ШАҲРИНАВ. ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
Пошхӯрии оилаҳо, ки солҳо боз яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар ҷомеаи мо ба шумор меравад, зарфи як соли охир дар ноҳияи Шаҳринав коҳиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли гузашта теъдоди вайроншавии оилаҳо дар ноҳияи Шаҳринав нисбат ба соли 2023-юм 19 ҷуфт кам гардидааст. Ҳарчанд тамоюли коҳишёбӣ ба таври мусбат арзёбӣ мегардад, вале ҳанӯз ҳам ин масъала ниёз ба таваҷҷуҳ ва андешидани чораҳои қатъӣ дорад.
Нодира Музаффарӣ, мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Шаҳринав, дар суҳбат бо мо аз коҳиш ёфтани пошхӯрии оилаҳо дар ноҳия истиқбол кард. Номбурда сабабҳои бекор шудани ақди никоҳи оилаҳо, махсусан оилаҳои ҷавонро ба омилҳои гуногун рабт дод. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, омода набудани навхонадорон ба фарҳанги оиладорӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқии бархе ҷавонон яке аз омилҳои асосии барҳам хӯрдани оилаҳост. Аз таҳсили пурраи миёнаи умумӣ маҳрум кардани духтарон, яъне баъд аз синфи 9 монеи таҳсили онҳо шудан аз ҷониби баъзе волидон, дар синни 17-солагӣ ба шавҳар додани духтарон, надоштани маълумот ё ихтисоси муайян, хушунату зӯроварӣ дар оила аз ҷумлаи сабабҳое мебошанд, ки вайроншавии оилаҳоро ба миён меоранд.
– Вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта, мо кормандони бахш дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, бо сокинон суҳбату мулоқотҳои вижа анҷом медиҳем. Аз ҷумла, доир ба фарҳанги оиладорӣ, дар муҳлати муайянгардида бастани ақди никоҳ, бетаъхир гирифтани шаҳодатномаи таваллуди фарзанд, тарбияи дурусти кӯдакон тавсияҳои судманд дода мешаванд, - мегӯяд Нодира Музаффарӣ.
Бояд гуфт, ки оила дар фарҳанги рӯзгордории мардуми сарбаланди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардида, ячейкаи аввали давлат ба шумор меравад, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Гузашта аз ин, пешрафт ва ояндаи дурахшони давлат аз оилаи солим ва фарзандони баркамоли он вобаста аст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН