ВАРЗИШ
ВЕЛОСИПЕДРОНӢ
Душанбе – мизбони Ҷоми ҷаҳон
Шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон барои баргузории яке аз бонуфузтарин мусобиқаи байналмилалӣ – Ҷоми ҷаҳонии велосипедронии кӯҳӣ “Eliminator” омодагӣ мегирад. Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе мусобиқаи асосӣ 13-уми апрел ва мусобиқаи ҳаваскорон як рӯз пеш – 12-уми апрел баргузор мешавад. Ҷоми ҷаҳонии велосипедронии “Eliminator” пас аз Душанбе, давоми сол дар шаҳрҳои Левен (Белгия), Аален (Олмон), Сакария (Туркия), Сан-Паулу (Бразилия), Афина (Юнон) ва Чен-Пауло (Бразилия) доир мегардад.
Хусусияти ин мусобиқа дар он аст, ки он бевосита дар ҳудуди шаҳр сурат мегирад ва имкон медиҳад, на танҳо ба маҳорати иштирокчиён баҳо дода шавад, балки зебоиҳои шаҳри Душанбе ба ҷаҳониён намоиш дода шавад. Чорабиниро тариқи шабакаҳои телевизионӣ дар ҷаҳон то 500 миллион нафар тамошо хоҳад кард. Ин як фурсати нодир барои ҷалби сайёҳон ва рушди велосипедронӣ дар кишвар, ҳамчунин таҳкими обрӯи Тоҷикистон ҳамчун созмондиҳандаи чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ мебошад.
Формати “UCI Mountain Bike Eliminator” (XCE) бори аввал соли 2010, дар доираи Чемпионати ҷаҳонии "UCI Mountain Bike Eliminator", муаррифӣ шуд. Ин намуди варзиши динамикӣ ва тамошобоб бо сабаби беназирии худ зуд маъруфият пайдо кард - пойгаҳо дар роҳҳои кӯтоҳи шаҳр бо монеаҳои сунъӣ гузаронда мешаванд, ки ин ҳам барои иштирокчиён ва ҳам барои бинандагон дастрас аст.
Созишнома оид ба баргузории як марҳалаи Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Душанбе дар Бангкок (Тайланд) байни Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ва ширкати “City Mountainbike”, ки тибқи иҷозатномаи Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ амал мекунад, ба имзо расид. Дар маросим президенти Иттиҳод Дэвид Лапартиен ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Амарчит Сингҳ ширкат доштанд.
"Ташкили як чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ кори бузург аст ва ман ба кумитаи тадорукоти маҳаллӣ ва Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон барои саҳмашон дар рушди велосипедронӣ изҳори сипос менамоям. Ҳамчунин, ба мақомоти маҳаллӣ, сарпарастон ва ба ҳамаи шариконе, ки барои баргузории ин чорабинӣ мусоидат мекунанд, ташаккур мегӯям”, – иброз намуд Дэвид Лапартиен пас аз имзои созишнома.
Амарчит Сингҳ низ саҳми Ҷоми ҷаҳонро дар рушди велосипедронии кӯҳӣ таъкид кард: "Ифтитоҳи мавсими Ҷоми ҷаҳон дар Душанбе як қадами муҳим дар рушди велосипедронии кӯҳӣ дар Осиё ва дар саросари ҷаҳон аст. Формати “MTB Eliminator” динамикӣ ва руҳияи рақобатпазирии варзиши моро таҷассум мекунад ва Душанбе бо манзараҳои зебо макони беҳтарин барои чунин як чорабинии бонуфуз аст”.
Душанбе ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои минтақавӣ, қитъавӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конгресси таърихии Конфедератсияи велосипедронии Осиё ва Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ баргузор гардида буд.
ВАРЗИШИ САБУК
Варзишгарони ҷавони тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд
13-19-уми апрел дар шаҳри Даммами Арабистони Саудӣ Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук байни наврасон (U18) баргузор мешавад. Ҷумҳурии моро ду варзишгар – Абубакр Ҳусейнзода дар намуди дав ба масофаи 2000 метр бо монеаҳо ва Хурсандмурод Ғаниев дар намуди гурзпартоӣ намояндагӣ мекунанд. Онҳоро дар ин сафар мураббӣ Александр Пронженко ҳамроҳӣ менамояд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.04.2025 №: 70
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН