ЗАФАРОБОД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР НОҲИЯ
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бо руҳбаландӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинанд, зеро ин сана на танҳо рӯзи хоссаи давлатдории миллист, балки башоратдеҳи марҳалаи тозаи рушди сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мебошад.
Ин аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар вазифадор гардиданд, ки ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намоянд. Аз ҷумла, сохтмони иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, мактабҳо, беморхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншоот дар ҳоли бунёд ва навсозӣ қарор доранд. Дар шаҳру навоҳии кишвар ободонии маҳалҳо, шанбегиҳо, сабзкорӣ, чароғонкунии кӯчаҳо ва гулкорӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вусъати тоза гирифтааст.
Мардуми сарбаланди ноҳияи Зафаробод низ дар доираи омодагиҳо ба ин Ҷашни бошукӯҳ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшидаанд.
Бино ба иттилои муовини раиси ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо дар ҳаҷми 590 банд ба маблағи 112 миллиону 706 ҳазор сомонӣ бо таъсиси 776 ҷойи корӣ тасдиқ шудааст. Дар солҳои 2022, 2023, 2024 ва семоҳаи аввали соли равон аз 590 банди нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида 472 банди он ба маблағи 111 миллиону 893 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, 635 ҷойи кор таъсис ёфт, ки 80 фоизи нақшаи тасдиқгардидаро ташкил медиҳад.
Дар назар аст, ки давоми соли ҷорӣ дар кӯчаҳои Шоҳроҳ, Туғрал, Бобоҷон Ғафуров, Навбунёди деҳоти Ҷомӣ, кӯчаҳои Зарафшон ва Наврӯзи деҳаи Орзуи деҳоти Равшан хатти оби нӯшокӣ кашида шавад. Насби трансформатор дар деҳаи Навбаҳор, шағалпӯш кардани маҳаллаҳои навбунёди деҳаи Бахт низ аз иқдомоти амалишаванда дар соли равон мебошанд.
Бешак, Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рамзи иттиҳоду ягонагии миллат, нишонаи заҳмату талоши халқи тоҷик барои бунёди ҷомеаи ободу пешрафта мебошад. Ба ин Ҷашн бояд бо эҳсоси баланди масъулият, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ омодагӣ дид.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.04.2025 №: 78
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН