Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар НБО «Роғун»

15 апрел 2025, Сешанбе
15
Ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётӣ Анна Бйерде ва ноиби президенти Бонк оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуд.
Ҳайат бо марҳалаҳои асосии сохтмон, иншооти калидӣ ва таҷҳизоти насбшудаи Неругоҳ ошноӣ пайдо кард.
Меҳмононро дар ин шиносоӣ бо сохтмони бузурги асри XXI Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуд.
Вохӯрии ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ – Россия»
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии қолаби ҳамкории «Осиёи Марказӣ – Россия», ки дар шаҳри Алмаато баргузор гардид, ширкат дошт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории шашҷонибаро баррасӣ намуда, ба масъалаи татбиқи тавофуқоти ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамоиши аввали сарварони давлатҳо, ки моҳи октябри соли 2022 баргузор шуд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Мулоқоти намояндаи Тоҷикистон бо ёвари Дабири кулли СММ
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо ёвари Дабири кулли Созмон оид ба корҳои ҷавонон Фелипе Поллиер вохӯрд.
Намояндагии доимии ҷумҳурӣ дар СММ хабар додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии ҷавонон ва таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари ҷавонони Созмон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Ҷараёни татбиқи ислоҳоти бахши энергетика баррасӣ шуд
Дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир гардид.
Дар хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои об ба мо тавзеҳ доданд, ки дар меҳвари ҷаласа ҷонибҳо баррасии ҷараёни татбиқи ислоҳоти бахши энергетикаи Тоҷикистонро қарор доданд.
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи иқтисодии СММ
Сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурӣ дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ Шараф Шерализода дар ҷаласаи Комиссияи иқтисодии Созмон барои Аврупо (UNECE) иштирок намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа намояндаи доимӣ дар бахши «Амал дар соҳаи иқлим ва инфрасохтор барои рушди устувор» вобаста ба ташаббус ва дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист, иқлим ва пиряхҳо суханронӣ намуд.
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72