UX/UI ДИЗАЙНЕР КАСБИ ЗАМОНАВӢ БАРОИ ЭҶОДКОРОНИ ОЯНДА

16 апрел 2025, Чоршанбе
14
Дар замони технологияи навин, ки қариб ҳамаи корҳо тавассути интернет ва замимаҳои мобилӣ анҷом меёбанд, касбҳои нав ба нав пайдо мешаванд, ки чанд сол пеш, шояд, бисёриҳо номашонро ҳам нашунида буданд. Яке аз чунин касбҳои муҳими замона UX/UI дизайнер мебошад, ки нақши ин мутахассис дар рушди сайтҳо, барномаҳо ва ҳама гуна платформаҳои рақамӣ ниҳоят бузург аст.
Агар ба хотир орем, ки пештар одамон танҳо ба зебоии сайт ё барнома аҳамият медоданд, имрӯз талабот ба он меравад, ки ин сайт ё барнома на танҳо зебо, балки қулай, фаҳмо ва барои ҳама осон дар истифода бошад. Ҳамин вазифаҳо маҳз ба дӯши UX/UI дизайнер вогузор шудааст, зеро ӯ бо таҳлилу омӯзиш тарҳеро омода месозад, ки истифодаи сайт ё барнома ба одамон сода бошад.
Мафҳуми UX/UI дизайнер аз ду қисми асосӣ иборат аст, ки ҳар кадоме нақши худро дорад ва якҷоя гардидани онҳо натиҷаҳои беҳтарин ба бор меорад.
UX (User Experience) дизайнер шахсе мебошад, ки, пеш аз ҳама, ба таҷрибаи истифодабаранда аҳамият медиҳад ва кӯшиш мекунад, ҳар як корбар ҳангоми истифодаи сайт ё барнома ба мушкилӣ дучор нашавад, зуд роҳи ҳалли худро ёбад, дарёфти маълумот барояш осон бошад ва аз истифодаи ин платформа қаноатманд гардад. Барои мисол, агар мо ба ягон сайт дароем ва зуд наёбем, ки тугмаи сабт ё фармоиш дар куҷо ҷойгир аст, ё чизе мехоҳем пайдо намоем, аммо вақти зиёд сарф мешавад, пас ин маънои онро дорад, ки UX дизайнер кори худро хуб иҷро накардааст.
UI (User Interface) дизайнер бошад, бештар ба намуди зоҳирии сайт ё барнома диққат медиҳад. Яъне, тарзи намоиши рангу шаклҳо, андозаи тугмаҳо, шрифтҳо, услуби расмҳо ва дигар ҷузъиёти визуалӣ кори ӯст.
Ҳангоми кори якҷояи UX ва UI дизайнер на танҳо намуди сайт зебою ҷолиб мешавад, балки истифодаи он низ барои ҳар кас осон мегардад. Ҳамин тавр, UX/UI дизайнер бояд ҳам қобилияти таҳлилӣ дошта бошаду ҳам завқи зебоӣ, ҳам дониши техникӣ ва ҳам эҷодкорӣ, зеро кори ӯ танҳо кашидани нақша нест, балки беҳтар намудани таҷрибаи истифодабаранда ва офаридани муҳити дӯстона мебошад.
Имрӯзҳо бисёр ширкатҳои ҷаҳонӣ барои пайдо кардани UX/UI дизайнерҳои бомаҳорат дар талошанд, зеро мутахассисони соҳа барои рушди бизнес аҳамияти калон доранд. Махсусан, вақте ки интернет чеҳраи аввалини ширкат шудааст, UX/UI дизайнер ҳамон шахсест, ки ин чеҳраро зебо, муфид ва ҷолиб месозад.
Чизи ҷолиб ин аст, ки омӯзиши ин касб ҳатман ба маълумоти олӣ вобаста нест. Имрӯз курсҳо, вебинарҳо ва мактабҳои махсус мавҷуданд, ки метавонанд ҳар шахсро дар давоми чанд моҳ ба мутахассиси соҳа табдил диҳанд. Барои онҳое, ки мехоҳанд дар ин роҳ рушд кунанд, аз худ намудани барномаҳое мисли Figma, Adobe XD, Sketch ва дигар воситаҳои дизайнерӣ тавсия дода мешавад. Инчунин, донистани каме аз кор бо HTML ва CSS низ барои беҳтар фаҳмидани кори барномаҳо ва сайтҳо муфид хоҳад буд.
Маоши UX/UI дизайнер вобаста ба таҷриба, малака ва макони кор гуногун аст, аммо дар ҷаҳон ва дар Тоҷикистон ҳам ин касб тадриҷан серталаб мегардад ва имкониятҳои хуби молиявӣ дорад.
Мисли ҳар касби дигар, дар ин роҳ низ сабру тоқат, меҳнат, омӯзиш ва таҷрибаи зиёд лозим аст, аммо натиҷаи ин заҳмат метавонад ояндаи касбиро пур аз имконият ва рушд гардонад.
Дар замони рақамӣ UX/UI дизайнер на танҳо як касб, балки як воситаи эҷоди ҷаҳонбинии нав, муносибати нав ва муҳити нави рақамӣ барои одамон мебошад.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73