АННА БЙЕРДЕ ВА АНТОНЕЛЛА БАССАНИ ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

14 апрел 2025, Душанбе
3
13-уми апрел дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва ноиби Президенти ҳамин бонк хонум Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳониро баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти басо хоссаи идомаи самараноки шарикӣ бо онро, бо назардошти шароити имрӯзаи афзоиши таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таъкид карданд.
Изҳори бовар шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ, ҳамчун шарики боэътимод, саҳмгузории худро дар амалисозии нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувор идома хоҳад дод.
Санаи нашр: 14.04.2025 №: 71