ЁРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ЗАМИНҶУНБӢ

16 апрел 2025, Чоршанбе
9
15-уми апрел тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ёрии иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.
Хотиррасон менамоем, ки 13-уми апрел, соати 09:24, дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиш дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13-уми апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Комиссияи ҳукуматӣ иборат аз роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминларза ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарардида машғул аст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногун зарар дидаанд.
Ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва рафти расондани кумаки аввалия ба мардуми зарардида таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73