СУҒД. АВЛАВИЯТ БА САМАРАНОКИИ СОҲАИ ПАХТАКОРӢ

14 апрел 2025, Душанбе
10
Дар мавсими имсолаи кишти баҳорӣ деҳқонони пахтакори вилояти Суғд ҷиҳати гирифтани ҳосили фаровони пахта дубора ба кишти зери плёнка рӯй оварданд, ки понздаҳ сол қабл аз ин усул васеъ истифода мебурданд.
– Солҳои охир, бинобар тағйирёбии иқлим: гоҳ аз ҳад зиёд боридани борону гоҳ аз ҳад гармшавии ҳаво, мутахассисон зарур донистанд, ки ба ин усули пешқадам рӯ оваранд. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҷумҳуриҳои ҳамсоя, ин усули кишт ба кор бурда мешавад, ки аз ҳар гектар на кам аз 50 сентнер ҳосил мегиранд, – иброз дошт Абдуазиз Маҳмудов, муовини сардори раёсати кишоварзии вилояти Суғд.
Дар ҳамаи ҳафт шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят: Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Зафаробод то 10-уми апрел дар майдони беш аз 11 ҳазор гектар чигит кишт карда шуд, ки аз ин қариб 200 гектарашро кишти зери плёнка ташкил медиҳад. Феълан, баҳри сари вақт анҷом додани кишти пунбадона дар ҳамаи навоҳии пахтакори вилоят 460 тухмипошак дастёри кишоварзон мебошад.
Ҷараёни кишт дар шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов хуб ба роҳ монда шудааст. Имсол деҳқонони вилояти Суғд бояд дар майдони 59 ҳазору 633 гектар кишти чигит гузаронанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.04.2025 №: 71