ВМКБ. ТАНЗИМ ҲАНӮЗ ТАНЗИМ МЕХОҲАД!

22 апрел 2025, Сешанбе
18


Моҳи июни соли ҷорӣ аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ҳаждаҳ сол пур мешавад. Ҷараёни иҷрои Қонун дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷаласаи васеи комиссияи доимии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва ходимони дин (9-уми марти соли 2024) корҳоро дар ин ҷода боз ҳам вусъат бахшид. Дар ин мулоқоти хотирмон мудирони шуъба ва бахшҳои дин, танзими ҷашну маросим ва ходимони дини шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, баъдан вобаста ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бо мардум суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.
Дар партави мулоқоти мазкур гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Абдулназар Абдулназарзода дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯрданд. Зимни мулоқот маълум гардид, ки на ҳама, бахусус ҷавонону наврасон, бо муҳтавои ин Қонун шинос ҳастанд. Бахусус, дар ҷамоатҳои деҳоти Рованд, Техарв ва Язгуломи ноҳияи Ванҷ дар ин самт камбудиҳои зиёд ба назар мерасад. Ҳодисаҳои чанд соли пеши дар деҳоти Язгулом рухдода далели онанд, ки ин водӣ аз доираи назари мақомоти давлатии ноҳияи Ванҷ дар канор монда, қисмати зиёди чорабиниҳо ва вохӯриҳои сатҳи гуногун ба таври рӯякӣ гузаронда шудаанд. Ин ва дигар омилҳо боис гардидаанд, ки бисёре аз сокинони деҳот зери таъсири таассубу хурофот қарор гиранд. Хушнудона, бо дахолат ва чораҷӯйиҳои раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот камбудиҳои зиёд рафъ гаштанд. Вале дар ин самт ҳанӯз корҳои зиёдеро анҷом додан зарур аст.
Дар баромади мудири шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими вилоят Шамшербек Ҷӯрабек зикр гардид, ки дар фаъолияти шуъбаи дин ва ҷашну маросим, сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳои доимии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои қонунгузории кишвар вобаста ба танзими ҷашну маросим камбудиҳо зиёданд. Масалан, давоми соли гузашта аз ҷониби ин комиссияҳо дар қаламрави вилоят 5 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят бошанд, тайи ин давра дар ин самт 12 қонуншиканиро ошкор намуданд. Ин маънои онро дорад, ки ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шуъбаҳои дин ва танзими ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои доимии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо ба таври лозимӣ роҳандозӣ нашудааст.
– Гурӯҳи кории Ҳукумати ҷамҳурӣ дар як санҷише, ки вобаста ба иҷрои Қонуни мазкур дар шаҳру навоҳии вилоят гузаронд, камбудиҳои зиёдеро ошкор намуд, – бо нигаронӣ зикр кард муовини раиси вилоят Абдулназар Абдулназарзода дар ҷараёни баррасии масъала. – Ин камбудиҳо далели онанд, ки комиссияҳои доимӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва идораву муассисаҳо фаъолияташонро тибқи талабот ба роҳ намондаанд. Дар гузарондани маъракаҳои мотам ва хурсандӣ, баъзан, қонуншиканиҳо ба мушоҳида расида бошанд ҳам, комиссияҳои доимӣ ба ин воқеият аз паси панҷа нигоҳ мекунанд. Рейдҳои муштарак бо дигар сохторҳои марбута, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма, кам гузаронда мешаванд. Ҳуҷҷатгузорӣ дар аксари бахшҳои дин ва танзими ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот беҳбуди ҷиддиро тақозо дорад.
Мудири шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими вилоят изҳори нигаронӣ кард, ки қисмати зиёди комиссияҳои танзими ҷашну маросими идораву муассисаҳои вилоят ҳисоботи нимсолаю солонаро ба шуъба манзур накардаанд. Яке аз сабабҳои асосии камбудиҳо дар бахшҳои дин ва ҷашну маросими ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ин тез-тез ивазшавии кадрҳо мебошад. Бахусус, ин ҳолат дар бахшҳои дин ва танзими ҷашну маросими ноҳияҳои Ванҷ, Роштқалъа ва Шуғнон ба назар мерасад.
Намояндаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят зимни баромад гуфт, ки сабаби даст задан ба қонуншиканӣ дар баргузории тӯю дигар маъракаҳо ба паст будани донишҳои ҳуқуқӣ алоқаманд аст. Вобаста ба ташвиқу тарғиби қонунҳои амалкунанда ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба онҳо алоқаманд корҳои зиёде аз ҷониби масъулони ин ё он ниҳоди давлатӣ роҳандозӣ мегарданд, аммо бо сабаби иштироки теъдоди ками аҳолӣ, бахусус ҷавонон, онҳо самараи дилхоҳ ба бор намеоранд.
Муовини раиси вилоят Абдулназар Абдулназарзода дар охири ҷаласа диққати раисони комиссияҳои доимии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои дин ва танзими ҷашну маросим, дигар сохторҳои марбутаро ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ҷалб кард.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.04.2025 №: 78