Душанбе саноати кӯҳӣ» ва корхонаи заргарии ширкати ҶДММ "Пакрут" санги асос гузоштанд. Иттилоъ доданд, ки ҳар ду корхона дар шаҳри Душанбе бо арзиши лоиҳавии 45 миллион сомонӣ дар муддати як сол сохта шуда, дар онҳо зиёда аз 100 сокини пойтахт, асосан духтарону бонувон, бо кор таъмин мегарданд.
Санаи нашр: 11.04.2025 №: 70
