ХАТЛОН. АЗ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ТО ВУСЪАТИ КОРҲОИ САҲРОИЮ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ

11 апрел 2025, Ҷумъа
9
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 9-уми апрел Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Балҷувон иншооти таъиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо корҳои саҳроӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос шуд.
ВОСЕЪ ФАЗОИ ИДОНА ДОРАД
Ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №73 дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ фараҳу шодии сокинонро дучанд намуд. Зеро хонандагони ин деҳа қаблан роҳи дарозро тай карда, ба мактаби деҳаи ҳамсоя мерафтанд. Барои ҳалли ин мушкил бинои наву замонавӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бунёд ёфта, дар он 480 хонанда дар ду баст метавонанд таҳсил намоянд. Тавре иттилоъ дода шуд, то охири соли равон боз 4 муассисаи нави таълимӣ сохта мешавад.
Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба бунёди чунин мактабу кӯдакистонҳои замонавӣ авлавият дода шавад, то барои насли ояндасоз имконоти муосири илмомӯзӣ фароҳам гардад.
Ҳамчунин, зимни сафар Қоҳир Расулзода коргоҳи нави истеҳсоли дару тирезаҳои пластикиро ифтитоҳ намуд. Коргоҳи мазкур бо саҳми соҳибкор Шодӣ Султонов бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, 10 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид.
Сарвазири мамлакат, ҳамзамон, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, шинос гардид. Иттилоъ доданд, ки то имрӯз 85 дарсади корҳо ба анҷом расида, ҳоло дар он насби нишастгоҳҳо ва дигар тадбирҳои ободонӣ идома дорад. Ба масъулон дастур дода шуд, то корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонда шавад.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия ба рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан, парвариши пахта аҳамияти хоса медиҳанд ва дурнамои кишти он 7570 гектарро ташкил медиҳад. Деҳқонони ноҳия то имрӯз дар майдони 2400 гектар пунба кишт намудаанд.
Дар идома Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи офатпазири дарёи Ёхсу, воқеъ дар деҳаи Кӯчабоғи ноҳия, дидан кард. Иттилоъ дода шуд, ки мавзеъҳои офатпазир дар ноҳия 30 километрро ташкил медиҳад. Ҳоло бо ҷалби техника ва коргарони маҳаллӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар чанд мавзеъ идома дорад.
МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Корҳои саҳроию соҳилмустаҳкамкунӣ тақвият меёбанд
Дар шаҳри Кӯлоб Сарвазири мамлакат корхонаи истеҳсоли сангу шағал ва майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо рафти корҳои саҳроӣ шинос шуд.
Корхонаи истеҳсоли сангу шағал ва бетон дар деҳаи Обшорон аз ҷониби ҶДММ “Рақиб-Р” дар масоҳати 0,40 гектар бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 200 метри мукааб сангу шағал ва 500 мукааб бетонро ташкил медиҳад. Дар корхонаи навбунёд 20 нафар соҳиби ҷойи кор гашт. Инчунин, дар кӯчаи 50-солагии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири мамлакат майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Иншоот дар доираи омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Ҳасан Зарифзода бунёд гардид.
Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода аз ҷараёни кишти пунба дар хоҷагии деҳқонии "Давлат Назар" ва ҶДММ “Пахтаи Кӯлоб” шинос шуд. Мавриди зикр аст, ки дурнамои кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб зиёда аз 31 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки то имрӯз дар майдони 10 600 гектар кишт гузаронда шудааст. Деҳқонони шаҳр бошанд, то ҳол дар майдони 631 гектар пунба кишт намуданд.
Сарвазири кишвар дар ноҳияи Балҷувон бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи Калтачанор дидан намуд. Дарозии ин қитъа 2060 метр буда, дар 1700 метри он корҳо анҷом ёфтаанд. Масъулон вазифадор шуданд, ки барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва сари вақт ба анҷом расондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин мавзеъ тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Комрон САФАР,
рӯзноманигор
Санаи нашр: 11.04.2025 №: 70