ВМКБ. НАТИҶАГИРӢ АЗ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛ
Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар семоҳаи аввал ва вазифаҳо барои марҳалаи дарпешистодаи соли равон дар машварати васеи назди раиси вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Муовини раиси вилоят Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад зимни гузориш аз ҷумла зикр кард, ки дар заминаи рушди тамоми соҳаҳои хоҷагӣ музди меҳнати кормандон тадриҷан афзуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдшавии музди миёнаи меҳнат дар вилоят 29 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят аз рӯи даромади худӣ ба андозаи 110 фоиз таъмин гардид. Аз ҳисоби даромади худӣ ба буҷети вилоят бештар аз 4 862300 сомонӣ маблағ ворид шуд. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят аз рӯи ҳаҷми умумӣ бо назардошти маблағҳои мусоидати молиявӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ 103,1 дарсад иҷро гардид. Бо изҳори нигаронӣ таъкид шуд, ки дар семоҳа нақшаи андоз аз рӯи ду намуд – андоз аз арзиши иловашуда ва захираҳои табиӣ иҷро нагашт. Ба ғайр аз ноҳияи Ванҷ, ноҳияҳои дигари вилоят ва шаҳри Хоруғ иҷрои сифатноки буҷетро таъмин карда натавонистанд.
Муовини раиси вилоят дар идома таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, хоссатан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодии вилоят ва таҳкими ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд тадбирҳои муассир роҳандозӣ менамояд. Ин аст, ки ҳаҷми воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят рӯ ба афзоиш дошта, ба ҳолати 1-уми апрели соли равон дар доираи амалигардонии 15 лоиҳаи сармоягузорӣ 238,9 миллион доллари ИМА аз худ карда шуд. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузории асосӣ барои соҳаи сохтмон 207,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 98,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 197,5 миллион сомонӣ иҷро шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли пеш 93,8 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ пешравиҳои зиёд ба даст омаданд. Дар маҷмуъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 83,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Муовини раиси вилоят дастовардҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, фарҳангу сайёҳӣ ва шуъбаи кор бо занон ва оиларо қонеъкунанда арзёбӣ намуд.
Раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят зимни гузориш аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рушди диёр, ободониву созандагӣ изҳори сипос намуда, бо камоли эътимод арз доштанд, ки уҳдадориҳои базиммадоштаашонро дар ҳамаи самтҳои фаъолият сарбаландона ба ҷо меоранд ва сокинони шаҳру деҳоти вилоят дар пешрафти кишвари азизамон саҳми худро мегузоранд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоятро мавриди таҳлил қарор дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба камбудиҳои ҷойдоштаи фаъолияташон ҷалб намуд. Аз ҷумла, аз он изҳори нигаронӣ гардид, ки дар семоҳа 31 корхона ва коргоҳҳои вилоят ҳисоботро бо сифр пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ванҷ аз 13 корхона 10-то, Дарвоз аз 15 корхона 6, Мурғоб аз 5 корхона 3 ва Роштқалъа аз 9 корхона 2-тоашон дар ин давра фаъолият накарданд. Инчунин, ҳаҷми маҳсулоти саноатии 15 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Иҷрои сифатноки нақшаи андоз, аз ҷумла аз рӯи ду намуд – арзиши иловашуда (76,8%) ва барои захираҳои табиӣ (78,9%) дар семоҳа таъмин нагардид.
Раиси вилоят ҷиҳати ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави кор, тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти маориф, тандурустӣ, иҷрои дигар нақшаву уҳдадориҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Изҳори бовар карда шуд, ки мардуми сарбаланду меҳнатқарини вилоят бо ифтихори бузурги ватандорӣ, бо муҳаббат ва садоқат сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ намуда, бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ дар таҳкими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, боз ҳам ободу сарсабз гардидани диёри азизамон, пешгирии ҳама гуна зуҳуроту падидаҳои номатлуб, тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар руҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол ва худшиносии миллӣ саъю талоши комил менамоянд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 декабр 2024, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2025