ВАРЗИШИ САБУК

15 апрел 2025, Сешанбе
7
15-ум Ниммарафони байналмилалии Душанбе доир мешавад
19-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт Ниммарафони байналмилалии Душанбе доир мешавад, ки дар он дар баробари варзишгарони тоҷик, инчунин, давандҳо аз кишварҳои хориҷӣ, хусусан бародаршаҳрҳои Душанбе, иштирок хоҳанд кард.
Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97,5 метрро дар бар мегирад, аз назди "Наврӯзгоҳ" шуруъ шуда, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Чорбоғ ва тариқи хиёбони Рӯдакӣ дар майдони Дӯстӣ ба поён мерасад.
МИҲД шаҳри Душанбе барои баргузории Ниммарафон аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 593 040 сомонӣ ҷудо кардааст. Варзишгароне, ки ҷойҳои аз якум то шашумро байни мардон ва занон ишғол мекунанд, бо ҷоизапулӣ сарфароз мегарданд: ҷойи якум – 38500 сомонӣ, ҷойи дуюм – 33000 сомонӣ, ҷойи сеюм – 27500 сомонӣ, ҷойи чорум – 16000 сомонӣ, ҷойи панҷум – 14800 сомонӣ, ҷойи шашум – 11500 сомонӣ.
Инчунин, ба варзишгарони ҳаваскор, ки ба масофаи 5 км медаванд, барои ҷойи якум 7 700 сомонӣ, ҷойи дуюм – 5500 ва ҷойи сеюм 3 300 сомонӣ тақдим мегардад.
Ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2010 доир мегардад ва соли 2014 ба тақвими мусобиқоти Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст.
ФУТБОЛ
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро ҷамъбаст намуд
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозии ниҳоии худро дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ анҷом дод. Дастаи мо дар даври чорякниҳоӣ аз тими Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд.
Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии – 2:2 ба анҷом расид. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра футболбозони Кореяи Ҷанубӣ бомаҳорат буданд – 5:3.
Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 чор бозӣ доир кард. Дар марҳалаи гурӯҳӣ тими мо бар дастаҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Кореяи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ, дастаи наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини бо роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, ба Ватан бармегардад.
ҶУДО
Ду медали варзишгарони мо дар Ҷоми Аврупо
Паҳлавонони навраси кишвар дар Ҷоми кушоди Аврупо оид ба ҷудо, ки 12-13-уми апрел дар Тбилиси (Гурҷистон) доир гашт, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар мусобиқа 340 варзишгар аз 15 давлат ширкат дошт. Ҷумҳурии моро 13 нафар – 12 писар, 1 духтар намояндагӣ кард.
Медалҳоро Ҳайдар Маҳмадшарифов дар вазни -55 кг ва Мадина Қурбонзода дар вазни -52 кг сазовор шуданд. Инчунин, Акрам Акрамов (-81 кг) ҷойи панҷум, Бобоҷон Шарофов (-73 кг) ҷойи ҳафтумро гирифтанд.
БОКС
Муваффақияти варзишгарони навраси кишвар дар мусобиқоти байналмилалӣ
Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон таҳти унвони “Бокс – зидди нашъамандӣ” Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ миёни наврасону ҷавонон доир гашт.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, дар мусобиқа ҷумҳурии моро 13 муштзан зери роҳнамоии мураббӣ Саидхоҷа Маъмуров муаррифӣ карда, 12 медал – 8 тилло, 4 биринҷӣ ба даст оварданд. Медалҳои тиллоро Анӯшервон Сидиқов (35 кг), Дилшод Сиҷаев (37 кг), Ҷалолхон Қосимов (43 кг), Муҳаммадюсуф Шокиров (43 кг), Дамир Назаров (46 кг), Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг), Демян Андриан (49 кг), Беҳрӯз Умаров (50 кг) сазовор шуданд. Ҳадис Ғафуров (55 кг), Беҳрӯз Охунов (48 кг), Самир Назаров (44 кг) ва Шоҳрух Носиров (+70 кг) ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гаштанд.
Дар мусобиқаи Х байналмилалӣ миёни ҷавонон ба хотираи Раҳматуул Парпиев дар Қирғизистон бошад, варзишгарони мо 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ гирифтанд. Медали тиллоро Билолҷон Иксанов (54 кг) ба даст овард. Абубакр Ҳасанзода (48 кг) сазовори медали нуқра, Сӯҳроб Ҳамидов (51 кг), Даниил Фрянов (60 кг), Шоҳрух Шокиров (71 кг) сазовори медали биринҷӣ гаштанд.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 9 варзишгар, 1 мураббӣ ва 1 довар намояндагӣ кард.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.04.2025 №: 72