ТЕРРОРИЗМ. ҶАВОНОН НАБОЯД ГУМРОҲ БОШАНД!
Дар ҷаҳони муосир терроризму ифротгароӣ яке аз масъалаҳое ба шумор мераванд, ки хусусияти глобалӣ касб карда, тамоми аҳли башарро ба ташвиш овардаанд. Ин зуҳуроти харобиовар даҳсолаҳои охир бештар паҳн гардида, борҳо нишон додааст, ки ҳеҷ як кишвари ҷаҳон наметавонад, аз таҳдиду хатарҳои он дар канор бошад.
Маълум аст, ки зуҳури гурӯҳҳои ифротӣ дар пайи муборизаҳои сиёсиву идеологӣ ва қудратхоҳии бархе кишварҳои олам ба миён омада, дар ниҳоят ба ҳаёти одамон таҳдид мекунанд. Солҳо саркардагони гурӯҳҳои террористӣ ва роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои тундрав кӯшиш доранд, ки сафҳои худро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ пурра созанд. Аз ин рӯ, бо ҳадафҳои муайяни хеш кӯшиш мекунанд, ки бо роҳи мағзшӯӣ ин тоифаро ба доми худ кашанд. Дар бештари вақт ҷавонони ноогоҳу камсавод ва хурофотпараст ба доми фиреби ин гурӯҳҳо афтода ҳаёти худро доғдор месозанд.
Мутаассифона, дар қатори дигар сокинони сайёра шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус, ҷавонони дар мусофират қарордоштаи мо низ зери таъсири чунин созмонҳои ифротгаро қарор гирифта, ба тирароҳи терроризму экстермизм пайвастанд, ки паёмадҳояш барои аксарият фоҷиавӣ ва барои бархеи дигар то ҳанӯз норӯшан аст. Аксари фирефташудагон замоне ангушти надомат газида, аз карда пушаймон шуданд, ки шинохти чеҳраи аслии гурӯҳҳои ситезаҷӯ ва мубаллиғони ифротгароӣ барояшон муяссар гардид.
Хушбахтона, иқдомоти пайвастаи давлату Ҳукумат дар амри мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва эмин доштани ҷавонон аз ин хатар дар чанд соли охир самаровар гардид. Ташкили ҳамоишу чорабиниҳои тарғиботии зиддитеррористӣ мағзи ҷавононро ба самти мусбат тамоюл бахшид ва шомилшавии онҳоро ба гурӯҳҳои террористӣ коҳиш дод. Гузашта аз ин, бо тағйирот ба қонунгузории ҷиноятӣ онҳое мавриди авф қарор гирифтанд, ки дар гузашта ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ афтода, аз ин амали хеш сидқан изҳори пушаймонӣ кардаанд.
Бинобар ин, имрӯз ҳоло ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳар фарди ҷомеаро уҳдадор менамояд, ки дар партави иқдомоти фаромарзии давлати соҳибистиқлоламон вобаста ба мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, пойдории сулҳу оромӣ такя ба ақлу хирад намояд. Зеро, агарчи имрӯз терроризму ифротгароӣ барои мардуми олам бо амалҳои харобиовару фоҷиавии худ шиносоӣ шуд, ҳанӯз таҳдидҳо аз байн нарафтаанд ва тарроҳони бозиҳои сиёсиву саркардаҳои ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз усулҳои нави мағзшӯӣ тавсеахоҳии худро идома медиҳанд. Ҳамон тавре гуфтем, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ситезаҷӯ зимни ба амал баровардани ҳадафҳои тахрибкоронаи хеш асосан рӯи ҷавонон меандешанд ва аз неруи онҳо истифода мекунанд. Аз ин рӯ, мо ҷавонон бояд бо шукргузорӣ аз неъматҳои истиқлолу озодӣ дар ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ устувор бошем. Заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фароҳам кардани шароитҳои хуби таҳсилу зиндагӣ қадр карда, ҷаҳони маънавии худро бойю рангин созем ва минбаъд дар рушду тараққиёти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Роҳат ҶУМЪАЕВА, магистри Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
Санаи нашр: 11.04.2025 №: 70
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН