ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ ВА АФЗАЛИЯТИ ОН

18 апрел 2025, Ҷумъа
19
Имрӯз пешрафт ва тараққиёти ҷаҳон собит менамояд, ки коҳиш додани гардиши пули нақд ва тавсеа ёфтани пардохтҳои ғайринақдӣ, пеш аз ҳама, таъмини амнияти молиявӣ буда, боварии мардумро ба низоми бонкӣ, рушди фаъолияти пурсамари молиявӣ зиёд мекунад.
Дар асоси ин гуфтаҳо ва бо назардошти омилҳои рушд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар рушди иқтисодиёти муосири миллӣ раванди пардохтҳои ғайринақдӣ нақши муҳим ва муассир доранд. Он фаъолияти пурсамари системаи молиявиро таъмин карда, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.
Ин масъалаи муҳим, яъне ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ 28-уми декабри соли 2024 дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки бо фарогирии масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии мамлакат, таҳлили фаъолият ва вазифагузориҳо бо мақсади таҳкими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷиҳати рушди устувор ироа гардид, таҳлили амиқ ёфт. Дар Паём таъкид шуд: “... То охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.
...Ин яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад”.
Гуфтан ҷоиз аст, ки пардохти ғайринақдӣ, пеш аз ҳама, ба шаҳрвандон фароҳам овардани роҳи осон ва мувофиқ баҳри сарфаи вақт, кам кардани хароҷот ҳангоми иҷрои амалиёт ва дигар масъалаҳои молиявӣ барои пешбурди ҳисоббаробаркунӣ мебошад. Гузариш ба ин низом барои устувории иқтисодӣ муҳим буда, пеш аз ҳама, омилҳои коррупсиониро коҳиш медиҳад. Инчунин, маърифати шаҳрвандонро ҷиҳати истифодаи технологияи пешрафта, ки барои осонии амалиёти молиявӣ роҳандозӣ гардидааст, сайқал медиҳад.
Дар заминаи Паёми Сарвари давлат 22-юми июни соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба имзо расид, ки тибқи он аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ (хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешаванд.
Солҳои охир чунин раванд имкон дод, ки шаҳрвандон бо донишҳои муосири техникиву инноватсионӣ мусаллаҳ гардида, ба хизматрасонии босифати бонкӣ, рушди технологияи мобилӣ ва барномасозӣ дастрасӣ дошта бошанд.
Шоҳсанам ҒОЗИЕВА,
магистранти Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
Санаи нашр: 18.04.2025 №: 75-76