ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛ
16-уми апрел дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар семоҳаи аввали соли равон баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки аҳли заҳмати вилоят, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баён намуданд, чораҷӯӣ карда, дар натиҷа рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар моҳҳои январ-марти соли равон бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин маълумот дод, ки дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 6,2 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди ҷумҳурӣ 20,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҷаласа раиси вилоят аз масъулони ниҳодҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҳалли саривақтии масъалаҳои мубрамро тақозо намуд.
Давлаталӣ Саид афзуд, мо – фаъолон ва аҳли заҳмати вилоят бовари комил дорем, ки ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини сифатноки барномаҳои маҳаллию соҳавӣ, вусъати корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда, баҳри таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят тадбирҳои заруриро амалӣ менамоем.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ЭРОН. ҲАМОИШ БА ЁДИ УСТОД АЙНӢ
Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон, бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо маҷаллаи маъруфи эронии «Бухоро» ба ифтихори зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ва нашри китоби шашҷилдаи «Ёддоштҳо» таҳти унвони «Шаби Садриддин Айнӣ ва «Ёддоштҳо»-и ӯ» маҳфил баргузор гардид. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар додааст.
Бино ба тавзеҳи манбаъ, зимни ифтитоҳи маҳфил сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶИЭ Низомиддин Зоҳидӣ таъкид намудааст: “Устод Садриддин Айнӣ бузургтарин адиб ва забоншинос, таърихнигор ва таърихсози миллат, аллома ва сарвари нахустини Академияи илмҳо, маорифпарвар ва фарҳанггустари қарни бистуми Тоҷикистон буд. Талошҳои фидокоронаи устод Айнӣ барои исботи ҳастии маънавии миллати тоҷик, таълифи осори миллатсозе, мисли «Намунаи адабиёти тоҷик», дар марҳалаи сарнавиштсози таърихи тоҷикон ва саҳми беназираш дар рушди илму адабу фарҳанги Тоҷикистон боис гардиданд, ки ӯ ба унвони поягузори адабиёти навини шӯравии тоҷик ва падари маънавии миллат шинохта шавад ва аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадр гардад».
Зикр шуд, ки мероси мондагори адабиву адабпажӯҳӣ ва таърихиву фарҳангии Айнӣ, барҳақ, мазҳари ҳувияти маънавӣ ва таҷаллии дастовардҳои адабу фарҳанги тоҷикон маҳсуб мешавад. Устод Айнӣ нахустин нависанда ва шахсияти боризи фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки мавриди таваҷҷуҳи амиқи муҳаққиқону пажӯҳишгарони эронӣ қарор гирифта буд.
Дар маҳфил донишмандони эронӣ Асғари Додбеҳ, Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Муҳаммад Ҷаъфарии Қанавотӣ, Ҳасани Қарибӣ, Мустафо Бобохонӣ ва пажӯҳишгарони тоҷик Абдунабӣ Сатторзода ва Равшани Раҳмонӣ (бо тариқи видеоӣ) роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва осору фаъолияти адабии устод Садриддин Айнӣ сухан гуфта, хидматҳои бузурги фарзанди фарзонаи тоҷикро дар рушди забон, адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон ва нақши осори ӯро дар ҳифзу идомаи пайвандҳои адабии ду кишвари ҳамзабон таъкид карданд.
Низомиддин Зоҳидӣ нашри нави “Ёддоштҳо” бо хатти арабиасоси форсиро дастоварди таҳиягар Мустафо Бобохонӣ ва умуман, айнишиносии эронӣ хонд ва нақши онро дар тақвияти беш аз пеши таомулоти адабиву фарҳангии деринаи Тоҷикистону Эрон таъкид кард.
Дар поёни маҳфил маросими рӯнамоии нашри нави “Ёддоштҳо”-и устод Садриддин Айнӣ доир шуд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
ҚИРҒИЗИСТОН. ГИРОМИДОШТИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
15-уми апрел дар Мактаби таълимоти умумии рақами 15-и ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, бахшида ба 147-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, адиби забардасти тоҷик устод Садриддин Айнӣ маҳфили гиромидошт баргузор гардид.
Дар он омӯзгорон, намояндагони ташкилотҳои давлативу хусусӣ, падару модарон ва меҳмонон иштирок карданд. Дар ин бора мудири Мактаб Манзура Ҳасанхӯҷаева хабар дод.
- Мактаби мо даҳсолаҳо ба ин сӯ номи Садриддин Айниро дорад ва ин боиси ифтихори мо, тоҷикони ноҳияи Қадамҷо аст. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва маҳфилҳои адабӣ-бадеӣ дар мактабамон ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин чорабинӣ дар мавзуъҳои “Шарҳи ҳоли устод С. Айнӣ”, “Шуҳрати ҷаҳонии Садриддин Айнӣ ҳамчун адиб ва муҳаққиқ”, “Садриддин Айнӣ ва рӯзноманигорӣ” ва “Бузургон дар бораи Айнӣ” маърӯзаҳо ироа гардид. Инчунин, хонандагони мактаб аз эҷодиёти устод С. Айнӣ шеърҳо қироат карданд. Дар идомаи маҳфил хонандагони синфҳои болоӣ аз намоишномаи “Марги судхӯр” саҳнаеро манзур намуданд, - иброз дошт директори Мактаб.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошкент
Санаи нашр: 22.04.2025 №: 78
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН