РАҚАМИКУНОНӢ ВА ИННОВАТСИЯ. АҲАМИЯТИ ХОСТАҲОИ ҲУКУМАТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Таври маълум, Тоҷикистон дар масъалаи рақамикунонии иқтисодиёт, аз ҷумла инноватсия ё технологияи инноватсионӣ, ки асоси пойгоҳи низоми рақамикунонии иқтисодиёти миллии кишвар ба шумор меравад ва низоми гузариш ба ин ҳадафро фароҳам меорад, корҳои назаррасеро ба сомон мерасонад.
Бояд гуфт, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ ва гуногунии шаклҳои моликият технологияи инноватсионӣ ва рақамикунонӣ воситаи хуби татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ба шумор рафта, истифодаи дурусти он рушди бесобиқаи иқтисоди миллиро низ таъмин менамояд.
Бо назардошти аҳамияти хосса касб намудани соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи имкониятҳои он, инчунин, ба таври васеъ дар истеҳсолот истифода намудани натиҷаҳои илмию инноватсионӣ, дар ҷумҳурӣ дар заминаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) таъсис ёфтанд, ки механизми маблағгузории корҳоро вобаста ба роҳандозӣ кардани инноватсия дар истеҳсолот фарогир мебошанд. Паркҳои технологӣ дарки технологияҳои рақамиро аз ҷониби аҳолӣ баланд бардошта, ба коҳиш ёфтани хароҷоти маъмурии хизматрасонии давлатӣ, инкишофи бахши хусусӣ дар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди сатҳи истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷониби соҳибкорон, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ мусоидат мекунад.
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва инноватсионӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла роҳандозии ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ, таъмини интернети фарохмавҷ ба шумор меравад. Айни замон дар Тоҷикистон теъдоди истифодабарандагони фаъоли алоқаи мобилӣ ва интернет батадриҷ зиёд гардида, имконияти бузурги рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва тавассути он рушди маҷмуии ҷумҳурӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар маҷмуъ, вусъатбахшии раванди татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои ҳарчи зудтар ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ ё стратегии давлат мусоидат хоҳад намуд.
Истилоҳи «инноватсия» солҳои охир дар иқтисодиёти Тоҷикистон васеъ истифода бурда мешавад, аммо дар адабиёти илмӣ ба таври гуногун маънидод гардидааст. Аслан, инноватсия ё навоварӣ (аз калимаи англисии innovation) – ихтироъ ё идеяи наве, ки дар амал ба кор гирифта шавад ва арзишафзо бошад, фаҳмида мешавад. Он натиҷаи ниҳоии фаъолияти зеҳниву ақлонии инсон, самараи тахайюлу эҷод ва бозёфту кашфиёти ӯ мебошад. Мисоли рӯшани навоварӣ ё ба истилоҳ “инноватсия” ин ворид кардани маҳсулоти дорои мазмуни нави истифодабарӣ, ё такмили сифату самаранокии истеҳсолоти мавҷуда аст.
Технологияи инноватсионӣ бошад, маҷмуи усулу воситаҳоест, ки ба амалишавии навоварӣ мусоидат мекунад. Ҷараёнест, ки дар натиҷаи он маҳсулоти нав офарида мешавад.
Дар яқ қатор сарчашмаҳо инноватсия ҳамчун раванд баррасӣ мегардад. Аммо истилоҳҳои «инноватсия» ва «раванди инноватсионӣ» ба ҳамдигар наздик бошанд ҳам, якмаъно нестанд. Раванди инноватсионӣ - раванди эҷод ва интишори навовариҳо мебошад.
Хулоса, раванди босуръати илму инноватсия ва истифодаи дурусти технологияи рақамӣ ва татбиқи он дар ҳамаи бахшҳои соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат метавонад кишвари моро ба низоми иқтисоди рақамӣ барад ва рушди босуботи иқтисоди миллиро таъмин намояд, ки дар натиҷа ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати кишвар амалӣ гардида, ба ин васила, сатҳи камбизоатӣ паст шуда, истиқлоли воқеии иқтисодиёти мамлакат ба даст оварда мешавад.
С.А. ИСМОИЛЗОДА,
муовини сардори раёсат – сардори
шуъбаи аудити дохилии раёсати аудити
дохилӣ ва назорати молиявии АСИН-и назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
муовини сардори раёсат – сардори
шуъбаи аудити дохилии раёсати аудити
дохилӣ ва назорати молиявии АСИН-и назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН