БАДАХШОН. ТАЪМИНОТИ МАВОДИ ХИМИЯВӢ ҲАЛЛИ БЕТАЪХИР МЕХОҲАД!

18 апрел 2025, Ҷумъа
5
Дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ дар ВМКБ маркази таъминоти маводи химиявӣ барои нест сохтани ҳашароти зараровари хоҷагии қишлоқ амал мекард. Ин марказ бо техникаи дорупош ва маводи химиявӣ таъмин буд. Дар ҳамаи ноҳияҳо баҳору тирамоҳ ба боғот дору мепошиданд. Ҳатто фишори дорупошакҳо барои баландтарин дарахтон низ дастрас буд. Аз фишори баланд пӯсти куҳнаи дарахтон канда шуда, ҳашароти зери пӯст нобуд мегардид.
Маҳз чунин равиши пайвастаи кор буд, ки дарахтон аз ҳашароти зараровар эмин буданд ва умри зиёд медиданд. Бо мурури замон ин идораи манфиатовар барои хоҷагии қишлоқ аз байн рафт ва дигар касе то ҳанӯз дар фикри эҳёи он нест. Дар натиҷа, имрӯз боғу киштзорон ҷойи зисти ҳашароти зараровар гардида, ҳамасола ҳосили зиёдро талаф медиҳанд. Аз ин лиҳоз, соҳибкорон дастранҷи деҳқононро бо нархи паст мехаранд, ки аз ин деҳқонон фоидаи дилхоҳ намегиранд.
Чунин ҳолат бештар аз ҳама дар боғоти себ ба мушоҳида мерасад. Имрӯз механизме мавҷуд нест, ки то баландии 20-30 метр дору пошад. Маҳз аз ҳамин сабаб, аз зарари ҳашарот ҳатто беду сафедор ҳам рӯ ба хушк шудан овардаанд.
Ин қазия чанд сол пеш дар навоҳии Раштонзамин ҳукмфармо буд. Мардум дар мубориза бо ҳашарот оҷиз монданд, ки дар натиҷа боғоти себҳои шаҳдбори ин водӣ хароб гардида, ба хоҷагиҳо зарари калони иқтисодӣ расид. Барои барқарор кардани боғ бошад, зиёда аз панҷ сол заҳмат кашидан мебояд, то аз он ҳосили дилхоҳ ба даст ояд.
Ба андешаи боғпарварон, сол ба сол дар боғот, алалхусус дар боғи себ, касалиҳои гуногун пайдо мешаванд, ки ин оқибати хуб надорад. Пайдо шудани ҳашароти зараровар ба рушди соҳаи боғдорӣ монеаи ҷиддӣ мегардад. Алалхусус, дар ноҳияи Ванҷ, ки соҳаи боғдорӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва себи шаҳдбораш дар бозор талаботи зиёдро дорост.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, дар ноҳия ҳашароти зараровар дар боғҳо, аз қабили ширинча, ширинчаи хунин, кирми себ, мӯр, тортанак, паша ва дигар намуди касалиҳо мавҷуд аст, ки ниёз ба коркарди илмӣ доранд. Бар замми ин, ба роҳ мондани корҳои дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ барои боғдорон аз фоида холӣ нест. Имрӯз барои боғпарварон муҳим он аст, ки усулҳои мубориза бар зидди ҳашарот ва истифодаи дурусти заҳрхимикатҳоро донанд. Агар ин идораи фавқуззикр таъсис ёбад, метавонад чунин масъулиятро бар уҳда бигирад ва боғҳоро низ аз хатари нобудшавӣ нигоҳ дорад...
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор
Санаи нашр: 18.04.2025 №: 75-76