ЧАҲОРБОҒИ НАВРӮЗИИ “ҶУМҲУРИЯТ”
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, дар баробари мактаби мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун будан, ҳамзамон, рисолати хуҷастаи дигар ҳам дорад, ки он таълиму таҳия ва нашри китобҳост. Танҳо дар замони истиқлоли давлатӣ 17 китоб омодаи чоп кардааст, ки ошноӣ бо онҳо ошноӣ бо таъриху фарҳанги миллат маҳсуб меёбад. Аз китобҳои дар 5 соли охир чопшуда ду маҷмуаи мақолаҳо – “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ” дар соли 2021 ва “Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ” дар соли 2024 Китоби соли кишвар баргузида шуданд, ки боз ҳам фараҳафзову ифтихорофаранд.
Танҳо соли 2025, дар остонаи 100-умин солгарди нашр, роҳбарият ва аҳли қалами рӯзнома чор китоби нав “Аз “Иди тоҷик” то “Ҷумҳурият”, “100 сол. Энсиклопедияи "Ҷумҳурият" (1925-2025)", “Ҷумҳурият”: дирӯз ва имрӯз” ва “Дӯстони тоҷикон”-ро нашр намуданд, ки ба масал чаҳорбоғи наврӯзии “Ҷумҳурият” ҳастанд.
Китобҳо бо сарпарастии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», ба нашр расида, маҷмуаҳои муҳими публитсистиву пажӯҳишӣ, таҳлилу баррасиҳои илмиву оммавӣ мебошанд. Ба таври мухтасар ба муаррифии онҳо мепардозем.
1. "100 СОЛ. ЭНСИКЛОПЕДИЯИ "ҶУМҲУРИЯТ" (1925-2025)”
Китоби мазкур армуғони арзишманди кормандони нашрия дар остонаи ҷашни садсолагии рӯзномаи “Ҷумҳурият” буда, зиндагинома ва муҳимтарин лаҳзаҳои фаъолияти муассисону кормандони ин ҷаридаро дар сад сол фаро мегирад.
Энсиклопедияи «Ҷум-ҳурият» на танҳо барои аҳли матбуот, балки барои муҳаққиқони адабиёт, таърих ва фарҳанг низ муфид аст, зеро шахсиятҳои замоне дар “Ҷумҳурият” фаъолиятдошта, баъдан бо масъулияту вазифаҳои гуногун барои фарҳангу адаб ва сиёсати мо хидмат кардаанд. Барои мо ҷои ифтихор аст, ки нахустин коргоҳ, парвозгоҳ ва майдони обутоби хомакашони номваре ба мисли Садриддин Айнӣ, Аббос Алиев, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Соҳиб Табаров, Аминҷон Шукӯҳӣ, Нур Табаров, Мутеулло Наҷмиддинов, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва садҳо шахсиятҳои шинохтаи миллат будааст.
Китоб дар чопхонаи “ЭРграф” соли 2025 дар ҳаҷми 368 саҳифа ба табъ расида, шумораи чоп 300 нусха аст.
Муҳаррири масъул Қурбоналӣ Раҳмонзода, фароҳамсозон Абдулқодири Раҳим, Умаралии Сафаралӣ ва муҳаррир Шафоатилло Шокиров мебошанд.
Тарроҳ Наргис Розиқова ва масъули чоп Зафар Ҳасанов.
2. “АЗ “ИДИ ТОҶИК” ТО “ҶУМҲУРИЯТ”
Хомакашони рӯзнома ба ифтихори 100-солагии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” тасмим гирифтанд, ки маҷмуаи мақолаҳои гулчиншударо рӯи чоп оранд. Ҳамин тавр, “Аз “Иди тоҷик” то “Ҷумҳурият” рӯи даст омад. Муҳаррири масъули он Қурбоналӣ Раҳмонзода ва фароҳамсоз Қурбон Мадалиев.
Маҷмуи мақолаҳо дар чопхонаи “ЭРграф” соли 2025 дар ҳаҷми 336 саҳифа ба табъ расид.
Маҷмуа дар бораи роҳи садсолаи рӯзнома ва лаҳзаҳоеро аз ҳаёти ибратбахш ва эҷодиёти мондагори чанде аз кормандони он ҳикоят мекунад.
3. “ҶУМҲУРИЯТ”: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ”
Китоб бо сарпарастии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», ба нашр расида, маҷмуи пажӯҳишҳои илмӣ, таҳлилу баррасиҳои илмиву оммавии ду олими шинохтаи тоҷик Аъзамҷон Азимов, Мурод Муродиро доир ба фаъолияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар марҳалаҳои гуногун фаро гирифтааст.
Аз ҷумла, мақолаҳои “Рӯзномаи миллии «Иди тоҷик» («Ҷумҳурият») дар мизони таърих”, “Аз «Иди тоҷик» то иди «Ҷумҳурият», «Тоҷикистони сурх» ва фарҳанги ватанпарварӣ”, «Ҷумҳурият» ва проблемаҳои ҷаҳонишавӣ” (муаллиф А. Азимов), “Нигоҳе ба як соли фаъолияти “Ҷумҳурият”, Президент – муассиси нашрияи «Ҷумҳурият», «Ҷумҳурият» ва раванди ваҳдатсозии матбуоти даврӣ”, “Иқдоме, ки пайравӣ мехоҳад” ва "Шоми шанбе"- падидаи нав дар журналистика” (муаллиф М. Муродӣ) асли ин китобанд.
4. “ДӮСТОНИ ТОҶИКОН”
“Дӯстони тоҷикон” маҷмуаи мақолаҳои Бузургмеҳри Баҳодур аст, ки ҳамчун самараи фаъолияти даҳсолааш дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» пешниҳод гардид ва он низ бо сарпарастии нашрияи мазкур соли 2025 рӯи чоп омад.
Дар ин китоб ховаршиносону мутафаккирони барҷаста, низомиёну дипломатҳо ва таърихшиносону адибони номвари дунё доир ба номвожаи “тоҷик”, миллати тоҷик, Тоҷикистон ва асолати баромади ин миллат пажӯҳишҳои алоҳида бурда, назар додаанд. Аз корномаи тоҷикшиносии Элфинстон, Хаников, Вамбери, Мейендорф, Бартолд, Андреев, Шишов, дар маҷмуъ, 40 шахсияти номвари дунё дар ин китоб баҳс меравад.
Сарсухани китоб ба сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода тааллуқ дошта, муҳаррирони масъул Субҳони Аъзамзод ва Муҳаммадуллоҳи Табарӣ мебошанд. Дар чопхонаи «Шарқи озод» нашр гардидааст. Ороишгари он Фирӯзи Алишер аст.
Б. БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.04.2025 №: 74
