СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ БАРОИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ЗАМИНҶУНБӢ ДАР ВОДИИ РАШТ
14-уми апрел бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини пас аз рух додани заминҷунбии рӯзи 13-уми апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Комиссияи ҳукуматии иборат аз намояндагони роҳбарии вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарардида машғул аст.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷм ва роҳу воситаҳои расондани ёрӣ ба мардум ва бартараф намудани пасомадҳои ин офати табиӣ бояд ҳарчи зудтар муайян шуда, ба корҳо барои бартарафсозии мушкилиҳои пешомада суръат бахшида шаванд.
Тибқи маълумоти то ин лаҳза дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.
Хотиррасон месозем, ки 13-уми апрели соли 2025, соати 09:24 дақиқа, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Санаи нашр: 14.04.2025 №: 71
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН